Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
сӯзаниву қолинҳои ороишро ба девор меовехтанд. Симҳои электрик мекашиданд. Чанде аз онҳо ҳам вохӯрӣ менамуданду хуш омадиян мегуфтанд, ки Нурмуҳаммад ба ман рӯй овард:
— Халифаатон илтимос мекунад, ки як ба тӯйхона дароед.
— Супориши халифа бошад, ба ҷону дил,— гуфтам,— он касро хеле боз надидаам, муборак бод ҳам кардан даркор.
— Албатта-албатта. Аз омадани шумо ҷудо хурсанд шуд, канӣ, марҳамат,— Нурмуҳаммад ба пеш гузашта, маро ба тӯйхона, яъне ба хонае, ки арӯс оварда мешавад, сар карда даровард. Дар пойгоҳ халифаи меҳрубонам дар мактаби отунбибӣ — Хайринисо шукуфону хандон меистод, ки ба пешвозам, чунон ки мегӯянд, пар-паррон омад.
— Ассалому алайкум, домулло. Саломат ҳастед?
Қелинпошшою бачаҳотон нағз-мӣ? Оббо домуллое, ҳайрият тӯйи мо будааст, ки ба ин тараф меомадаест. Нури дида.— Хайринисо баокубатона вохӯрӣ кард ва ангуштонашро ба чашм молид ва даст ба сандуқи дил ниҳода, ба гузашта нишастан таклиф намуд: — Шумо одами серфарзанд. Набераҳо ҳам бисёр будагистанд.
Аз боло гузашта як фотиҳа дода ҳезЕД. Илоҳӣ Ғуломҷони ман ҳам шумо барин донаи бобаракат шавад.
Боло баромадаравон чашмам ба се ҷониби хона афтод, ки сӯзанииҳои гуногун овехта шуда буданд. Вале сӯзании расми Ленин, ки пеши тамоми як таҳмони калонро гирифта буд, диққати ҳар каси ба ин хона даромадаро ба худ мекашид. Ман дарҳол фаҳмидам, ки ин асари Хайринисои чевар аст. Ман, ки қалами тӯппиҳои бисёри вай дӯхтагиро мекашидам, бахъяи вайро шинохтам.
— Ин сӯзаниро худи шумо дӯхтед? — пурсидам аз тамошои сурат чашм канда натавониста. Ҷавоб нашуд.
Сар ба сӯи Хайринисо тофтам. Чинҳои дар ҷабин ва гӯшаҳои чашмону даҳони ӯ, ки ҳамин ҳозир мушоҳида менамудам, гӯё ноаён шуданд. Аммо ду ҳусни зиёдии ҳанӯз аз айёми бачагӣ бароям «иноси ду домани рӯи ӯ ҷавониашро дар пеши назарам ҷилвагар намуд. Дар чашмони духтаронаи дурахшон ва шаҳлои ӯ аломати ифтихор ҳувайдо буд.
— Қалами сӯзаниро кӣ кашид? — пурсидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё