Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Занҳоро сахт нагӯед, писандатон намекунанд,- гуфт Сайфуллоҳ ба оҳанги шӯхӣ ва ба ҷояш гузашта, суханашро идома дод:- Аслан гиред, мардум баъд аз ҷанги тоҷику ӯзбек дигар ба коре иштиёқ нишон надод. Вақте мебинӣ, ки ҳамсоя хонаатро оташ задааст, ҳама кора монда хеста бо урус ҷанг мекунӣ? Не-е, аввал аз ҳамсоя қасд мегирӣ. Табиати мардуми мо чунин аст. Аз тарафи дигар, арафаи ид аст. Ин ҳам таъсир кард.
  • Ин сарсонию саргардониро бинед,- Мансур ҷониби Низом-маҳдум гашт.
  • Мардум фаҳмида бошанд, ки урус моро ҷанг андохт?- пурсид Низом-маҳдум.
  • Не, дар ин бора сухан намегӯянд. Тоҷикҳо аз Иброҳиму ӯзбекҳо аз Давлатманд домангир.
  • Ҳамроҳ иди қурбонро гузаронанду мушкаилашонро хушӣ ба хушӣ ҳал намоянд,- гуфт амаки Сайфуллоҳ.- Мардумро ҳам фикр кунанд, бечораҳо аз кору зиндагиашон монданд.
  • Ин кор дигар хушӣ ба хушӣ ҳал намешавад.- Низом-маҳдум косаи чурғотро назди Мансур гузошт.- Баъди ин қадар овозаю дарвоза ва аскари аслиҳае, ки русҳо оварданд, мемонанд, ки Анварпошо хушӣ ба хушӣ ин ҷо гардад? Ҳаргиз намегузоранд.
    Холаи Робия ҳар гоҳе дарояд, ба Низом-маҳдум зеҳн мемонад. “Шукр, ки худатон сиҳат” мегӯяд, хешу таборро як-як ном гирифта мепурсад. Баъди рафтанаш Низом-маҳдум гуфт: “Ҳоло гӯям, ки духтари додарам Даврон мурд”, наво меандозад.
    Ҳангоми хоб ки танҳо монданд, Низом-маҳдум дилашро кафонд:
  • Мансурбой, баъди аз се-чор рӯз ин ҷо урус ҳам меояду аскари Анварпошо ҳам, ва маҳшар барпо мекунанд. Сухани мо ин ҷо «Ҷанг кунед ё накунед» кадр надорад. Агар гапамро гиред, мо пагоҳ роҳи Афғонистонро пеш мегирем.
    Дили Мансур аз шунидани номи Афғонистон ба тапиш даромад.
  • Ку пагоҳ шавад,- гуфт. Аммо пагоҳӣ, ҳангоми чойнӯшӣ хабар дод, ки бояд як маротиба Бухоро равад. Он ҷо баъзе корҳои зарур дорад.
  • Ин тавр бошад “бор”и дина шаб гирифтаамонро худатон бурда, ба Давлатманд супореду пас Бухоро равед. То ки гапаш набарояд. Онҳо ҳам борро бинанд, хурсанд мешаванд.
    Мансур ба тасдиқ сар ҷунбонд.
    Баъди чой Низом-маҳдум зану бачаҳояшро гирифта, ҷониби Афғонистон раҳсипор шуду Мансур ҳамроҳи шаш нафар ҷавон ба даҳ ҳар нону мева бор карда, роҳи Обдараро пеш гирифт.
    Он пагоҳӣ ҳаво шамолдошт буд, хасу хошокҳои хушкшударо ба ҳар тараф мебурд. Гули гиёҳи талу теппаҳо ранг бохта ҳоло хор шудаанд: Ба пойи ҳарҳо гаштанро Мансур хуш надошт. Вале дигар чора набуд. Ба назараш менамуд, ки ин ҷо кӯҳдара бисёр асту чашмаҳо камтаранд. Тоҳирҷон гуфт, ки дар ин ҷо баҳорон чашмаҳо зиёд мешаванд, тирамоҳ ки шуд, хушк мешаванд.
    Онҳо қариби намози аср ба бошишгоҳи дастаҳо расиданд.
    Ёрони Давлатманд дар сояи дарахтони тут ва чинорҳои сершоху барги атрофи чашмае, ки обаш аз баландӣ ҷорист, барои худ ҷойи буду бош омада
пешина
аз 613
навбатӣ