Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
назди падар хоб рафт. Аз бегоҳ аҳволи мӯйсафед бад шуда, ҳазён гуфтан гирифт. Дасташро пеш бурда, «падарам дар ин ҷо! Чаман омадааст!» ва боз ким-чиҳое мегуфт.
Пеш аз субҳ мӯйсафед дастамро гиред, ки намози бомдодро хонам -гуфт.
– Падарҷон, то вақти намоз як соат вақт ҳаст. - Мансур дасти падарро дошт. - Ҳам шумо бемор...
Мӯйсафед ҷониби Мансур нигоҳи норозиёна андохта, бо нимовоз гуфт:
– Вақти ман намонд. Ду рақъати фарзро хонам.
Мансур базӯр мӯйсафедро болои ҷойнамоз шинонд: мушоҳида кард, ки дар гунаҳояш сурхӣ пайдо шудааст. Мӯйсафед нишаста, як рақъатро хонду дар рақъати дуюм яктарафа хам шуд. Мансур ӯро дошта, оҳиста хобонд: нафасгириаш мушкил шуд. Чашмонашро ба тарс кушода, чизе гуфт ва дақиқае гузашту нафаси сабук берун кард ва ҳамоно ба ҳоли худ шуд. Мансур аз суханони падар ба ғайр аз «дидор...» чизе нафаҳмид... Ва ҳамон лаҳза ба шайхи мазори Хоҷамуҳаммади Балхӣ шайх Аҳмад одам монд. Ба ҷанозаи мӯйсафед, чунон ки Мансур интизор буд, одам бисёр омад. Шайх дар сари ҷаноза чун дигар домуллоҳо аз охирату рӯзи ҷавобу ғайра лаб накушод, чунин гуфт:
Имрӯз марди майдоне аз байни мо рафт, ки ба ин хоку мардумонаш назар ба ҳамаи мо ошиқтар буд. Ангезаи ба душмани зӯр посанг будан дар ниҳодаш забона мезад. Чунон лозим омад, дар як ҳафта шаст камони вайронаро таъмир кард, ки мо бар зидди душман муқовимат карда тавонем. Аз меху майдаоҳанҳо тир месохт. Бо чунин кораш ба мо нерӯ мебахшиду ғазаби душманситезиро дар диламон меафзуд: пеш-пеш шуда на якбору ду бор ҷонашро дар хатар гузошт. Имрӯз моро ба сӯг гузошту худ роҳи охират пеш гирифт. Дами субҳ, болои ҷойнамоз дар роҳи дӯст, дар даҳон сухани дӯст ҷон ба ҷонон супурд. Ана, гули сари сабади мо, Меҳрон, чӣ гуна одам буд! Меҳрони меҳанпарасти мо бо амалҳои нек номашро дар осмонҳо дар сафи ҷовидонҳо сабт кард. Мардуми Самарқанд, донед ва ба гӯш бигиред, ки минбаъд манбаи эъзозу эҳтироми мо на шайху муллою мазор, балки ана ҳамин қабил мардони бадониш ва дар роҳи ватан ҷоннисор мебошанд. Бақои миллат ва ному нанги мо чунин озодмардон ҳастанд!
Баъди суханони шайх байни издиҳом ғул-ғула аланга заду зуд фурӯ нишаст. Яқин ба домуллоҳо сухани шайх хуш наомад. Боз Абдуҷалил ном муфтие аз Рустамқишлоқи беруни шаҳр ҳам ин мазмун сухан кард, ки Мансур ӯро намешинохт. Баъди ҷаноза Абдуҷалил дасти Мансурро бо меҳрубонӣ дошта гуфт, ки бо акаи Меҳрон рафиқ буданд. Мансур мурдаро дар қабр монда, пас мушоҳида кард, ки бештари мардум барои ҳурмати майит то сари қабр омадаанд. Дар дилаш нисбат ба онҳо дӯстӣ пайдо шуд. Инҳо аз рӯи меҳре, ки ба падараш доштаанд, овора шуда омадаю ин ҷо нишастаанд. Дирӯз, ҳангоме ки хабаршон мекард, ин ҳиссиётро надошт. Баъдтар назараш ба писаронаш афтид, ки ду қадам дуртар аз ӯ чун кабӯтаракон паҳлуи ҳаманд. Бибигул ба онҳо чомаю тоқии нав пӯшондаю маъраказеб кардааст. Баҳодур худро мисли шахси мусибатдида мепиндошт. Ҷовид бепарво, ҳоло ақлаш ин корҳоро намегирад. Мансур, ҳангоме ки охирин маротиба хоки қабрро ба панҷҳояш ҳамвор карда хест, ба фаросат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё