Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чернов хандаашро дошта, оҳиста аз байни вагничҳои пухта ва шибоғҳои хушбӯи кӯҳӣ қадам зада фикр мекард, ки дар ҷойи ноҳамвор сарбозҳо азоб мекашанд. Дар наздикии деҳаи Амонкутан хирманҷой буд. Шабро он ҷо мегузаронданд... Ва зуд ин фикрро аз сараш дур кард. Дар поён агар хоб мекарданд, дар вақти муайяншуда ба шаҳри Китоб намерасиданд. Фармон дар вақташ иҷро намешуд. Ба ҷойи нисбатан ҳамвортар баромад. Ин ҷо фирик-фирики аспҳо бештар ба гӯш мерасид. Баъзе аспҳо рӯиҳам сум мезананд. Яқин пурсидаиянд: «Хоҷӣ хӯҷинҳо, то кай моро ба ин аҳвол нигоҳ медоред?»

Дар байни сойҷае, ки шамолпанах аст, як гурӯҳ сарбозони рораи 15-ум давра нишаста бо ҳам гуфтушунид доранд. Ҳаво торик шудаю роҳ гаштан мушкил буд, ақиб гашт.

Чанд нафар коргарони ситод ва сардастаҳо назди Чернов ҷамъ шуда, каме сӯҳбат карда ба ҷойҳояшон баргаштанд. Семёнов раҳораҳ ғур-ғур кард: «Ҳеҷ боварат намеояд, ки чор-панҷ километр поён аз гармӣ нафасат мегираду ин ҷо бо шинел хунук мехӯрӣ.»

Муҳаммадшариф дар ҷойҷӯш чой овард. Вай ҷавони сиюяксолаи гандумгун ва гирдрӯ буда, бинии паҳн дорад. Оҳиста сухан мекунад. Лекин оташин шавад, гурги ба ҳуҷум тайёрро мемонад.

  • Фармон буд, ки оташ нагиронед, чой аз куҷо? - пурсид Чернов.
  • Касе оташ нагирондааст, - гуфт Муҳаммадшариф. - Ӯ дар чунин мавридҳо далелу бурҳони худро дорад. - Ман дар он ҳамӣ, дар гулхани чӯпонҳо, пуф-пуф карда чоямро ҷӯшондам. Он кӯҳи рӯбарӯро бинед, дар чанд ҷой оташ фурӯзон аст.

Дар ҳақиқат дар кӯҳи тарафи чап дар ду ҷой оташ фурӯзон буд. Аммо маълум, ки дар масъалаи «оташи пасмонда» дурӯғ мегӯяд. Чернов гапро дигар накофт. Бо Муҳаммадшариф вай аз давраи шӯриши Эргаш Қурбошӣ рафиқ аст. Ҳамчунин Муҳаммадшариф дар заводи пахта ҳамроҳи русҳо кор кардааст. Боре аз шиносе мефаҳмад, ки дастаи чилнафараи аскари сурх дар беруни Ҳӯқанд дар дохили заводи вайронае се рӯз боз дар муҳосираанд. Занашро фармудааст, ки нон пазад. Шабона хару хӯрчин кардаю ба бероҳа нонро ба даста мерасонаду ахбори Чернов додаро ба ситоди дар Ҳӯқанд буда меорад. Дами субҳ дастаро озод мекунанд. Баъдтар Чернов ӯро ба харкории бригада мегузаронаду маош таййин мекунад. Баъзан тарҷумон ҳам мекард. Ва ҳар вақт Чернов ёдовар мешуд, ки таъми он нонҳои овардаат ҳеҷ аз даҳонам намеравад. Вақте ки юриши Бухоро пеш омад, ба зӯрӣ ба вазифаи чилавдор интиқол дод.

  • Гӯшти консерваро хӯрда натавонистам, - гуфт Муҳаммадшариф ва халтачаи овардаашро боз кард, ки дар он гӯшти гӯсфанди обҷӯш буд.
  • Ҳамроҳ як моҳ гардем, консерваро ҳам мехӯрию дигарашро ҳам.
  • То ҳол нахӯрдаам, - гуфт Муҳаммадшариф. - Дар шариати мо моле, ки ҷуфтсум аст, ҳалол мебошад, тоқсум бошад, ҳаром.
  • Нафаҳмидам.
  • Чӣ нофаҳмӣ дорад? Бӯзу гову гӯсфанд ҷуфтсуманд. Хару хуку инҳо тоқсум, яъне ҳаром.
  • Асп тоқсум аст, мехӯред ку.
пешина
аз 613
навбатӣ