Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Пули ман ҳам як миллион буд, – кулоҳдор ҷониби марди зардина нигарист. Дар Пориж фаҳмида хеста омадам, ки на пай мондаасту на Ҳайдар.
– Шумо акнун фаҳмидам-нафаҳмидаматона монед! – гуфт зардина ба дуруштӣ. Бештари коргарҳои бонк ҳамқавматон буданд. Онҳоро шумо хубтар медонед. Онҳо меоянд, намеоянд, мо чӣ кор кунем?
– Шумо кунатона хорида гардед, – гуфт кулоҳдор писханд карда. – Онҳоро дигар не дар замин меёбед, не дар осмон. Агар Николай дар ҷояш мешуд, ин корҳо рӯй намедоданд. Ҳоло аз кӣ мепурсед? Болшевиқҳо худашон бонкҳоро ғорат карда гаштаанд. Мардума ғорат карданд. Инҳо аз соли малах ҳам гузаронданд. Сволочи они! Нищие! Слов не могу найти!
Кулоҳдор бесармуҷон қадам зада назди занҳо рафту пас омада гуфт.
– Ба ин занҳо дилам месӯзад. Шавҳарашон аз омаду рафт беҳол шудану акнун занҳошон ҳар ҳафта як ё ду маротиба хабаргирӣ меоянд.
– Бисёри мардум пилаи дусоларо супорида пулашро нагирифтааст, – овоз дод зане.
Марди қадбаланди қалпоқдор ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд:
– Мақоле ҳаст: «Соҳиби асп мурад, аспаш ҳам мемурад». Николай ки рафт, бонкҳояро ҳам бо худ бурд.
Он ҷо боз аз ину он гуфтанду Мансур бо дили садпора ақиб гашт. Фикр кард, ки деҳқонҳо сӯхтанд. Дигар касе ҳаққи меҳнати онҳоро нахоҳад дод. Хубаш «меҳнатамро ба арвоҳи гузаштагонам бахшидам», гуфта аз баҳраш бароянд. Ба ин васила пеши роҳашонро кушоянд. Дар ёди он пул худро баста намонанд. Ӯ боз ба кӯчаи Азими Хоразмӣ даромад. Дар сари кӯча бозор ҳаст. Назди дари даромади бозор кабобфурӯшҳо «кабоби гӯсфанди даштӣ» гуфта кабобашонро таъриф доранд. Ба хотири Мансур омад, ки аз ин ҷо чанд маротиба гузашта ҳаваси кабобхӯрӣ карда буду дилаш нашуд, ки пулро сарф кунад. Ба худ қарор медод, ки як бегоҳ Бибигулро ҳамроҳи бачаҳо ин ҷо оварда шом мехӯранд, ин орзуяш ҳам дар дилаш монд... Ӯ ба занаш аз ин воқеаҳо лаб накушод.
Бибигул сатил дар даст бо хашм аз хона баромада сӯи чӯйбор равон шуда гуфт:
– Маро аз хонаю дарамон ҷудо кардед! Аз ақрабо буридед! Дар анборхона моли як умр ҷамъ кардаам, гилему намаду калобаҳо, сад асбоби баҳри рӯзгор тайёр кардаам. Тобистон борҳо гуфтам, ки маро ба хонаам баред!..
«Чунин таънаҳоро як умр хоҳад кард», аз дил гузаронд Мансур. Ва дилаш лабрези ғусса шуда, чой аз гулӯяш нагузашт. Хеста рӯи ҳавлӣ баромад. Пасупеш қадам зада, ба фикраш омад, ки агар бой гуфта мебурданд, аз ин бадтар буд. Як сол - ду сол тоқат кунем, он тараф Худо подшост.
Дере нагузашта инқилоби овозадори рус як бегоҳирӯзии баҳор ҳамроҳи абрҳои сиёҳи тирарӯйю шукуфаҳои дарахтон, ки пеш-пеши бод метохтанд, ба деҳаи Найзаварон низ расид. Ва ба якчанд хона, аз ҷумла ба хонаи Мансур, чун мор сари секунҷаашро дароварда, оҳиста, гарданашро ба чапу рост тоб дода, ҳамаро дар таҳлукаи ҷонгудоз андохт.

пешина
аз 613
навбатӣ