Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Писар аз ин муносибати падар он қадар наранҷиД. Ҳарчанд, ки аз хона, аз пӯшоку хӯрок ва аз ҳама муҳи- маш аз меҳрубонии модари ба ҷон баробар маҳрум шу- дан андӯҳовар ва ғамангез буд. Писар, ҷавони миёна- қад, логарандом, ходими газетаи вилоятии ҳизб буд. Ӯ гоҳо ҷои хоби худро дар клуби тӯда ва гоҳо таомашро аз хонаҳои ҳаммаслаконаш мегузаронду мехӯрд, ки ӯро чун фарди фидои мардум дӯст медоштанд. Аз миён як моҳ гузашт. Боре писар бегоҳон аз кор бармегашт, ки аз қафо овози падарро шунида, бозистода монд.

— Ин ҷо биё,— гуфт падар ва қадам ба ҷониби май- када ниҳод.— Туро мегӯям, ин ҷо биё.

Писар аз паси падар ба майкада даромад ва ҳайрон буд, ки чаро ӯ вайро ба ин ҷо даъват менамояд. Зеро медонист, ки ӯ наменӯшед. Вале тааҷҷуби ӯ боз беш- тар афзуд, вақте ки падар пешхизматро ба назди худ хонду ду қадаҳ май ва барои газақ таоми думбалоп фар- муд. Чун таому шароб омад, ишора намуд, ки писар нӯшад..

— Дар хона ҳама пазмони туанд. Наход аз ҳамаи мо, аз худои таоло ҳизби бехудоён барои ту аъло бошад? Гӯй, ки ба худо бовар дорӣ, дари хонаам ба рӯи ту боз. Ба худо боварӣ дорӣ ё не?

— Не! — ҷавоб шуд аз писар.

— Пас киро мешиносӣ?

— Ленинро.

— Ленин худои туст?

— На. Ленин раҳнамои ман аст,— ҷавоб дод писар.

Падар силие ба баногӯши писар заду ба қафои худ нигоҳе накарда баромада рафт. Дигар онҳо ба ҳам рӯ ба рӯ нашуданд. Даме, ки қувваи иртиҷоюн ба ошӯб омаду ҳизби тӯда торумор ва аъзоёнаш гирифтори таъ- қиб шуданд, писар ба ватани дуюми худ Иттифоқи Со- ветӣ паноҳ овард, граждании советиро қабул намуд ва ба сафи Партияи Коммунистӣ дохил шуд. Медонед ӯ кист? Мухбири махсуси газетаи «Тоҷикистони Советӣ», журналист, муаллифи достону ҳикоёти «Нозанин», «Ноз ва ғазаб», яке аз ду муаллифони «Шаҳло» ва «Шаҳло ва Шафо», «Имзои шахсӣ» Аскар Ҳилолиён аст.

Котиби комитети шаҳрии партия барои рисолаш ин дам материалҳои роҷеъ ба пропаганда, дӯстии бародаронаи халоиқро дида мебарояд. Ба кори пурсамараи комитети партиявии шаҳри Ленинобод комёбиҳо орзу менамозму котиби онро мегузорем, ки навиштани рисолаашро идома диҳад. Мову шумо, хонандаи азизи ман, ҳиссае аз қиссаи шаҳри Ленин ва одамони онро дар ин ҷо ба поён мерасонем. Аминам, ки ҳеҷ кас барои ин вассофиам нисбати маскану маъвопарастӣ ба ман намсдиҳад. Зеро Ватани ман аз Майдони Сурхи мубораку муқаддаси Москва, ки дар он мақбараи В. И. Ленин ҳаст, сар шуда то ба шаҳри ман Леринобод тӯл мекашад. Шаҳри ман ҷузъест аз кул, гулест аз гулзоре, ки номи бошарафаш Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ.

Солҳои 1966—1969.

пешина
аз 447