Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Мо ҳоло туро аз паси рафиқат мефиристем, ба кӣ хабар диҳем, ки куҷо рафтӣ?
— Кордаш зан!- дод зад Амон. - Аслан ту аз мурдани Манучеҳр хурсандӣ. Дигар ӯ тилло талаб намекунад!
— Байни ману Манучеҳр ҳарчи буд, ту кордор нашав!- гуфт Ҷангиев бо зарда ва ҷониби асир нигарист.
— Мо аз тарафи..., — гуфт асир ва хап шуд. Нигоҳашро аз дарё намеканад. Яқин он ҷо мурда ё зиндаи писарамакашро диданист.
“Агар хато кунад, худадро ба ҷарӣ мепартояд!”- ба сари Чернов чунин фикр омад.
Ин дам садоҳо баланд шуданд:
— Зинда!!! Баромад, зинда!!!
— Ух шайтан! - Живой, невредим!1
— Сволочь! Босмач! Вот он!2
Ҳама лаби ҷарӣ рафта, ба дарё нигаристанд.
Босмачӣ аз ҷое, ки худашро партофта буд, ягон бист қадам поинтар аз об баромада дилгеҷ аз байни сангҳо гузашта, дар паси ниҳолаки сершоҳе паноҳ бурд.
Нахуст Кузмин паронд; аз паси вай Амон паронд, тирашон нарасид. Фосила зиёд буд.
Босмачӣ ҳамчунон дилгеҷ пештар рафта, худро паси санге гирифт. Фақат пойҳояш берун монданд. Боз паронданд. Загорский сари зону нишаста, нишон гирифт, ки Чернов ба китфаш даст монда, гуфт.
— Пётр, камони маро гир. Хез, хез! Тираш нишонрас аст.
Пётр дар сухани сардор асроре пай бурда, рафта аз фитроки зин камонро гирифта, ҳашт-нӯҳ қадам онсӯтар истода паронд. -Босмачӣ хеста дасташро нарта карда нишон дод ва лангон-лангон дуртар рафт.
— Худатро тирандоз мегирию аз дастат г... наомад.- Амон ҳик-ҳиқ гиря кард.
Дар ин асно Кузмин коре кард, ки ҳамаро ба ғазаб овард.
Асирро, ки ҷониби писарамакаш бо ифтихор ва хурсандӣ менигарист, аз гарданаш кашола карда лаби ҷар бурда, “эй босмач, сволоч, смотри!”3 гуфта бо шамшер аз пушти гарданаш зада тани хунфишон ва ларзонашро ба ҷарӣ ҳаво дод.
Ин кор чунон тез сурат гирифт, ки касе ба лаб кушодан фурсат наёфт. Боз ҳама ба лаби ҷарӣ рафта ба дарё нигаристанд. Ин дафъа тани ҷавон ба дарё наафтид. Ба ҷарӣ зада-зада фуромада ба соҳил афтид. Хоку реге ки аз ҷар мефуромад, дар болояш мерехт.
Чернов бо ғазаб тохта мушташро ба манаҳи Кузмин зер кард, аз ғояте, ки забонаш мегирифт, гуфт:
- Оҳ шайтон! зинда! сип-сиҳат!
- Нобакор! Босмачӣ! Ана дар онҷо!
- Ҳой босмачии нобакор, Нигоҳ кун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор