Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фаррухбой даст ба зонуи Мансур ниҳода гуфт:
– Барои он наздатон нишастам, ки суҳбат кунем, – ва пурсид: – Домулло ҳамроҳ мадраса хонда бошад?

– Хондагӣ барин, – гуфт Мансур ба мусоҳибаш зеҳн монда ва ба хотираш суханони пагоҳӣ гуфтаи Фаррухбой расид: “Ҳангоме ки давлатҳои Урупо як шуда Туркияи моро дар муҳосира гирифтанд, ҳамин ҷавонтуркон буданд, ки пеш-пеш шуда, ба майдон даромадаю халқашона хезонда барои ватанашон роҳи наҷот кушоданд. Дар Юнон дар ҷабҳае, ки Анварпошо сарлашкар буд, ғалаба болои ғалаба буд”. Ана акнун он инқилобчӣ, он сарлашкари номдор ба чӣ ҳол гирифтор... Болшевикҳо оварда дар кунче телаш карданд ва оқибати кораш маълум нест. Аз ин фикр дили Мансур такон хӯрд. Ӯ ба Анварпошо ҷой дароз кард.

Фаррухбой пиёларо гирифта, бо меҳрубонӣ ишора кард, ки: монед ба ҳолаш, нороҳат накунед...

Фаррухбой, ки феъли рафиқашро медонист, пай бурда буд, ки ин лаҳза ӯ ба дунёи ботини худ фурӯ рафтааст. Мансур ҳам аз ларзиши рухсораҳои Пошшо пай бурда буд, ки ӯ худро ором вонамуд кунад ҳам, дарунаш пур аз ғавғост.

Оре, дар он лаҳза дар сари Анварпошо андеҳаҳо чун дарёи обаш дамида хурӯш мекарданду хурӯш. Ӯ гузаштаро пеши назар оварда, аз он ҳам ифтихор мекард, ҳам хориаш омада ба умри пур аз шӯру шар гузарондааш дилаш месӯхту месӯхт. Мисле ки кундаи чӯбу ғӯш месӯзаду ҳеҷ тамом намешавад.

Ифтихор аз он мекард, ки тақдир дар ҷавонӣ ӯро ба одамоне пайваст, ки дар дилашон ишқи ватан чӯш мезад. Онҳо ҷонашонро дар хатар гузошта, султонҳои Туркияи Усмониро, ки шашсад сол дар тахт нишаста пиру заиф шуда аз маърифати замона дур монда буданд, умрашонро ба гирудори хонаводаашон сарф карда, халқи кишварашро фаромӯш карда буданд, аз тахт барканор карданд. Ҳокимияти монархистиашонро барҳам дода, кишварашонро мисли давлатҳои ҳамсоя ба сохти демократию парламентӣ раҳнамо шуданд. Дар соли 1911, ки наҳангкишварҳои атроф бо роҳҳои хушкию баҳрӣ ватанашонро пора-пора кардаву фурӯ бурда буданд, рӯбарӯ истода, ҷонбозиҳо карда, Туркияи азизашонро наҷот доданд. Дар Юнон, дар Балкан ҷабҳае, ки Анварпошо сарлашкар буд, ғалабаҳои овозадор ба даст овард. Газетаю журнале набуд, ки сурати Анварпошоро чоп накарда набошад. Баъдтар ба таври мӯъҷизаосо гарданаи Дарданелро аз дасти душман раҳониданд. Ин воқеаҳо алови чашми душманҳоро гирифт. Туркия боз номдор шуд. Ҳамон солҳо авҷи шуҳрати Анварпошо будааст. Дару дарвозаи султонҳо ва ҳукумат ба рӯяш боз мешуданд. Як ишорааш бас буд, ки зеботарин душизаҳо дар назДаш ба рақс дароянд.

Дере нагузашта наҳангҳои гурусна боз ба Туркия ҳамлавар шудаю ин дафъа ӯро шикаст доданд. Фармон шуд, ки силоҳатонро супоред. Анвар бо як гурӯҳ рафиқон, ба умеде, ки роҳи наҷот пайдо мекунад, пинҳонӣ аз муҳосира баромад. Ва чунон ки дар чунин мавридҳо рух медиҳад, байни ёрон зиддият сар зад. Хайр, ин гапу кори дигар. Аммо ба он сабаб ба ҳолаш дилаш месӯхт, ки ба як кишвари ақибмонда ва пур аз ҷаҳлу ҷунуну чафописанд ба умеди ёрӣ омаду чун гург дар қапқон афтид. Ба хотираш омад, ки аслан ин сафар аз рӯзи аввал

пешина
аз 613
навбатӣ