Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
баланд ва сершох дорад. Баъзеашон аз нисф боло кайҳо хушк шудаанд. Баъзе шохаҳо афтидаанду дар гӯшае онҳоро ҷамъ кардаанд. Баландтар аз дарахтҳо чашма аст. Обаш ба болои себаргаҳо шорида меравад. Яқин мазорҷой аст. Барои ҳамин шохаҳои хушкшударо касе дилу гурдаи буридану бурдан намекунад. Аллакай дар атрофи хонаҳо сарбозон бо босмачиҳо задухӯрд доранд. Чернов баландиро фуромада, тахмин кард, ки теъдоди душман ҳафтодуҳаштод нафар аст. Дар сар рӯймол бастаанд. Баъзе либоси милиса доранд. Ин дастаи Донёр аст! Соли гузашта онҳо дар ағбаи Фахробед ду маротиба ҳамин тавр ногаҳон аз пеши роҳи рораи Давлат баромада, хеле сарбозҳоро куштаю захмӣ карда буданд. Акнун онҳоро дунбол карда, пеши роҳашонро гирифтаанд. Маълум мешавад, ки дирӯз ҳаминҳо ба рораи хизмати ақиб дарафтада, молҳояшонро рабудаанд. Аспи Чернов ҷониби чашма давид, ки лаҷомашро кашидаю ба сараш сахт тозиёна зада гардонд. «Вақти обнӯшита ёфтӣ!»
Ҳоло ҷанг поинтар аз хонаҳо дар кӯтанҳо идома дорад. Сарбозон бо ғазаб ва нотарсии фавқулодда ба душман дарафтадаанд. Ҳатто аспҳояшон, ки дар ҳавои гарм бемадор менамуданд, ҳоло чолоканд. Ӯ аз бари хонаҳо гузашта, аспи Манучеҳрро дид, ки бесоҳиб, лаҷомаш овезон лукка зада мегурезад. Аз афташ Манучеҳрро зада афтондаанд. Кошки сиҳат бошад. Дар даромади кӯтан мурдаи Николаев Сергей ва сержант Максим Григорьев хобанд. Максим қариб як сол шудааст, ки взводи Загорскийро қабул кардаю бо онҳо унс гирифтаю аз кораш хурсанд буд... Ҳардуро тир задаанд. Онсӯтар Михаил Черевиченко ба харсанге такя карда, бо дастонаш синаи хунфишонашро доштааст. Дар нигоҳаш озору ҳасрати бепоён аён аст. Аз байни панҷаҳояш хун чашма барин ҷӯшида мерезад. Вай ҳафтае пеш аз Киев омада буд; хурсандӣ дошт, ки занаш писар зоидааст. Михаили кӯҳтан ҳам таърихдон аст, ҳам мисли кӯдак сода аст. Барои ҳамин феълаш ҳама нағзаш мебинанд. Чернов аз дарду алам лаб мегазад ва ба сарбози аз пасаш омада мефармояд, ки захми Михаилро бандад!
Се нафар аз взводи Манучеҳр ҳамчунон оғуштаи хоку хун байни шоху шиппаҳои хушкшуда бо сару рӯйи бо шоф бурида хобанд. Якеро як чашм яла, аз чашми дигараш хун мешорад, дигареро ҳам рӯяш бурида, ҳам шикамаш, рӯдаҳояш намоён, ҳам шуда бо ду даст онҳоро доштааст. Чашмонаш аз ваҳму тарс мисли коса кушодаанд. Ҳар се аз рӯзҳои аввали зидди амири Бухоро ҷанг сар кардан ҳамроҳи бригада буданд. Эҳ, чӣ қадар рафиқонро куштаанд... Чернов таппонча дар даст аспашро сахт тозиёна зада, пеш меранад. Дар даромади кӯтанҳои назди чангалак Ниёзи дарозро дид, ки бо босмачии рӯймол ба сар кашокаш дорад. Хонаро тоб хӯрда гузашт ва чашмаш ба чобуксаворе афтод, ки аспашро сӯйи поёни теппа қамчинкорӣ дораду сарбози танлуҷе банд дар гардан аз паси асп медавад, пешипо хӯрдаю афтида кашол мешавад, ҷонсарак мехезад, ду-се қадам медаваду боз меафтад. Чернов саросема ҳамаи тирҳои таппончаашро ба тани сиёҳи мӯйлабдор, ки ба сарбози чингиламӯйи лоғарандом часупу талош дорад, холӣ кард. Қафи дасташ гармии пистолетро ҳис кард. Мӯйлабдор бо асп аллапо шуд. Вай раҳораҳ боз ба таппонча тир ҷой кард. Дастонаш ларзидаю аксар тирҳоро резонд. Михаили синааш хунфишон бо чашмони калон кушода пеши назараш омад. Фикр кард, ки бо чунин захм дар гумон аст, ки зинда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор