Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ва ягон-ягон чормағз доранд. Дарахтҳо ҳанӯз сарсабз, вале алаф кайҳо зард шудааст. Ранги зарди тоза дар таги осмони кабуди саҳарӣ мегӯӣ ҷило медиҳад. Дар пас, ҷониби офтоббаро тепаҳои баландтаранд. Дар он тепаҳо ба ғайр аз олую дулона дарахтони арҷаҳои қадпаст ҳам ҳастанд. Дар ҷойҳои соярӯ ҳар ҷо ҷангалҳои на чандон калон намоёнанд. Лекин посбонҳо наменамоянд. Се-чор нафар кӯдак бузу гӯсфанд мечаронандду бас. Аз афташ, посбонҳо “дар он дунё аввали пурсиш аз намоз аст” гуфта, кӯдахоро ба чоряшон гузошта, худашон ба намоз омадаанд. Бале, ин ҷо намоз дар ҷои аввал меистад. Дар сӯҳбате агар гӯӣ, ки фалонӣ муҳандиси хуб будааст, даҳ аэроплан сохтаасту лекин намоз намехонад, ҷавоб чунин хоҳад буд: “Бо аэропланҳояш сангсор кунед!” Эътироз кунӣ, ки ҳамон илм ҳам намоз аст, дар назари ҳамаи деҳа шум мешавӣ.
Гурӯҳи Анварпошою Давламанд омаданду саҳн пур шуд. Онҳо наздики сад нафаранд. Бегоҳӣ одам кам буд. Шояд ёрони ба аскаргирӣ рафтаашон низ омадаанд. Дар тани Анварпошо ҷомаи дирӯз тақдимкардаи Давламанд. Дар сар кулоҳи зебои туркӣ. Бо мардум салом додаву ҳамроҳи Давламанд дуртар аз домулло ҷой гирифт. Вай марди давразеб аст ва ҳузураш саҳни намозгоҳро дигар кард. Ҷомаро кашида, дар паҳлӯяш монд. Атрофро аз назар гузаронд. Нигоҳаш ба бачаҳои болои дарахтон афтиду табассум кард. Табъаш хуш менамуд. Ба дили Мансур омад, ки ба намоз омаданашон хуб шуд. Шояд ба шарофати намози иди қурбон пеши кори мусулмонҳо кушода шавад...
Одам бисёр аст. Беруни дарвоза ва атрофи идгоҳҳо ҳам ҷой кардаанд. Яқин ин ҷо ҳузур доштани Анварпошоро шунида, мардум бештар омадаанд.
Дере нагузашта ба теғаҳои баланди кӯҳи Душоха офтоб расиду бори дуюм аз дили Мансур гузашт, ки офтоби дирӯз рӯшантар буд. Мансур дар баландиҳои осмон мурғонро дид. Онҳо бисёранд. Ин дафъа шӯру ғавго накарда, болои деҳа давр гаштаю сипас парвозашонро тезонда, ба водиҳои поён мерафтанд. Дар шунаъи офтоб болҳояшон сафед менамояд. Мардум ҳанӯз гурӯҳ-гурӯҳ меоянд. Даву този кӯдакҳо меафзояд. Нигоҳи Мансур ба Анварпошо афтод, ки аз ҷайбаш соатро бароварда сӯйи Давламанд чизе гуфт. Аз байн дақиқае гузашту домулло бо овози марғуланокаш “Вақт шуд! Сафҳоро рост кунед!” гуфта, хабар дод ва ду маротиба тарзи намозгузориро ёдрас карда, такбир гуфт. Ракъати якумро хонда, дар ракъати дуюм ба қаъда нишаста буданд, ки овози кӯдакҳо баланд шуд: “Урус омад!!! Урус!!! Урус омад!!!” Чанд нафари онҳо аз тори тепаҳо поён метохтанд. Баъзеҳо лағжидаю меғеланд ва ҷонсарак хеста мегурезанд. Дар сафҳо бетартибӣ мешавад. Ними одамон намозро қатъ карда хестанд. Баъзеҳо номи фарзанд ё бародарашро мегиранд. Овози Анварпошо бо зарба баланд шуд: “Хезед!!! Зуд!!! Зуд хезед!!!” Ва овози Давламанд: “Шаҳбозҳо, зуд аспҳоро гиред! Пеши саллотро доред! Мамонед наздик омадан!” чун раъд садо дод. Назди дарвоза тамбаю тела мешаваду дарвозаи дутабақа меафтад. Мардум дигар ба фотеҳа эътибор надода, ҳамдигарро тела карда сел барин берун мебароянд. Дар сафҳои ҳавлӣ Домуллошариф ва боз чанд нафар мемонанд. Кадоме Мансурро тела мекунад, вай ҳам ба худ роҳ кушодаю сӯйи дарвоза меравад. Бачаҳо таги по афтида, шағаф бардоштаю карахт мешаванд. Муллоҳамроҳро мебинад, ки писарбачаи дар сар саллаҷабастаро ба бараш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор