Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Суханҳое, ки гуфтӣ, дар станитсаҳо дар ду-се рӯз ҳаштод-навад касро паронданд, ростанд?
– Ман он чизеро гуфтам, ки дар газетаҳо чоп карданд, дар асл як баробар зиёд буд.
Фарозро тай карданду Чернов мушоҳида кард, ки сафаракиҳои аз рӯбарӯ меомада зиёд шудаанд. Ягон-ягон занҳои ҳарсавор ҳам вомехӯрданд. Баъзеро сарандозҳояшон ғеҷида ба китфҳояшон фаромадаасту парво надоранд. Дар ҳавои гарм рӯйи кушода роҳат аст. Дарвешҳои чулин ҳам бисёр. Ҳаво чӣ қадар гарм бошад ҳам, ин тоифаи осӯхтамонанд ҷомаю кулоҳашонро дигар намекунанд. Ҳуши Черновни дарвеши баландқомати абрӯяш гиреҳбанд, ки дар ин гармо се-чор яқтаҳи ҳаррангаро рӯйи ҳам пӯшидаю дар бар кашкули сиёҳи рӯғанхӯрдаи ялаққосӣ дошт, ба худ кашид. Чоруқҳои дарбеҳкардаашро мисли хурчин ба китфаш партофтааст.
Ба хотири Чернов омад, ки дар Фарғона, ҳангоме ки бо дастаи понздаҳҳазораи Шермуҳаммад ҷанг мекард, хабарбару хабарбиёри Шермуҳаммад ҳамин гуна дарвешҳо буданд. Ӯ ҷониби Муҳаммадшариф нигоҳи рамузнок андохта, аспоро рубарӯи дарвеш дошта, ба пойҳои рафида барин паҳн ва ҷо-ҷо қафидаю хунаш хушкшуда ишора карда, бо лаҳни шикастаи тоҷикӣ пурсид:
– Дарвеш, сӯзонии хокро намефаҳмӣ?
– Сӯзонӣ ба пои ошиқи Худо чӣ кор дорад? – гуфт дарвеш нигоҳашро ҷониби дуриҳои дашт дӯхта, пас ҷониби Муҳаммадшариф, ки ду қадам дуртар меистод, нигариста афзуд: – Ҳангоме ки Намруди лаъин Иброҳими Озарро дар хирмани оташ андохт, Худованди меҳрубон оташро ба гулзори Ирам табдил дод. Ва ба оташ фармуд, ки Иброҳимро гиромӣ дор! – Худованд, ки худаш нигоҳбон бошад, пеши ӯ хоку оташ чӣ қурб доранд? – Дарвеш рафтанӣ шуд, ки Чернов бо овози баландтар пурсид:
– Дарвеши Худо, ин пагоҳӣ аз куҷо баромадӣ?
– Ин пагоҳӣ дар роҳ будам. Се рӯз пеш аз Қаршӣ баромада будам. – Дарвеш ин дафъа рост ба чашмони Чернов нигарист.
– Дар Қаршӣ чӣ хабарҳо, дарвеши Худо?
– Дар Қаршӣ ҳам аҳвол ҳамин ҷо барин. Ёрони шумо мисле ки к...шон мехорад, ин тарафу он тараф тохтаю воҳима доранд.
«Ин ҷулҳӯндӣ хабарбар аст!» – фикре дар сари Чернов чароғак зад. Изтироби дилашро ба зӯр фурӯ шинонда пурсид:
– Ба Самарқанд ҳамин хабарро мебарӣ? Хабарат зарур барин, зудтар расон.
– Кӣ дар сарам дона шикастааст, ки хабарро зуд расонам? Меравам, кай ки поям кушода шавад.
– Он ҷо кӣ муштоқи хабар аст, дарвеши Худо? – Чернов ҷиддӣ шуд, қарор дод, ки чилавдораш Муҳаммадшарифро мефармояд, ки дарвешро кофтуков кунад. Шояд хат дорад.
– Ҳар хабареро, ки Худованд меҳрубонӣ кунад, ҳамонро мебарем. Аммо дарвешон аз оламиён хабарро пинҳон намедоранд, ки тарки суннат аст, – гуфт Дарвеш даст ба кашкӯл бурда, – Самарқанд меравам, – гуфт. Он ҷо Қаландархона ҳаст. Макони дарвешону бекасону дар роҳ мондаҳо. Як ҳафта меистам. Он ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё