Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ор барин мехарошад. Ба рафиқат чунин ситамро раво бинаду аз дастат коре наояд.”
Аз пас овози дашному ғалогула шунида шуд. Чернов дид, ки дар дасти Амон корду ду нафар ӯро доштаанд. Босмачии асирро аллакай кадоме зада афтонда чашмашро кафондааст. Аз даҳону биниаш хун меравад. Яқин асирро Кузмин задааст. Вай қасоси Сергей Николаевро гирифт. Агарчи пулҳояшро дар қимор мебурид, рафиқ буданд.
Чернов ба Кузмин нигоҳи ғазаболуд андохта, ба асир зеҳн монд: ҷавони зардина, мӯйлабаш мисли сабзаи навруста аст. Аз сару рӯяш, гӯё ки об мерезӣ, арақ мешорад. Куртаю эзори сафедаш дар об тар карда барин. Куртааш дар ду тарафи китфонаш банд дорад. Бандҳо кушода...
– Чаро худатро аз паси рафиқат напартофтӣ? – пурсид Ҷангиев аз ӯ.
Асир сари зону хест. Ҳайрон ба Ҷангиев нигоҳ кард, вале сухане нагуфт.
– Чаро ҳафкро накушодӣ, ки ба қатори дигарон гурезед? – пурсид Ҷангиев бо овози баландтар.
– Ҳафк... Асир гӯё ба худ омад ва бо овози ларзон гуфт: – Ҳафк гиреҳ афтидааст. – Арақи сару рӯяшро ба остинаш пок карда чашми маҷрӯҳашро бо дасташ дошт.
Ҷангиев саволашро такрор кард.
– Ҳамроҳам аз ман корд пурсид, ки ҳафкро бурад. – Гуфт асир ва овозаш гиряолуд шуд. – Бинам, кордам ҳамроҳ бо рӯймолам афтидааст. Вай, ки ҷониби дашт нишеб шуд, ман ҳам аз пасаш рафтам. Мо писарамакем.
– Номаш Беҳрӯз? – пурсид Муҳаммадшариф.
Асир бо як чашм ҷониби Муҳаммадшариф нигаристу ба тасдиқ сар ҷунбонд. Амон дод зада чизе гуфт, ки асир ба ӯ эътибор надоду ҳикак зада суханашро идома дод:
– Писарамакам аскарро зада афтонду пас ба гарданаш банд андохта, онро ба қафои зинаш баст.
– Қарор додед, ки худатонро аз ҷарӣ партофта он тараф гурехта меравед? – пурсид Ҷангиев.
Асир нигоҳашро ҷониби дарё гардонду сухан накард.
Кузмин мили камонро ба шиками асир монда пӯписа кард: – Ҷавоб деҳ саг, вагарна ин чашмат ҳам мекафад!
Асир боз ҳам гап назад.
– Сар деҳ, ман ин ҳаромиро як корд занам! – гуфт Амон бо нолиш.
– Худат ҳаромӣ! – ин дафъа бо ғазаб дод зад асир. – Ба урус ҳамроҳ шуда, худии моро мекушед... Ҳама аз ҷабри шумо рафт! – Асир дигар худро дошта натавониста бо овози баланд гиря кард. Тамоми баданаш меларзид.
– О, сар деҳ мана! – Амон дасти Ҷангиевро, ки ӯро дошта буд, газиданӣ шуд. Тани ӯ ҳам меларзид. Вай ҳам аз алами Манучеҳр дарун-дарун гиря дошт.
– Амонов Амон, ором бош! – гуфт ба тундӣ Чернов. Дили ӯ ҳам лабрези ғазаб шуда буду намедонист онро ба кӣ резад.
– Худат аз куҷо мешаваӣ? – Ҷангиев бо ҳисси дилчӯӣ ба рӯйи асир зеҳн монд.
– Ба ту чӣ фарқ дорад? – Асир хуни даҳонашро туф кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор