Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
хоб дуруст кард. Мансур боре аз хоб бедор шуд, ки дар атроф малах бе ист бо овози баланд чиррос мезаду, моҳтоб рӯ ба нишебӣ овардаю дашт мисли рӯз равшан аст. Сари ҷоғаҳ хест. Аз ҷониби гандумзор, ки мисли баҳр менамояд, хур-хур шаббода мевазад. Овози сурудхонии занҳо меояд. Ба назар мерасад, ки садоҳо ба нури моҳтоб ва обу ҳавои дашт полида-полида меоянд. Эҳсоси фараҳбахше дилашро фаро гирифт. Ногоҳ нигоҳаш ба мӯйсафеди соҳибхона афтид, ки дар паси дари хайма гӯсфандеро овезон кардаю пӯст меканд. Онсӯтар дег мондаю оташ гиронда, буридаҳои гӯштро бурда ба дег мепартояд. Хеста ёрӣ доданӣ шуд, аммо аз фикраш гашт. Мабодо хестанаш маъқул нашавад. Сарашро ба болин монда фикр кард, ки мард хобашро баҳри меҳмон ҳаром кардаю тамоми шаб дар ташвишу тараддуд аст. Шояд ҳамин мардумист, ки одамон ба зиндагӣ дил мебанданд. Ҳамдигарро қадр карда дӯсту бародар мешаванд. Ин гуна одамон як умр дар хотират мемонанд. Дар суҳбатҳо аз онҳо ёд мекунӣ.
Фурсате гузашту дар шарқи осмон раҳҳои дарози кабуду сафедранги субҳ намудор шуданд. Ҳоло атроф ором аст. Чунон менамояд, ки дар ин лаҳза ҳама мавҷудот ба тамошои субҳ омода мешаванд. Ӯ низ хеста бо рӯҳи болида сӯи ҷоҳ дастурӯшӯй рафт.
Дар чӯли Муборак як шабу як рӯз роҳ гашта, наздики шом ба корвонсарои Қаровулбозор омаданд. Даруну беруни корвонсарӣ пури мусофир. Дар назди дари даромад чор-панҷ аробаи пурбор ҳам ҳаст, ки болоҳояшон бо брезентҳои зӯрд пӯшонда шудааст. Дар болои аробаҳо як нафарию ду нафарӣ сарбозҳои камондор нишастаанд. Дар аробаи охир сарбози каллакалоне пойҳояшро овезон карда нишастааст. Як пояш аз зону поён докапеч ва ҳар вақт дасташро ба даҳон андохта, сахт хушток мекашад. Ба тавраш бозӣ мекунад. Дар назди дарвоза ҷавони лоғарандоми қадпасте ба ӯзбекӣ Мансурро огоҳ кард:
– Дар дохил ҷойи нишаст нест. Дар пушти дарвоза бедаи фурӯшӣ ҳаст, хоҳед, барои асп гиред.
Мансур дохили корвонсарой даромада дид, ки ҳама катҳо пуродам. Бештар аскарони сурханд, бо овози баланд сӯҳбат кардаю чой менӯшанд. Мусофирон ҳам ҷо-ҷо дар таги девор болои ҷомаву хӯрҷинҳошон давра нишастаанд. Дар наздикии оташдон ду деги ношиста. Марди миёнсоне, ки саллаш кашол дорад, ҳезумҳои атрофи дегро ҷамъ мекард, сарашро набардошта гуфт, ки палов кайҳо тамом шуд. Мансур ақиб гашт. Дар дарвоза бист-сӣ қадам онсӯтар ҷӯйи об ҷорист. Он тараф замини навободест, ки алафаш аз беобӣ зард шудааст. Дар ду тарафи ҷӯй ва дар таги дарахтони атроф низ як-як мусофирон ону тов кардаю хӯрок мепазанд. Аспу улоғҳояшонро дар наздашон бастаанд. Дар он сӯйи замини навобод роҳи калон тӯл кашидааст. Мансур ҷой интихоб кард, хӯрҷинро аз асп гирифт. Беда харида назди аспҳо партофт ва ба Ҷовид гуфт:
– Бачаҷон, гушна хобат набарад. Ман зуд хӯрок меорам.
Рӯи лаълӣ косаҳои шӯрбо аз назди аробаҳо мегузашт, ки сарбози пояш докапеч як косаро чанг зада гирифт ва базардомад гуфт:
– Ман аз поям тир хӯрдааму як коса шӯрборо намедиҳӣ? Камонашро бардошта намоиш дода, дар паҳлӯяш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё