Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

номуборак буд. Дар Олмон ду маротиба ба аэроплан савор шуду дар нимароҳ сабаби техникӣ гуфта фуроварданд. Дафъаи сеюм ҳам аз аэроплане фуроварда, таъмирталаб будааст гуфта, ба дигаре шинонданд. Ҳоло фикр кунад, онҳо ишораҳои осмони меҳрубон будаанд, ки гаштаву баргашта, “Ҳой, нарав! Нарав!” мегуфтааст. Вале Анварпошо, ки феъли якравӣ дорад, аз роҳаш нагашт.
Ҳангоме ки ба Масков омад (қариб як сол он ҷо монд), рафиқон гуфтанд:
— Зинаҳор ба ваъдаи болшевиқҳо эътимод макун. Мо дурӯғу дағои инҳоро на якбор, балки дубор дидем. Ба Бухоро омада дид, ки дар тагу болои ҳукумат аксар тоторҳо ва туркҳоянд (Туркҳои дар ҷанги якуми ҷаҳон ба русҳо асир афтада). Сарварони онҳо ҳам аз ҷавонбухориён дар Истанбул таҳсил карда ва таҷаддудхоҳ буданд. Бо инҳо бовар кардан мумкин буд. Туркистон ба назараш кишвари ошно ва бинои зерабою васеъ ва пур аз сарват намуд. Ба назараш намуд, ки ин ҷо осонак лавозимоти мисли давлати Туркия сохтан мумкин аст. Он ғоҳ боз ба Туркияи бо саҳрои баланд бармегардад. Ин орзу мисли киштии бузурге буд, ки ба ғӯтях бархӯрда, ба жарфтарин ҷойи баҳри дилаш фурӯ рафт, то ки дигар барнагард. Боз фикр кард, ки ин мардумро аз вомондагӣ раҳонидан лозим аст. Охир инҳо ҳама биродари қавми турканд. Бояд ба чашми кушода ба олам нигаранд.

Дар Бухоро рафиқон аз нияташ огоҳ шуда гуфтанд, ки дар ин ҷо орзуи нав давлат сохтан накун. Закибой - марди донишманди бошқирд гуфт, ки мо ин ҷо ба умед “ҷамъияти иттиҳоди миллии Туркистон”-ро аз Уфа ба ин ҷо кӯчонидем ва баъд дидем, ки вазъи ин гӯшаи ақибмонда аз мо бадтару абтар будааст.
Мардум аз дарку диди оянда ва истиқлоният бебаҳраанд. Зинҳор ин ҷо иқдоми ба шӯриш накунед. Ҳалқ тайёр нест. “Ин халқ ҳеҷ гоҳ тайёр намешавад” -гуфт Анварпошо ва боз ҳам феъли якраву аваш боло гирифт. Оҳ, ин феъли мисли оҳан дар дарунаш манзили сангин кардаю мудом дар ғавғо аст. Коре, ки пеш гирифт, то сомон надиҳад, оромаш намегузорад. Аммо пас аз он ки кор аз даст гузашт, фаҳмид, ки Закибой ҳақ будааст. Ин ҷо як халқи пора-пораву аҳли нокора. Ҳатто ҷадидҳояшон яғқапаю якрӯя нестанд. Рӯшанфикрони Тошканд, Самарқанд, ҳатто Фарғона ҳаводори русҳоянд. Бо русҳо бошанд, зиндагиашон осуда мешудааст. Русҳо табиати камбағалпарвар доштанд. Ба хусус адабиёташон ба инҳо писанд будааст. Солҳои охир Бухоро ҳам ба ҳамин дард гирифтор шуд. Аммо ин тарафҳо, ки Бухорои шарқӣ мегӯянд, ҳоли зоре дорад. То инҳо намефаҳманд, ки давлат, миллат, ватан гуфтанӣ гапҳо ҳаст. Агар Мовароуннаҳр гӯед, намефорадшон. Мо миллати ислом мегӯянд. Акнун, ки аз ватан ронда шуданд, мефаҳманд, ки дин чӣ будаасту ватан чист...

Анварпошо пештар, вақте аз Фаррухбой фаҳмид, ки русҳо сарҳадро аз Қизилкаппаи наздики туркманҳо то Саройкамар зери назорат гирифтаанд, димоғаш
сӯхт. Не-е, натарсид, қаҳраш хест. Аз берӯи русҳо, он мандонамиҳошону... ба
ғазаб омад. Чӣ номаҳкулие, ки ба сарашон ояд, кардан мегиранд! Бубин, ки моро
берун рафтан намемонанд. Сад сол пеш Қиримро бо фиребу найранг аз дашон гирифтанд. Наздик буд, ки Константинополро ҳам гиранд. Он тарафҳо, Шарқи
Дур, то назди савмааҳои Ҷопон рафтанд. Ин тараф ними Хуросонро ҳам
соҳиб шудаанд, боз кам. Мисли мурғи чаковак, ки шабу рӯз об мегӯяд, мо
замин мегӯянд. Соли гузашта дар Масков ӯро фириб доданд. Гуфтанд, ки қонун

пешина
аз 613
навбатӣ