Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кардаанд. Чун ҳавои дара салкин аст, бештарашон ҷома пӯшидаанд. Давлатманду Анварпошо дусад қадам баландтар, дар ҳавлии на чандон калони канори деҳе, ки тахмин бист-сӣ буна дорад, ҷой гирифтаанд. Ин ҷо ҳамаи хонаҳо гилин буда, ғурфаю дудбарояшон ҷониби поёни дара аст. Дере нагузашта Анварпошою Давлатманд бо як гурӯҳ камардору чилавдорҳояшон ҷониби ёрон нишеб шуданд. Намози асрро ҳамроҳи ҷамоат мехондаанд. Мансур даҳ моҳ пеш сурати Анварпошоро дар газета дида буд. Он марди овозадор ҳоло намуди дигар дошт, риш мондааст, чеҳрааш офтобзада, рӯи биниаш пӯст партофтааст, дар тан нимтани рангпарида дорад. Нигоҳаш ошуфта менамояд. Ба як дидан пай мебарӣ, ки он шавку шӯри пешинаро надорад.

Давлатманд марди баландқомати кӯҳтан буда, чеҳраи гандумгуну сергушт ва чун осмон кушода дорад.

Тоҳирҷон Мансурро ба Давлатманд шинос кард. Мансур бӯри овардаашро (ду қуттии тир) пешкаш карду афзуд, ки дар роҳ муфт ва ногаҳон ба дасташон афтод. Ва боз илова кард, ки ду аскари сурхро зада, аз дасташон гирифтем.

– Дар ҷонат садқа, мо аз бетирӣ гурехта, ба ин кӯҳҳо паноҳ бурдем. – Давлатманд хандида, Мансурро ба оғӯш гирифт.

Аз овози баланди Давлатманд Мансурро низ хандааш омад. Баъдтар Анварпошо сар то пойи Мансурро озмоишкорона зеҳн монда, пурсид:

– Он сарбозони рус аз куҷо пайдо шуданд? Ва чӣ гуна шуд, ки ин тирҳо ба шумо расиданд?

Мансур фаҳмид, ки Анварпошо ба ӯ бовар надорад, моҷарои рафтаро гуфт:

– Дар назди деҳи Кулисуфиён, дар хирмане шабро гузарониданӣ шудем, ки ду нафар аскари сурх омаданд. Онҳо барои бригадаи 11-ум тир мебурдаанд. Мо инро баъд фаҳмидем. Байнамон баҳс шуд. Яқин онҳо намедонистанд, ки мо низ таппонча дорем. Яке аз онҳо таппончаашро наздаш мондаю ҳангома кардан гирифт. Халқи моро ҷоҳилу нодон гуфта наҳ зад. Худаш ҳам мусулмони ҳамин тарафҳо будааст. Инро ҳам баъд фаҳмидем. Кор ки ба ҷанг оид шуд, мо пешдастӣ карда онҳоро парондем. - Анварпошо боз ким-чиҳое пурсиду пас бо тасдиқ сар ҷунбонда гуфт:

– Дар Бухоро тир ёфта метавонем? - Ва бори нахуст табассум карда, афзуд: - Дар байни русҳо шахсони ба чунин корҳо манфиатдор ҳастанд. Онҳоро ёфтан лозим.

– Ман ин корро накардаам, - гуфт Мансур. - Ба байнашон ҳам надаромадаам.

Анварпошо тугмаҳои куртаашро гузаронда ба самте нигарист.

Шабона дар байни ҷанговарон пичир-пичир шуд, ки пагоҳ арафа аст; бояд ҷавоб диҳанд, ки ба хонаҳоямон рафта ид кунем. Ва саҳар маълум шуд, ки як гурӯҳ шабона бепурсиш ба хонаҳояшон рафтаанд.

Пагоҳӣ, баъд аз намоз хабар доданд, ки аз ҷоятон нахезед. Анварпошо сухан мекунад.

Ҷои зисти размандагон дар баландии буда, атроф ялангӣ аст. Мансур ба атроф зеҳн монда, мушоҳида кард, ки кӯҳҳои ин ҷо баланд нестанд. Яктарафа такя задаанд. Мисле ки сӯҳбати маҳрамона доранд. Кӯҳҳои хокаш мулоим, сералаф. Чормағз доранду дулонаю ҷоричу хуч доранд. Иқлимаш ҳам нарм.

пешина
аз 613
навбатӣ