Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кабоби танӯрипаз, Тӯхтабои мастоваю Мири ошпаз буданд. Ҳамонҳо ҳоли ҳам саломат-мӣ?

Баъди ин ки аз он чор тан дар қайди ҳаёт будани фақат Мири ошпазро гуфтам, марди қоқина даст ба зону зада оҳ кашид:

— Ин дунёи бебақо ба ҳеҷ кас вафо намекардааст-дия! Дасти онҳо чи хел бамазза буду... — сар ба ду тараф ҷунбонда надоматкунон пичиррос зада ҷиҳо хонду даст ба рӯй кашид.— Худо ҷояшонро ҷаннат карда бошад. Файзу баракати шаҳратон аз ҳамонҳо зиёд буд...

Аммо як марди дигар, ки дар фарбеҳӣ аз Қулматбой андӯҳе сабуктар менамуд ва то ин дам, агарчанде ба мо наздик нишаста бошад ҳам, ба сӯҳбатамон ҳамроҳ намешуд, худдорӣ карда натавонист.

— Аҷаб гапҳо мегӯед, тағо! — бо тамасхӯр хандид ӯ.— Файзу баракат аз ошпазу кабобпаз не. Аз мардум мешавад. Ленинобод барин шаҳри хушрӯй равед, ки дар тамоми Осиёи Миёна нест. Кӯҳ, дарё, боғҳо, мева, мардуми меҳмондӯст. Охир Содирхони раҳматӣ ҳам аз ҳамон ҷо буданд. Соле як ё ду маротиба ба Қӯқанд меомаданду мухлисонашон як умр гапи он касро мегуфтанд. Боз шунавем гуфта орзу мекарданд. Як ҷавони ҳамшаҳратон, уко, соли гузашта ба Қӯқанд омада тӯй ба тӯй гашта, ман шогирди Содирхон мегуфт. Албатта, мақоми ҳар кас алоҳидаю саҳл-саҳл ба Содирхон таклид карда наметавонист. Лекин фарқаш аз замин то осмон.

Ман суханҳои Қулматбойро шунида дар фуромадгоҳи Руҳақ гумон карда будам, ки ба қавли падарам, фақат абӯишкамҳо сухани хӯрокро бисёр мегӯянд. Аммо дар Қӯқанд аз ин фикрам гаштам. Таърифгари қӯқандии пазандагии Хуҷанд ҳаюловор лоғар буд.

Абӯишкам ба Қотма ҳам наистода, баъди роҳи оҳан аз назар ғоиб шуда рафт. Вале то ба манзили дамгирӣ расиданамон, аввал аз Қулматбой, баъд аз овозаҳои ислоҳоти обу замин, пас аз нархунавои бозор дар байни саворагон сухан давом кард. Ҳарчанд суханҳои онҳо ба гӯши ман медаромаданд, хаёлам банди гуфтаҳои падарам дар хусуси киҳою ҷиҳо доштани Хуҷанд буд. Устоҳайдари кафшдӯз, ки падарам таъриф кард, ба ман нисбати устодӣ дошт. Падарам косиби кӯпалдӯзакак буд. Ман аз нӯҳсолагӣ аввал ресмонтобӣ, баъд чархкашӣ, пас дӯзандагиро ёд гирифта,

пешина
аз 447
навбатӣ