Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Маслиҳат медиҳад, ки аз доираи одамгарӣ берун наравӣ!» Ва лабханд карду пичирос зад: «Пеш аз сафар илҳомат омадааст, ҷӯра.»
Домулло баъди шом омада мӯйсафедро хонду «бемора танҳо намонед»,-гуфту рафт. Мансурро як ҳолати ҳавлноку аламовар фаро гирифт. Ҳис мекард, ки душмани даҳшатангезе сӯи хонаи онҳо меояду вай оҷиз аст дар баробараш истодагӣ кунад.
Мӯйсафед дар танҳоӣ бо писараш маслиҳатомез гуфт:
– Мансур, писарам, шумо хурд нестед, суханҳоямро ба гӯш гиред, - ва дастони ҳар ҷо -ҳар ҷо хол баровардаашро беруни ҷоғах карда афзуд: -Як рӯзӣ омадану як рӯзӣ рафтан ҳаст. Ман аз умри насибкарда як ба ҳазорон розӣ. Ҳарчи Худо лоиқ дида буд, дидаму гирифтам. Ба ҳамааш шукр...
– Ҳоло кам,- Мансур дасти падарро солид. Пай бурд, ки падар аз чӣ хусус сухан мегӯяд. Хорияш омад. Нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт: - Куҷо саросемаед? Мо шуморо зан доданием...
– Зан ҳам гирифта шудам, - мӯйсафед нигоҳашро ҷониби дар дӯхт.- Шаш зан гирифтам, лекин фақат бо модари шумо, Чаман, зиндагӣ кардаму бо дигарҳо ҳамту, мисле ки шинос будем. Чунон ки ҷавонӣ як маротиба меояд, тааллуқи дилхоҳ ҳам як бор насиб мекардааст.
Мансур ба хотири он, ки чашмони намгирифтаашро аз падар пинҳон дорад, лаби кӯрпаро рост кард.
– Чеҳраи раҳматӣ, хандаҳояш, мудом дар рӯбарӯям.-Мӯйсафед лаҳзаме хомӯш шуду пас афзуд: - Модаратон зани солеҳаю худотарс буд. То ӯ буд, хона файзу баракату омаду рафту меҳру садоқат дошт. Баъди кор саросема ҷониби хона мешитофтам.- Мӯйсафед намои табассум кард.- Баъд, чунон ки мегӯянд, он соғар шикасту он май намонд.
–Ҳоло ин фикрҳоро монед, худатонро бардам гиред,- гуфт Мансур.
Мӯйсафед нигоҳашро ба самте дӯхта пас бо оҳанги пештара суханашро идома дод:
– Агар қаҳрашро меовардам: «Равед, ба ҳамон Хуҷандатон!» - мегуфт. «Ин қасру кӯшҳҳои Самарқандром о, хуҷандиҳо, сохтем!» -гуфта, бештар қаҳрашро меовардам. «Амир Темур пеш-пешатон карда оварду аз тарсатона пӯшондед!». мегуфт: «Аз тарс не, инҳо ҳама ҷиҳози ту!», -шӯхӣ мекардам; «Ҳоло кам!»-гуфта пояшро ба замин мезад ва механдидем.
Онҳо хомӯш монданд. Пас мӯйсафед нигоҳашро ба рӯи писар бардошта афзуд:
– Вақте ки кор буд шуд, худотона ба даст гиред. Кас дар маъракаи калон мудом пеши корро фикр мекунад. Дарҳол шайхи мазори Хоҷамуҳаммади Балхӣ - Шайх Аҳмадро биёред. Мо бо ҳам эътиқодмандӣ. Ҳамсолонам, дӯстонамро хабар диҳед бас, ҳангома накунед.
Мансур хомӯш истод. Пай бурд, ки ҳоло чизе гӯяд, ба гӯши падар намедарояд. Ба гуфтаҳояш гӯш дод ва баъд аз он ки берун баромад, фикр кард, ки мӯйсафед васияташро кард. Ӯ бояд омода бошад.
Мӯйсафед «дӯстонам» гуфта, онҳоеро дар назар дорад, ки соли 1868 як дастаи панҷоҳнафараи ҷавонҳо ҷамъ омада (аз Даҳбеду Шаҳрисабз ҳам буданд) бар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё