Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мешавад. Аспашро ҳадаҳа дорад, ки аз вай пеш гузарад. Мансурро нотарсии Анварпошо ба ваҷд овард. Не, ин мисли Абдумалик тӯра ё Олимтӯраи мангит не, ки садои шамшери душманро шунидаю эзорро олонда, пеш аз ҳама гурезад. Марди майдон аст. Сарлашкари ҳақиқист. Чунин сарварро дар майдон танҳо намегузоранд. Бо дилу ҷон пуштибониаш мекунанд. Барояш хун мерезанд. Мансур сӯи майдон асп ронд. Сухани Мирзои балҷувонӣ, ки дар ҷанги Бойсун гуфта буд, ба хотираш омад. “Дар як ҷой наист, ин тараф он тараф асп тозон.” Ҳоло дар ватанаш бояд тарзе ҷанг кунад, ки рӯҳи он ҷавонмарди меҳрубон шод шавад. (Рӯзи аввали ба Балҷувон омаданаш фаҳмида буд, ки рафиқонаш Мирзоро ба ватанаш мерасонанду ӯ пас аз се рӯз ҷон ба ҷонофарин месупорад). Назараш ба сарбозе афтод, ки шапкаашро то болои чашмонаш зер карда ба наганаш тир ҷой кардан дорад. Аспашро сахт пошна зада ба сараш тозонд. Сарбоз аспашро гардонда гуреҳтанӣ шуд, ки фурсат надод. Шамшери Мансур аввал ба сағрии аспаш расиду пас ба паҳлӯи сарбоз даромад. Сарбоз Оллоҳ ба даҳонаш наомада бо асп каллапо шуд. Ин ғалаба хурсандаш кард. Аспро тезонда ба гӯшаи дигари майдон рафт. Мушоҳида кард, ки аз ду ҷониб аз пулемёт мепаронанд. Дар байни роҳе, ки аз ҷониби деҳа меомад, як гурӯҳ сарбозҳои душманро дид, ки баъзе сари зону нишаста, баъзеҳо ба замин дароз кашида, сӯяшон тир мепаронанд. Мардум аз тири ҳамонҳо бештар меафтанд. Аммо рӯҳияи ёрон заррае қоҳиш намеёбад. Ҳамраҳонашонро бой медоданд, вале дар назди ёру диёр ҷавонмардиро аз даст намедоданд. Ҷанг як соат бештар давом карду душманро ҷониби нишебӣ танг карданд. Ногаҳ чашми Мансур ба Анварпошо афтид, ки бо як даста ёронаш аспҳоро давонда, ба баландии байни роҳ, ки дар поёни майдон аст, баромадан доранд. Он ҷо дар паноҳи дарахтон пулемётҳоро дид. Дастаи дигаре аз паси Анварпошо мерафт. Мансур ҳам баробари онҳо асп монд. Ду нафар ёронаш афтиданд. Тир ба аспҳо расид. Мансур Роиевро шинохт, ки хеста лангон пеш меравад. Ҳусайн черкасу Усмон Човуш тохта аз ӯ пеш мегузаранд. Анварпошо ба теппа расида, аз рӯбарӯ пулемётчиро бо туфангчааш паронд. Овози парондани пулемёт қатъ шуд. Ин дам худи Анварпошо ҳам тир хӯрд ва оҳиста, гӯё бо дили нохоҳам, аз болои асп нишеб шуд. Фаррухбой, ки аз ақиб расида буд, низ тир хӯрда афтид. Савораҳои Анварпошо ба болои теппа расида, бо душман дар задухӯрд шуданд. Гурӯҳи душман худуди бист-сӣ нафар аст. Баъзеҳо поён мегурезанд. Баъзе аз мили камонаш доштаю давр гашта касеро наздик рафтан намемонад. Усмон Човуш расида, шамшери ҳилолмонанди аскари сурхи афтидаро гирифт. Ин дам Мансур марди танадор ва пеши сараш калро дид, ки туфангчаашро ҷонибаш рост кардааст. Ӯро шинохт. Ин ҳамон ғуладинге буд, ки хонаашро дар Самарқанд соҳиб шуда буд. Ҷисму ҷонашро қарахтии маҷҳул фаро гирифт. Ҳар вақте ки ин душмани ҷонашро бинад, ба ӯ чунин ҳолат рӯй медиҳад. Мисле ки ҳазрати Азроил болои сараш омада, ҷон талаб мекунад. Вале ҳолати қарахтӣ зуд гузашт. Мансур худро ба замин партофт. Ва ҳамзамон мушоҳида кард, ки туфангча оташ нагирифт. Тираш тамом шудааст. Ғӯладинг гуреҳтанӣ шуд, ки Мансур мисли паланг бо ду ҷаҳиш ба ӯ расида, баробари пояш ғечидан аз гиребони куртааш дошта, бо шамшери беамон ба сараш зад, ки хун мисли фаввора боло парид, сипас паст шуда ба

пешина
аз 613
навбатӣ