Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳавзи об ҳаст, ки атрофаш бо шоху шипа пеҷонда шудааст. Он замон дар роҳҳо аз оби борон ҳамингуна ҳавзҳои сунъӣ месохтанд, то ки корвон дар даштҳои беоб ҷон ба саломат барад.

Аз афташ ҳавз калон будааст, ки байни шоҳҳо ва оби боқимонда чор-панҷ қадам аст. Ва он ҷо ҳаргуна гиёҳҳо рӯидаву қади миён хеста ва хазон шудаанд. Ҷое баргҳо рехта ба лой часпидаю хушк шудаанд. Ҷое обсабз ҳам хушк шудаю рангаш намондааст. Аммо таги ҳавз ҳама обсабз аст ва он ранги обро сабз нишон медиҳад. Атрофи ҳавз ҷо-ҷо шибирзор ва он ҳам хушк шудааст. Дар ҷониби офтобшин ягона дарахти бед аст, ки нисфи барги вай ҳам рехтааст. Лекин сояи хубу ҷои салқин будааст. Мехоҳӣ каме бишинию дам гиред.

Баробари обро дидан аспҳо чорхез заданд. Ҷирани Першин ба зиддияти соҳибаш итоат накарда, аз болои шоҳаҳо парида, худро ба об расонд, соҳибаш афтида ба даруни ҳавз гелида рафт. Сарбозҳо зуд ӯро аз ҳавз берун гирифтанд. Зонуяш лат хӯрдаю як бари рӯяш харошидаю хун буд.

— Об чунон сӯзон аст, — гуфт сарбози чашмкабуде, ки либоси Першинро меафшонд. — Мегӯӣ дар таги ҳавз оташ гирондаанд.

Амони Калта аспро дошта баровард. Аз кунҷи лаби овезони асп об чун аз новдон мерехт.

Пётр Загорский духтурро интизор нашуда, зонуи Першинро баст. Вай ҷавони ҳамакора аст: табибӣ мекунад, тирандози хуб аст. Дафтаре ҳам барои ҷамъ овардани ривоятҳои халқӣ дорад, ки мудом дар ҷайбаш аст. Дар лаби ҳавз Семёнов баробараш даст шӯрда пичирос зад:

— Дар дафтарат навис: дар фалон мавзеъ аспи Першин соҳибашро партофт, ҳарду бетарбият ва бефаросатанд.

— Навиштам, — Пётр нигоҳашро аз мусоҳибаш наканада илова кард: — Першин аз беодобии ҷазояшро дид.

Чернов монда шудани аспҳоро дида, фармон дод, ки шаб ин ҷо дам мегиранд ва дами субҳ ба роҳ мебароянд.

Кӯшун ба ҳар тараф парешон мешавад. Яке ҷои хоб дуруст мекунад, баъзеҳо давра шуда сӯҳбат меороянд. Дар ин хел мавридҳо ротаи хизмати ақиб серкор аст. Ду гову ду гӯсфандро сар бурида, ҳезум ҷамъ карда, ба самоворҳо об гирифтаю хӯроки шом омода мекунанд.

Ин ҷо ҳезум бисёр аст. Дар ду тарафи роҳ ҷангали саксавул тӯл кашидааст.

Чернов бо ҳавас ба даруни ҷангал даромад. Загорский ба ӯ ҳамроҳ шуд. Чернов пай бурд, ӯ вақтро ғанимат дида аз нақлҳои бобояш пурсӣданист. Вале ӯ дар ин ҳавои гарм ҳавсалаи қиссагӯй надорад. «Петр дафтарро мон, ҷангалро тамошо мекунем», гуфт:

Семёнов ба онҳо ҳамроҳ шуд. Нигоҳашро аз туғайзори саксавул наканда гуфт.

— Александр Николаевич, ҷангалҳои Русия тамоман дигаранд. Онҳо сарву булутҳои баланд ва садҳо намуд гулу гуёҳ доранд.

— Ба ин гармӣ ҳамин дарахт тоқат мекунад. - Чернов ақиб гашта ба роҳи омадаашон нигарист.- Саксавул чандон баланд намешавад. Байни дарахтҳо баҳузур офтоб медарояд. Дар зимистон ҳам иқлими ин ҷо мулоим аст.

пешина
аз 613
навбатӣ