Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

атрофи сараш фаромад мисле, ки оби чашма кам мешавад. Ғӯладинг дар ҷояш нишаст. Танаш дир-дир меларзид. Бо чашмони сурх ба Мансур нигариста сухане ба забон ронд. Мансур ба суханаш эътибор надод. Ғазабу нафраташ ҷӯшидаю шамшерро бардошта пешониашро нишон гирифт. Вале ба задан фурсат накард. Ғӯладинг бо чашмони бенур яктарафа афтид. Овозе ба гӯши Мансур даромад ва дид, ки афсари сараш тоси тануманде бо Усмон Човуш афтударафт дорад. Давида рафту дукаса ӯро зада афтонданд. Ҳамроҳони Мансур, ки душманро фишор оварда, поин карда буданд, баргаштанд. Мансур ғӯладингро, ки чеҳраи зардшудааш хумолуду нафратангез менамуд, бо пояш тела дод, мурда чун чуволи каҳ ғелида поин рафт. Аз санги калоне поин заду ба даруни дулонаи хордоре даромада дармонд. Дар ин асно дар ҷисму ҷонаш як сабукие ҳис кард ва бо овози шунаво пичирос зад: “Парвардигори ман, шукр мекунам, ба ман ғайрат додӣ, ки душманамро задам.” Баландтар баромада дид, ки Рустамбек ҳамроҳи ҷавони чолоке ҷасади Анварпошоро бардошта, паси теппа зери дарахти санҷид бурд. Аз пас ду нафар мардони турк расида, аспу анҷомҳояшро гирифтанд. Чанд нафари дигар болои ҷасад расида омаданд. Касе таъкид кард, ки кушта шудани Анварпошоро нафаҳмонед.

Дар замини рӯбарӯи идгоҳ Давлатманду ёронаш ҳанӯз дар ҷанганд. Дар рӯйи замин ҷасадҳо бисёранд. Аспҳо аз болояшон ин тараф он тараф метозанд. Муқаддас тоқат накарда, хабари марги Анварпошоро ба падараш расонд. Давлатманд дақиқае диранг кард, мисле ки бовараш намеомад. Пас бо ғазаб ба атрофиён таъна зад:

– Аз дастатон наомад, ки он мусофири бекасро ҳимоя кунед. Эҳ ношудҳо! Дареғи он марди майдон. Дареғи он турки ватандӯст.– Ва бехушу беёд аспашро сӯйи дастаи душман гардонда, бо тамоми овоз фарёд зад: “Занед ин бединҳоро! Занед ин бепадаруҳоро! Занед!!!” Ҳама ёрон як шудаю чун сели дамон ба сари душман ҳамла оварданд. Давлатманд лачомро ҷониби фармондеҳе гардонд, ки ба сӯяш тир мепаронд. Тирҳо аз буни гӯшаш мегузаштанд. Ӯ боди сӯзони тирҳоро ҳис мекард. Аз он ки ба вай намерасиданд, хурсанд мешуд. Фармондеҳ нарасидани тирҳояшро дида, аспашро ақиб гардонд. Аспи хатлонии абргуни Давлатманд зуд ӯро дарёб кард. Давлатманд бо панҷаи алмосгунаш аз гиребони душман дошта, сабук кашида, ба гардани асп овард. Ва аз дасташ дошта, пояшро аз болои даст гардонд. Аспи кордида асиро “буз” пиндошта, чун дар маъракаҳои бузкашӣ, ҳамаи рагу пайяшро як карда, гирди майдон давр мезаду як гурӯҳ мардуми гурезаи домани теппа аз роҳ истода нидоҳои шодӣ мебардоштанд. Давлатманд як давр гашта ба ҳамроҳон фармон дод: “Ёрон, ҳамдиёрон, маро монеду равед! Гурезед! Ҳама гурезед!” Аспро дубора ба майдони корзор андохт, то ки душманро ба худ ҷалб карда ба ёрон фурсати гурехтан диҳад. Аммо қисмат дар даври дуюм ба Давлатманд ёр нашуд. “Буз” ба худ омада, туфангчаашро аз бағал бароварда, ба пушти Давлатманд ду тир паронд. Яке аз пеши сина баромаду дигаре аз болои ноф. “Буз” афтод, Давлатманд ҳайрон шуд, ки “асир” чӣ гуна аз дасташ афтод? Панҷаҳояшро раҳо накарда буд. Давлатманд аз худ бехабар аз асп поён шуд, ки ҳамяроқон аз ду тарафаш дошта оҳиста ба замин хобониданд. Хун ҳамаи либосашро тар кардааст. Чеҳраи

пешина
аз 613
навбатӣ