Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданмекунаду байнашон ҷудоӣ меафтад. Сабаб ҳамон гапи ҳазорсола; гурӯҳе мегӯянд, ки кору фаъолияти мо бояд ҳама аз рӯйи Қуръони шариф бошад, гурӯҳи дигар даъво мекунанд, ки ҳам фармудаи Қуръон, ҳам талаби замонаро бояд ба инобат гирем. Ва баҳсию наҳсӣ карда тақсим мешаванд ба шӯрои уламо ва шӯрои исломӣ. Ин ҷудоӣ нуфузу обрӯяшонро ба хок яксон мекунад. Ягон-ягон русҳою яҳудиҳое, ки дар маҷлису маъракаҳо ҳаводорию ҳамроҳишон мекарданд, дилсард шуда аз онҳо рӯ мегардонанд.
- Ду мулло дар сари як дастархон рост намегиранду чӣ расад ба шӯрошон,- тамасхур кард Мирзоумед.
- Алкисса, шӯроҳо, ҷамъиятҳо, чадидҳои Тошканду Бухорою Хоразм даву тоз карда, охири зимистон дар Хӯқанд кунгураи овозадоре ороста, аз Қазону Оренбургу Хутану Кошғар меҳмон даъват карда, Туркистонро ҳамчун кишвари мухтор дар ҳайъати Ҷумҳурии Демократии Федеративии Россия тасдиқ карданд.
- Эҳ-а, хуб ғайрат кардед! Давлат сохтем гӯед.
- Дар гумон,- Мансур бо лабханд сар ҷунбонд.- Болшевикон намемонанд.
Пештар дар Тошканд (12 ноябри 1917), пас аз он ки ҳукумати муваққатиро зада ҳукумати шӯроӣ эълон карданд, дар ҷамъомаде, ки аъзои ҳукуматро тасдиқ мекарданд, шӯрои уламою шӯрои исломӣ даъво карданд: «Ҳой, бетавфиқҳо, дузд бош-у баинсоф бош, - мегӯянд,- аз таҳҷоиҳо ҳам як нозир гиред!» Ҷавоб доданд, ки «ҳоло шумо донишу тавоноии давлатдорӣ надоред. Аз мо не, аз худатон домангер шавед». Ва дар Хӯқанд, баъде ки дар рӯзи дувум хуб баҳсу кашокашӣ кардаю ними шаб сарвари маҷлис, донишманди ситорагарме аз қавми қазоқҳои Ҳафтрӯд ба исми Мустафо Чоқай, ки дар Петербург таҳсил гирифтаю аъзои Думаи давлатии Русия будааст, эълон кард, ки «бо бештари овозҳо ба кишвари Туркистон мухторият дода шуд!» Хуб чапакзаниҳо карданд.
Вале боз ҳамон болшевикҳо хеста назди дар рафта, такрор карданд: «Шумо ба идора кардани ҳукумат омода нестед! Ҳукумати шумо аз панисломиҳо бунёд гирифтааст, ки дур намеравад.» - Мустафо Чоқай ба онҳо ҷавоб дод, ки «истилоҳи панисломизмро бори аввал як журналисти фаронсавӣ дар мавриди иттиҳоди мусулмонон истифода карда буд. Ва акнун ҳар вақте шумо мардуми моро сиёҳ карданӣ шавед, онро ба газетаҳоятон сар медиҳед ва он мисли саги газанда мардуми нодонро метарсонад. Дар ҳукумати дар Тошканд таъсисдодатон як мусулмонро нозир нагирифтед, ҳарчанд дар кишварашон ҳукумат карданиед. Ин ҷо мо панҷоҳ дарсади ҳукуматро ба меншевику болшевик — яъне русҳо додем, пас аз рӯйи инсоф гӯед, ки панисломизм бад будааст ё худхоҳию баландманишии шумо?»
Касе даҳон накушод. - Нобовариро бинед,- Мирзоумед сар ҷунбонда пурсид: - Гуфтед, баҳс мекарданд. Баҳсашон сари чӣ масъалаҳо буд?
- Болшевикҳо даъво мекарданд, ки мо замину обу ҳукуматро аз амиру вазирон гирифта ба халқ медиҳем. Тоифаи меншевик мегуфт, ки ба мардум ҳукумат чӣ лозим? Ба мардум кор ва маош бояд дод. Мо заводу фабрика дорем.
Боз онҳоро зиёд мекунем, ки ҷойи кор бештар шавад. Исломиҳои мо валвала мебардоштанд, ки ҳоло ин ҷо истиқлолият доруи бебаҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё