Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Падар берун омада саросема ҷониби масҷиди Тиллокорӣ шитофт. Яқин хабари ҳоҷӣ Неъмат «хонаи Чуриковро алав мондаанд» ӯро безобита кард. Бегоҳӣ омаду ҷомаашро кашида ба мехи сутуни ҳавлӣ овезон кард ва ҷониби модар бо овози гирифта гуфт:
– Ҳамроҳи хонаҳо ду асп сӯхтаву яке гурехтааст. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки аспи гурехта Рӯшани мост.
– Мегурехт, хона меомад. – Модар аз кӯза об гирифта, ба рӯйи ҳавлӣ пошид! – Шаш сол аст, ки ин ҷо йем мехӯрд.
Падар бо чеҳраи гирифта рӯйи ҳавлӣ пасу пеш қадам зад. Агар ба ӯ сухане нафорад ё ба фикре андармон шавад, чунин рафтор мекунад.
Модар ба хона даромада, худ ба худ ғур-ғур кард: «Зорӣ кардам, ки нарав! Нарав! Рафтию ана ҳолат!...»

Бегоҳи рӯзи панҷшанбе вазъи саломатии Меҳрон бад шуд. Фармуд, ки домулло оварда ӯро хононанд. Мӯйсафед ба намоз сахт эътиқод дошт. Мегуфт, ки баъди силсолагияш намозамро қазо накардаам. Аммо куфу суфи муллоро ҳеҷ хуш надошт. Мансур алорағми нею нестони мӯйсафед ӯро хезонд, ки ба хонаи худаш барад. Рӯйи ҳавлӣ баромаданд, мӯйсафед ба дару девори ҳавлӣ зеҳн монда қаноатмандӣ ҳис кард: тобистон ҳамаро таъмир кардаю рангубор молиданд. Мӯйсафед ҳанӯз аввали сол намоён шудани маргро дидаю ба он тайёрӣ дида буд. Ӯ ба дарахтони баргҳояшон заъфарон зеҳн монда, гуфт:
– Имсол зимистон барвақт меомадагӣ барин, дарахтон аз нӯг зард шудаанд.
– Ҳамин нишонаҳо ростанд? – пурсид Мансур.
– Албатта, рост, инҳо ҳама аз рӯйи таҷрибаанд, афзуд мӯйсафед ва рӯяшро ҷониби шамол, ки аз қибла мевазид, гардонда андаке табассум кард. Дар рӯбарӯ роҳе намудор аст, ки аз шаҳр сӯйи Ҷиззах меравад. Он ҷо бод ҳардам чангро хезонда гирдбод мекунад. Ба фикраш омад, ки замоне пиёдаву савора ҳамроҳи ин шамолак дар ин роҳ давутоз мекард. Акнун ин шамол ба дигарон ҳамроҳӣ мекунад. Қадам зад ва мушоҳида кард, ки ҳанӯз шом нашуда бошад ҳам, моҳи дуҳафтаина як гӯшаи осмонро бо нурҳои зардӣ кабудрангаш равшан кардааст. Ва ҳамзамон дарк кард, ки он шодию суруре, ки қаблан аз дидани моҳи мунир дар дилаш чӯш мезад, ҳоло вуҷуд надорад. Мисле ки ноошност, худро дур мегирад. Ба ҳар ҳол, ба назараш чунин намуд. Дар поёни ҳавлӣ, назди танӯр келинаш ба коре банд буд, дар поён ҳавозаи ток. Хӯшаҳои ангури тоифӣ кайҳо пухтаю синаи гов барин овезонанд ҳеҷ майли хӯрдан надорад. Ҳатто хоҳиши чашидан надорад. Келинаш низ бегона барин. Ба хотири мӯйсафед омад, ки дина саҳар ҳам, пас аз он ки чой нӯшида хестанд, дару девори замоне бо ҳавас сохтааш ба назараш бегона намуданд. Дилаш лабрези ҳасрат шуду худ ба худ заҳрханда кард: «Аз афташ, ба марра наздик шудӣ, Меҳрон!»
Як табақи дарвозаи калони байни ҳарду ҳавлӣ кушодаву роҳи калон намоён аст. Дар он тарафи роҳ дӯконҳо қатор қомат афрохтаанд. Дар назди як дӯкон фойтуни зебое истодааст, ки ба он зану марди рус саворанд. Мӯйсафед аз роҳ

пешина
аз 613
навбатӣ