Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Сабаб дар чист, ки ба якдигар бовар намекунанд? – пурсид Мирзоумед.
– Сабаб – дин. Мардуми мо онҳоро кофир мехонанд. Онҳо бошанд, моро қафомонда, дар ҷоҳилияту таассуб ғутида медонанд. Мирзоумед чизе пурсиданӣ шуд, ки Мансур пешдастӣ карда гуфт:
– Дар Кунгураи Хӯқанд ҷадидҳои худамон, яъне одамони Самарқанду Бухоро рафта-рафта корро дидаю санҷида худашона ақиб кашиданд. Сабаб дар он шуд, ки дар Тошканд русҳо ҷамъ омадаю Туркистони русӣ сохтаӣ шуданд. Дар Хӯқанд пешвоёни бошқирду турку тоторҳо ҷамъ омада давлати Туркистон сохтаӣ шуданд. Ин кор ба одамони мо чандон хуш наомад. Ва гумон мекунам, ки сабаби зид шудани русҳою дашнакиюни арман ҳам ҳамин буд.
– Дар ин кишвар чӣ корҳое шуданд, – Мирзоумед ва таассуф сар ҷунбонд.
– Бале, чӣ корҳо мешаваду мо хобем, – гуфт Мансур ва пойҳояшро аз сандалии гарм берун гирифта илова кард: – Як рафиқи рус дорам, номаш Фёдор, дар матбааи Самарқанд кор мекунад ва мақола ҳам менависад. Дирӯз сари роҳ дида омадам. Ӯ охири кори Мустафо Чоқай ва мухториятхоҳонро гуфту хушам канд.
Бибигул нони гарм оварда, рӯйи дастархон монду ҷониби Мирзоумед гуфт:
– Ошноятонро газетхон кардаю аз роҳ баровардааст ҳамон рафиқи урусашон.
– Наход? – Мирзоумед хандид.
– Ба Тошканду Хӯқанд ҳамон газетаҳо кашиданшон.
– Келин, рафиқи донишманд доштан саодат аст, – гуфт Мирзоумед ва аз Мансур пурсид: – Хӯб, охири корҳояшон чӣ гуна будааст?
– Ду рӯз пеш Фёдор дар вокзал нохост Мустафо Чоқайро вомехӯрад ва ӯ розӣ шуда барои газета сӯҳбате мекунад. Маънои сӯҳбаташ ин ки сабаби асосии барҳам хӯрдани мухторияти Хӯқанд болшевиқҳо будаанд. Хабари дурӯғе, ки дар газетаҳояшон навиштаанд, «давлати панисломӣ дар Хӯқанд рӯйи кор омаду нийяти аввалини онҳо то кӯҳҳои Уралро гирифтан будааст», тире шуд дар тани мухториятхоҳон. Дӯстон ба мо душмани ҷонӣ шуданд. Ними бештари ҳукумат, ки аз болшевику меншевику яҳудиён иборат буд, билкул аз мо буриданд. Тамоми аҳолии русзабон аз мо рӯ гардонд. Ман раддия навиштам: чоп мекунем гуфта гирифтанд. Аммо имрӯзу пагоҳ гуфта чоп накарданд. Казакҳои Оренбург хабарро шунида, роҳи поездро бастанд. Русия ба ивази қарзи пахтаю пашм ва дигар маҳсулоти дусола гирифтааш бояд гандум мефиристод, чун роҳ баста буд, натавонист. Болшевиқҳо бо дастаҳояшон дарҳол бонкҳоро иҳота кардаю соҳибӣ карданд. Ва на ин ки ба мо қарз надоданд, балки пули амонати аҳолиро низ барнагардонданд. Мо ба умед заём баровардем, аммо касе намехарад. Мехоҳем артиш таъсис диҳем, аммо аз як тараф пул надорем, аз дигар тараф, касе намеёбем, ки тадбиру тадоруки кори артишро кунад. Лекин аъламу муллои дуохону маслиҳатдеҳ лаб задааст. Ҳамин нафарон ҳатто фарзандонашонро ба сарбозӣ намедиҳанд. Ва бар болояш, чунон ки гуфтам, аз Русия гандум наомад. Ва сар шуд гуруснагӣ ва аз пасаш бетартибӣ. Гуруснагӣ аз деҳаҳои руснишин шӯруъ шуд. Чунки онҳо пасандоз надоштанд. Даставвал барои мардикорӣ ва гадой ба кӯчаву бозорҳо рехтанд. Пас гушна ба шер мезанад гуфтагӣ барин, ба дуздию дигар корҳо даст заданд. Ва ин касалӣ зуд ба таҳҷоиҳо низ сироят кард, ҳама дар тарсу ваҳм афтоданд. Дар Хӯқанд дар баробари ҳизби меншевикҳою

пешина
аз 613
навбатӣ