Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

медиҳем, Туркияи пора шударо барқарор мекунӣ. Пас интизор шуда нишистанд, ки кори Камолпошо, ки бар зидди истилогарҳо шӯриш бардошта буд, то куҷо мекашад? Вай, ки ғалаба кард, табрик кардандаш. Анварпошо ду даст ба бинӣ монд. Сарашро гич кардаю ба ин тараф фиристоданд ва дар вартаи бало афканданд... Оғозари ҳамаи ин корҳои бетарҳу бесубот болшевикуҳо буданд.
Каргас, ки раҳнамо мешудааст, ба гӯристон мебурдааст...
Дар ин асно Гадобой хӯрок оварда назди Анварпошо монду бемайлу хотир буданашро мушоҳида карда пурсид:
– Ақаҷон, айрони хунук ҳаст, биёрам?
– Баъд. – Анварпошо косаро пеш кашида, хӯрокро қошуқ зад. Ҳатто эътибор надод, ки чӣ хӯрок оварданд. Боз нигоҳаш ба самте банд монду беихтиёр дунболи хотираҳояш рафт. Ҳамчунон аз кори вазири ҳарбии Афғонистон Нодирхон аламаш омад. Ду маротиба хат кард, ки се-чор пулемёт фирист...
Ақаллан якто мешуд, дар ҳамин тангиҳо роҳи болшевикҳоро поида дилсерӣ мезадашон. Ду тӯпи бомбаафкан мешуд... Не, нафиристод. Акнун чӣ илоҷ?
Ба қавли Давлатманд, танҳо ба кӯҳҳо гурехтан монд... Ба кӯҳ баромаданашро тасаввур карда, лабханд кард. Боз даст ба об бурд ва ба фикраш омад, ки дар ҳамин ҷо ҳам кораш дар аввал омад кард. Ду ҳуҷуми бобарори рӯзҳои нахуст чеҳраи ҷангро дигар карданд. Дар Қубодиён гарнизони болшевикуҳо ҳалқа кардаю nimi баталионро куштаю асир гирифтанд. Дар гарнизони Кӯлоб шабона борут монданд. Он ҷо халқи бисёр кушта шуд. Ҷангиҳои аз Туркия омада ҷавонони таҳҷоиро санъати ҷанг омӯхтанд. Ин кордориҳо таъсири бузург дар рӯҳияи мардум гузошт. Он рӯзҳо дар суҳбатҳо ва маъракаҳо аз ҷанги ғозиҳо сухан мерафт. Мардум аввалин маротиба болшевикони масҷидшикану мағруру мутааддиро сарҳаму сарафканда диданд ва ба Анварпошо эътимод бастанд. Он айём бо чунин пирӯзиҳои пайдарпай болшевикуҳо аз соҳили Ҷайхун задаю то таги девори Бойсун бурд. Чӣ овозаҳо карданд... Баъд шикаст хӯрд. Баъде ки бо Иброҳимбек вохӯрд, парвозаш ба сукуят бадал гашт. Дар аввали вохӯрӣ бесабабу беибо зиндонаш кард. Он вақт ӯ аз бисёр корҳо хабар надошт. Баъд пай бурд, ки ин корҳо бе ишораи амир Олим сурат намегирифтаанд. Ба ҳар ҳол ба назараш чунин менамояд. Чунки баъдҳо аниқ донист, ки Иброҳимбек Фузайил Маҳсумро барои он ки ҳаводори ҷадидҳо будааст, ба ишораи амир зиндонӣ карда будааст. Чанд нафар ёронаш, аз ҷумла ҳоҷӣ Ҳакими Кошгарӣ, пирамарди ҳирадмандро барои он суханаш, ки “Иброҳимбек, хушатро ба ҷояш биёр, ҳоло вақти ҷадидкушию муаллимкушӣ нест” гуфтааст, ба қатл расонд.
Амиру тарафдоронаш ҷадидҳоро душмани қаттол мегуфтанд. Ба ҳукумат роҳ надодани онҳоро аз вазифаҳои аввалдараҷа медонистанд. Анварпошоро ҷадид мехонданд. Байни худ “Ин ҷадид ҳаваси тахти Бухоро кардааст” мегуфтаанд.
Тарафдорони амиру Иброҳимбек ва аксар дастаҳои турктабор дар суҳбату ҷамъомадҳояшон ба таъкид мегуфтаанд, ки нисбат ба ҷадидҳо русҳо Бухороро гиранд, хуб аст. Дар дигар кишварҳо дар рӯзи ҷанг ҳама яктану якҷон шуда, бар зидди душман мехезанд, дар ин ҷо чунин набудааст. Сабаби ҳазор сол боз дигар нашудани ин мардум низ дар он буд, ки ҳар кадом чун кирм дар чирку

пешина
аз 613
навбатӣ