Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
монад. Се ҷасади душман дар таги пойи аспҳо хобанд. Сарҳо бо шамшер бурида. Якеш нимхез шудааст, як тарафи сар ба гӯшаш овезон. Ду нафар куртаи милиса доранд. «Офарин, ин сағҳоро ҳамин гуна куштан лозим!» Ана боз якеро афтонданд. Ниҳоят Чернов ба таппонча тирҳоро андохта, ба ёрии Амони калта, ки ба марди калакалони сиёҳандоме занозанӣ дорад, наздик шуд. Пештар аз ӯ Ҷангиев расиду шофашро ба шиками сиёҳ зад. Сиёҳ як боло хесту пас аз зин яктарафа шуда ба замин зад. Онсӯтар Ниёзи дароз танаи дарахтеро оғуш кардаю кӯшиши хестан дорад. Сарбозе китфашро мебандад. Аз афташ, захмаш сабук аст. Дар дохили ҷангалаки атрофи чашма аспҳои бесоҳиб ҷамъ шуданд. Михаил Черевиченко, ки сангеро дошта меистод, афтидааст.
Ҷанг боз даҳ-панздаҳ дақиқа давом кард, дастаи Дониёр пас гашта ба даруни алафҳои қади зону хестаи сой поён шуда. Сой шибитзор аст, ҷои обкакандӣ дорад. Аспи босмачигеҷида ба кун шист. Соҳибаш то аз он фуромада ӯро хезонда савор шуд, ки саворони пеш расида шамшербураш карданд. Даста дар поёни теппа ба тарафи рост тоб хӯрда, ҷониби дашт гурехт. Аз паҳлӯи Чернов садои тирпарронӣ шунида шуд ва босмачие аз асп каллапо афтид. Яқин Загорский паронд. Вай дар тирандозӣ ҳамто надорад. Ду рӯз пеш дар деҳаи Сангтӯда як аспи номиро, ки аз босмачиҳо ғанимат гирифта буданд, шарт монда, бисту ду нафар тирпарронҳои моҳир мусобиқа карданд, Пётр Загорский ҷойи аввалро гирифт.
Сарбозон низ поёни теппаро тоб хӯрда, аз паси даста асп монданд. Ин сӯйи дашти Моҳтобӣ тобасангҳои сиёҳи дар замин хобида бисёр дорад. Дар таги сойчаҳо ҳарҷо тӯп-тӯп хори янтоқ аст. Ҷое камар паҳн шудаю дон бастааст, ҷое хома то зону хеставу атрофаш сабз аст.
Назари Чернов боз ба аспи Манучеҳр афтод. Ин дам пай бурд, ки он нафари танлучи дар гарданаш ҳафк сержант Мирзоев Манучеҳр аст. Аз душман чашм наканда мушоҳида кард, ки савори Манучеҳрро гирифта ақиб мондаасту аспашро аз ду ҷониб тозиёна мезанад. Манучеҳр дигар намехезад. Ҷисми афгораш аз болои тобасангҳо ва хорбуттаҳо кашон-кашон меравад. Аз пасаш шоҳи хушки хор, ки шояд ба шим ё мӯзааш дармондааст, кашол аст. Ҷанге ки аз паси даста хестааст, чун абрҳои сафеди тобистон ночунбон истодааст. Чернов ба ҳасрат пай бурд, ки дастаи Дониёр фирор мекунад. Аспҳои худашон, ки хастаанд, ақиб мемонанд. Аммо аз байн ду дақиқа гузашту аспе, ки Манучеҳрро кашола мекард, ақиб монд. Яқин, монда шуда буд. Соҳибаш сари аспоро ҷониби поёни дашт гардонд. Яке аз ёронаш низ аспашро гардонд. Онҳо бо ҳам ба шиддат сухан мегуфтанд. Шояд рафиқаш ӯро аз роҳ гардонданӣ буд.
Аз дастаи Чернов низ як гурӯҳ сари аспоро гардонданд. Амони калта аллакай аз паси онҳо шудааст. Аз пас Ҷангиевму Кузмин ҳам ҳамроҳ шуданд. Кузминро дида, Саша Григорев низ сари аспашро гардонд. Саша ҳам аз Тош канд, думраваки Кузмин аст. Чернов аз паси душман бехуда овора шудани ёронашро пай бурда бошад ҳам, чизе нагуфт. Худаш низ аз паси босмачие, ки Манучеҳрро кашола мекард, асп монд. Дар байни дашт пои аспи Кузмин ба чуқурӣ рафт ва ҳарду саракӣ афтоданд. Кузмин хеста сару рӯйи аспро қамчин задаю боз савор шуд. Сойеро убур кардану Муҳаммадшариф хабар дод, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор