Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Алҳамдулиллоҳ мусулмон. Ин сарбозҳо ҳам мисли ману шумо одам. Чат мегурезед?
— Одам?... — гуфт пиракӣ бо тамасхури нешдор ва арақи рӯяшро пок карда гуфт: — Ба чӣ балое мезанед, ки кӯҳ меларзад! Як ҷавонаки моро рӯдаҳояш рӯи сангҳо кашол шудаанд!
«Овозаи ба чӣ балое мезанад, ки кӯҳ меларзадро яқин сарҳадбонҳо овардаанд!»
— Амак, он балое, ки мегӯед, номаш тӯпи кӯҳзан аст, — гуфт Муҳаммадшариф.
— Вай ҳам як намуди силоҳ. Ба кӯҳ кордор нест. Барои тарсондан каме чанг меҳезонаду халос.
Пирмард пойҳои дарозашро, ки чорукҳош дарида буданд, ҷамъ карда бо оҳанги таъкид гуфт:
— Ошно, ман то ҳол рӯйи кофирро надидаам. Мон, рӯйи онҳоро надида то дунё берун равам.
— Рӯяшонро бинед, чӣ мешавад?
— Рӯи кофирро дидан гуноҳ аст. Бояд кафорат диҳӣ.
«Муллоҳои нодони мо шуморо ба чӣ аҳвол расондаанд?» — Муҳаммадшариф бад-бад ҷониби пиракӣ нигоҳ карда, дигар ҳаваси ба ӯ гуфтугӯ накард. Аспашро савор шуд, вале дилаш тоқат накарда, бо газаб гуфт:
— Пиракӣ, ба гушат ҳалқа карда гир, аз ту барин беақлу бедонишу даҳ чиркат пӯсида, назди Худованд онҳо азизу бақадранд. Чунки бо донишанду худашона шинохтанд, ҷаҳона шинохтанд. Бубин бо як тир чӣ гуна халқата аз хонаю дараш хезонда гурезонданд! Пагоҳ ё фардо ки мурди, ин хабарро ба он дунё расон. Гӯй ки мо дар он дунё беарзиштарин мардумем! — Аспи ба роҳ даромадаро бо ситез пас гардонда илова кард: — Оқибат шуморо ин кирми тассубатон хӯрда нобуд мекунад.
— Он мардро нафуровардӣ? — пурсад Чернов. — Мегуфтем, ки мо одамхӯр нестем.
— Мегӯянд: ба чӣ балое мезанед, ки кӯҳ меларзад, — гуфт Муҳаммадшариф ва ба ишораи ин ки гап намекунад, даст афшонд.
— Бо тӯп задани сарҳадбонҳо инҳоро тарсонд, — гуфт Чернов. — Мабодо ин овоза ба Шаҳрисабз раваду онҳо низ роҳи кӯҳро пеш гиранд?
...Дар Шаҳрисабз ҳам онҳоро ба тиру тӯп пешвоз гирифтанд. Дастаи пешгард хабар овард, ки берун аз девори шаҳр тахмин даҳ тӯп насб карда шудааст.
Ва мардуми зиёд дар паси девор истодаанд. Ҳангоме ки поёнтар фуромаданд, Чернов дурбин монда манзараи аҷибро мушоҳида кард. Берун аз дарвоза тӯпҳо қатор чида шудаанду дар дохил дар боғи калоне мардуми зиёд ҷамъ омадаанд.
Он ҷо савораҳо ҳам ҳастанд. Мисле ки баҳсу мунозира доранд. Ӯ ба Дудки ишора кард, ки ду-се тири тӯп ба атрофи боғ партоб кунад. Баробари садои тӯп дар боғ ҷангу дуд хесту мардуми ҷамъомада савораю пиёда парто-парто ба чор тараф гурехтанд. Дар кӯҳҳо ба шитоб тозондани аспҳоро дида хандааш мегирад.
— Ҷанг бо ҳамин тамом шуд гуфтан гир, — садо кард кадоме.
— Инҳо заводу фабрика доранд? — пурсад Семёнов раҳораҳ.
— Сода будай, — Чернов заҳрханда кард. — Ин ҷо фақат деҳқонию чорводорӣ, дигар гап нест. Касе пулдор шавад, масҷид месозад, вассалом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё