Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Ҳамон табибҳо дору гуфта хорпушт, лойҳӯраку балою бадтарҳон дигарро мехӯронанд. Яктаашро хӯред, осмон омада ба замин намечаспидагист охир.— ҳам талабу ҳам дархост намуд зани ӯ ба миён фуромада.— Гиред, бечораи бача ҳеҷ кас нагуфтаю намонда, ғами шуморо хӯрда, ба доруфурӯш гап маъқул карда, овардаасту шумо бошед...
— Гапи ту ҳам маъқул,— нонвой як пулакчаи доруро «бисмилло, шифо шавад» — гӯён бо об фурӯ бурд ва пули доруро дод.
— Агар дарди сарам равад, писарам, пагоҳ ба нопушта чор дона нони равғанин бепул,— ваъда кард ӯ.
Аммо панҷ донаи боқимондаи пулакчаи доруро нагирифт.
— Баъд мегирам. Аввал бинам, ки чӣ хел фоида мекунад,— ба ман тасаллӣ дод ӯ аз ранҷиданам пай бурда.
Вақте ки аз ҳавлии нонвой мебаромадам, зани ӯ дар ғуломгардиш маро боздошта, доруро гирифт.
— Ин табибу тӯраҳои худозадагӣ, ки худашон гӯшти харро ба ҳалолӣ бароварда мехӯранд, каллаи ҳамаро гаранг мекунанд. Дору будан баъд, ҳамааш як гапдия, ҳалолу ҳаромаш чист? — гуфт ӯ.
Дарди сари нонвой фурсати ягон ҷой нагузашта, рафъ шуда, занашро давондааст, ки боқимондаи доруро аз ҳавлии мо гирифта равад. Вале занаш онро аз киса бароварда дода гуфтааст:
— Турфа одами ношукр шумо. Ман аз дасти вай гирифта монда будам.
Пагоҳии рӯзи дигар духтарчаи нонвой чор дона нони гарми ҳавраш баромада истодаро ба рӯи остинҳояш гирифта, тозон овард. Падарам аз воқеа хабардор шуда, «баракалло писарам, кори савоб кардӣ» — гӯён кирдори маро пазируфт. Ман аз ин шод мешудам, ки ба шарофати дору дарди сари ҳамсоя бозмонд ва падарам ба ман таҳсин гуфт.
Бобоамаки бечора, ба хаёлам, ё соли ҳазору нӯҳсаду ҳаждаҳ ё нуздаҳ мурду, чунон ки мегуфтанд, ғаму алами оламро бо худ бурд. Аз ёдам намеравад, дар дами дари ӯ амини маҳаллаамон истода, ба зани Бобоамак, ки дар паси дар буд, мегуфт:
— Рӯзи одам буд шудан баъд, рӯзи кӣ катӣ зиндагӣ кунад? Худо раҳмат кунад, амакам одами хуб буданд.

пешина
аз 447
навбатӣ