Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Очам мудом ҳамин гапа мегӯянд. - Тоҳирҷон ҷониби Мансур хандида нуқтаи аспро ба дасташ дод.
Дирӯз осмон соф буду кӯҳу камарҳои дурро равшан медидӣ. Имрӯз осмон ғуборолуд ва дасту теппаҳо дуру хиратоб менамоянд. Вале файзу фазои ид ки ҳаст, мардум хурсанд. Бо фараҳмандӣ ба идгоҳ равонанд. Кӯдакон дасту ба даст шодону шукуфону хурӯшон. Духтараҳо бо кокулчаҳои чилбофташон аз шодӣ дар худ намегунҷанд. Кӯчаҳо об задаю рӯфтаву озода. Мардум ба ҳам дилсӯзу меҳрубонанд. Имрӯз агар ду қаҳрӣ рӯбарӯ оянд, оштӣ мекунанд, якдигарро мебахшанд. Дар рӯзи ид аз баду неки гузашта намегӯянд. Ин одат аз гузаштаҳо омадааст. Ба хотири Мансур омад, ки вақте дар Самарқанд буданӣ ҳам зиндагиаш ба нуру зебо буд ҳам, идеро, ки мегузаронданд рангу бӯи дигар дошт. Ин тараф умраш ба зӯрӣ мегузарад. Рост мегуфтаанд, ки “Ҳар гул дар буттаи худ бӯй дорад.” Овора чию ид чӣ?...
Идгоҳ панҷсад-шашсад қадам поинтар воқеъ аст. Он ҷо мазор ҳам ҳаст. Аз деҳаҳои атроф аспакию ҳаракӣ меоянд. Бисёриҳо аспашонро ороиш додаанд.
Баъзе ҷомаи дарбеҳкарда дораду дар аспаш гирдаи гулдӯзикарда партофтааст.
Ва аспҳо ҳам рӯзи идро ҳис карда, худашонро ҷилва дода, бо мақом роҳ мераванд. Дар ду тарафи даромадгоҳ талбандаҳо - маъюбу беваю бечораро дармонедагон истодаанд. Дар тори дарахтон кӯдакон чун хайли кабӯтарону гунҷишкон ҷамъ шудаю шӯру ғавғо мекунанд. Аз он ҷо сафи намозхонҳоро дидан мумкин.
– Ду сол пеш дар ин ҷойҳо ба ғайр аз лӯлиҳо ва як-як қаландарҳо гадоро намедидед. Баъди ҷангҳо гадо пур шуда рафт,-гуфт Тоҳирҷон ва ба кафи зане, ки дар бағал кӯдак дорад, пул ниҳод.
Аз дарвозаи идгоҳ дарун айвони васеъ: фарш бо намаду гилемҳои рангин ороста шудааст. Домуллошариф, ки шаб дар хонаи Давлатманд буд, дар курсӣ муҳаммадӣ нишаста, аз пайдоиш ва чӣ мақом доштани ид амри маъруф дорад.
Яқтаҳу саллаи сафед ӯро босалобат нишон медиҳад. Домулло Мансурро дида ба ҳавлии дарун даъват кард. Вале Мансур ишора намуд, ки берун маъқултар аст. Ба сафи дуюм гузашт. Муллоҳамроҳ ҳам ҳамин ҷост. Имрӯз саллаи сабаз барин бастааст. Аллакай хеле одам ҷамъ омадааст. Баъзеҳо кӯдакони шаш-ҳафт солаашонро ҷомаю тоқии нав пӯшонда ҳамроҳ овардаанд. Ба ифтихор рех гаштани кӯдакҳоро дида хандаат меояд. Баъзеҳо шиносҳояшонро овардаанд.
Мансур онҳоро дар Обдара дида буд. Дирӯз онҳо ҷангиёни ришҳояшон дамида бадқаҳр ва бадвоҳима менамуданд. Имрӯз мардони одӣ ва гӯё сад сол боз бо ҳам шиносанд. Ин меҳрубонӣ аз баракати ид аст. Мансур мувофиқи дастури шариат ду рақъат намози таҳияи масҷид хонд. Ҳангоми намоз хондан ба фикраш омад, ки устодаш Мавлоно Сайфуддин мудом огоҳ мекарданд: Расули акрам таъкид кардагӣ ҳастанд, ки “ба ҳар масҷиде даромадед, ду рақъат намози таҳия масҷидро хонед”. Яқин савоби ин намозҳо ба номи аъмоли масҷидсохта ҷамъ мешавад. Тоҷики мо, ки аз ин қазия сахт бохабар аст, пулдор шавад, хатман масҷид месозад.
Сафҳо лаҳза ба лаҳза зиёд мешаванд. Ба хотири Мансур омад, ки шаб
Анварпошо ба таъкид гуфта буд, ки дар теппаҳо посбон монед. Дар рӯбарӯ
теппаҳои начандон баланд мавҷуданд, ки дар ҳар қадам дарахтони олу, дӯлона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор