Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Баъди ки офтоб аз дашт парид, дашт лаҳзае рӯшантар намуд. Бахусус оби ҷӯйборҳо ки қади дашт нишеб шудаанд, сап-сафед менамоянд. Ба дили Мансур омад, ки дигар ӯ дар ин замин мисли солҳои пеш дилпуру бепарво гаштан наметавонад. Одамон ҳам он муносибати беғаразонаи пештараро нисбати ӯ нахоҳанд кард. Ин инқилоб нашудӣ бало шуд. Доғи калаф ба рӯяш зад. Чӣ гуноҳ содир кард, ки ба чунин бадбахтӣ гирифтор шуд? Магар номус кардаю шабу рӯз меҳнат кардану молдору ҳолдор шудан, зиндагии ба ном барпо кардан хуб нест? Ҳангоме ки дар Сурхӣ замини болотари марғзора обод мекард, раҳматии падараш ду-се маротиба гуфт, ки «нафса калон накун, дар корҳо миёна будан хуб аст». Аммо Нуралӣ гӯш накард.
Нафарони гандумдарав ҳоло ҳам дар се-чор замин ҳастанд. Фурсате гузашту як гурӯҳ аз замини Раҷаб баромаданд. Писаронаш Ашӯру Абдулбоқӣ ҳамроҳаш. Боз ду-се гурӯҳ низ корро бас кардаю пасу пеш заминашонро тарк карданд. Наздики шом шуда фақат одамони замини Олимбой монданд. Онҳо чор нафар. «Мабодо шабдарав монанд» фикр кард ва дар таҳлука афтид. Шом фаро расиду яке азон гуфт, Нуралӣ шахси азонгӯйро аз овозаш шинохт: Азизбек-саиси Олимбой. Фикр кард, ки шояд замини бойро соҳиб шудааст? Ҳоло, ба гуфти худашон, ранҷбарҳо ин корро мекунанд. Нуралӣ дар замираш ба Азизбек муроҷиат кард: «Ошно, замини Олимбойро гирифтӣ, ё не кори худат. Илтимос, ҳамин ки шома хондед, хона ба хона равед. Дам гиред, сари субҳ хеста меоед. Пеш аз субҳ ҳам биёед, боз хубтар».
Азизбеку ҳамроҳонаш одами ба маслиҳат буданд, ки намози шома хонда, зуд ҳархоро савор шуда рафтанд. Дар дашт ба ғайр аз туп-туп зоғҳое, ки дар заминҳои гандумаш даравида ба шавқун шину хез доштанд, дигар касе наменамуд. Нуралӣ боз каме тоқат карду сипас аз пастхамӣ ба эҳтиёт то лаби ҷӯй фуромад. Об нӯшид, сару гарданаш ба об тар кард. То торик шудан тоқат кард. Пас бо сару рӯи тар, қад-қади ҷӯй роҳи Дашти Сурхиро пеш гирифт. Як соат барин роҳ гашту ба домани дашт даромад. То омад, ки моҳи коста аз паси теғаҳои кӯҳ намоён шуд. Рӯшаниаш хира бошад ҳам, атрофро бахузур мебинӣ. Дар даромади дашт, дар лаби роҳи калон замини Мансури самарқандист. Ин заминро ҳам ними гандумаш надаравида. Мансур сабаб шуду Нуралӣ аз банди болшевикони ҷаллод раст. Ҳоло худаш дар куҷо бошад?
Пайраҳои байни карафсзорро гузашта, ба замини поёни марғзор, ки ними гандумашро даравидаанд, омад. Мушоҳида кард, ки гандуми боқимонда сафед шудааст. Пештар онҳо кадом қитъаеро, ки гандумаш ба дарав меомад, медаравиданд. Қитъаи хомбударо дар охир мемонданд. Ҳоло яксара даравида рафтаанд. Пайи пои даравгарҳо ҳанӯз тар буд, якчанд дарзаҳо небаста, парешон шуда хобанд. Ин кори Анвар аст, монда шуда дарзаҳоро небаста рафтааст. Маълум мешавад, ки соате пештар аз омаданаш рафтаанд.
Нуралӣ, ки аз пагоҳӣ боз чизе нахӯрда буд, сахт гурусна монд. Ду-се саракро сахт-сахт фишурда гандумашро пуф-пуф кардаю тоза карда ба даҳон партофт. Дилаш талабгори хона шуд. Қарор дод, ки каҳдона хабар гирифта пас меравад. Дид, ки дари каҳдон қулф надорад. Зулфину занҷир ҳам надорад. Дарро кушода ҳамон лаҳза пай бурд, ки ба каҳдон дузд даромадааст. Каме истод,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё