Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дуди сиёҳи ғафс ба осмон мебарояд. Барфи бомҳоро ки пок кардаанд, сиёҳ менамоянд, боқӣ атроф чунон сафед аст, ки чашмро мебарад. Аз ҷониби деҳа ду нафар аспсавор меоянд. Дар паси яке духтаре нишастааст.
– Ана, боз барои амиратон тортук омад, — Фёдор хандид.
Мансуру Фёдор аз пайраҳа ба роҳи калон тоб хӯрда, аз рӯбарӯи сафаракиҳо рафтанд. Марде, ки дар пасаш духтар нишаста буд, тахмин чилсола асту дигаре ҷавонтар, таги чашми ҷавон сиёҳ аст. Маълум, ки шаллоқ хӯрдааст.
– Ҳамшаҳриҳо, сафари куҷо доред? — пурсид Мансур.
Дар ин асно духтар фаранчиашро боло карду назари Мансур ба чеҳраи сафеди кӯдакона ва чашмони аз гиря сурхшудааш афтид. Ӯ, мисле ки имдодталабона ба Мансур менигарист.
– Ба назди Ҷаноби Олӣ амир Олимхони баҳодур равонаем, — гуфт мард. — Оҷиздаамонро, ки амонатии он кас аст, бурда месупорем. — Дар нигоҳ ва оҳанги гуфтори мард ифтихор ҳис мешуд.
– Ман амлокдори ин деҳа, — худро шумосонид ҷавон.
– Чаро амонат? Гаҳворабахш буд? — пурсид Мансур.
– Замини Ҳисор, балки ҳамаи моли аморат аз амирам аст. Мо амонатдори он касем, — гуфт мард.
Фёдор ҷониби Мансур нигарист. “Гуфтам, ки бояд ҳалқатона дигар кунед!” мегуфт нигоҳаш.
– Як моҳ зиёд шуд, ки бо ҳидояти беки Ҳисор Авлиёкул удайчии Ҷаноби Олӣ ҳастам, — афзуд мард. — Дар ҳамон рӯзи аввал ният кардам, ки ин рӯпӯшидаам ҷорӯбзани даргоҳашон бошад.
– Худат ният кардӣ ё Авлиёкул дар забонат монд?
Мард ҳайрон шуда ба ҳамраҳаш нигарист. Гӯё саволро аниқ кардан мехост.
– Ин ҷиҳати масъаларо фаромӯш кардааст, — хотиррасон кард Фёдор.
– Гӯш кун, ошно! Духтари бечораро дар даҳони аждаҳо напартою назди модараш бар, — гуфт Мансур ва аз андешае, ки мабодо хабар ба амир расад, ба дилаш тарс афтод. Вале зуд худро ба даст гирифт.
– Шумо худро зомини ризки амирам накунед, — гуфт амлокдор. Ӯ бештар ҷониби Фёдор менигарист.
– Дар байни халқи мо ҳастанд ҳамин гуна зотҳои паст ва лаъин, ки эшону муллои лаққиро бинанд, ё ба гуфти худашон “воизеро”, духтар аст ё писар, ҳадя кардан мегиранд. Мисле ки хар ё аспро ҳадя мекунанд: “Гиред савор шуда гардед, ҷонамба занед!” — гуфт Мансур ҷониби Фёдор. — Шумо рост мегӯед, ки содагии ҳалқатон аз бесаводӣ аст. Ва худаш ҳам нав дарк кард: одаме, ки бесавод аст, аз наҷобату мардӣ ҳам бенасиб мешудааст. Ҳари боркаш будаасту бас. Ӯ боз ба сафаракиҳо чанд сухане радду бадал карду саранҷом ба шиддату нафрат гуфт:
– Эй аблаҳ, Ҷаноби холиат пагоҳ ё фардо ба кадом гӯр мегурезад! Ӯ русҳо дошта ба дораш мекунанд! Фаҳмидӣ? Духтарро баргардону ба ягон ҷавони худаш мехоста ба шавҳар деҳ!
Мард дамаш дарун зад. Амлокдор мехост чизе гӯяд, ки Мансур фурсат надод:
– Ҳар кас пурсад, ки чаро баргаштед, гӯед: одамоти амир гуфтанд, ки баъди як ҳафта биёед. Зуд гашта равед! Зуд!

пешина
аз 613
навбатӣ