Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ва воқеаи он шаб дар ҳавлиаш рӯй дода дарёфт, ки ӯ аз Мансур пурсиданӣ шуд. “Он мардро ту куштӣ?” Маълум мешавад, ки ин фикр то дами марг дар сараш будааст. Дар дил ӯро таъна кард: “Ғуладинг, аз ман мепурсӣ, ки он мард кӣ буд? Аз зани ҷалабат purs буд! Вақте ки хонаю дари мардумро соҳиб шудӣ, занат зани мардум, умрат умри саг мешавад. Оқибат подоши қората бо сангу тарозуят баркашида гирифтӣ!”.
Онҳо ба деҳа даромада, дар кӯчае, ки аз паҳлӯяш ҷӯи об меравад, аз асп пиёда шуда қадам заданд. Пеши обро ҷо-ҷо хасу хошок гирифта банд кардаю сӯи хонаҳо гардондааст. Кӯчаҳо беодам: дари хонаҳо ҷое канда, ҷое болорҳоро рабудаанд. Тавилаю танӯрхонаҳо, ҳайрон монда. Дар ҳавлиҳо ва замини назди хонаҳо села-села зоғҳоро мебинӣ, ки оромона аз як замин хеста ба дигараш мешинанд.
Аввал саги пири зарде, ки аз як чашмаш об меравад, аз бом ҷаҳида, ба сарашон ҳамла кард ва зуд куҷо ғайб зад. Дар ҷониби шарқии деҳа хонаҳои сӯхта намоёнанд. Аз пеш ду ҷавон дар чор хар болор бор карда омаданд. Ҳамонҳо гуфтанд, ки аҳли деҳи Фирӯзи Боло аввали зимистон сарчамъ ба Афғонистон гузаштанд. Ин ҷо Эшони Муҳаммадназар зиндагӣ мекард. Чун фаҳмид, ки Анварпошо бо болшевик сари ҷанг гирифтааст, ватани моро ҳайҷо мекунад гуфта, равон мешавад, ки дигарҳо низ: “Ҳазрат, мо аз шумо ҷудоӣ надорем” гуфта, хару ҳингил карда, ба ӯ ҳамроҳ мешаванд.
Дар тарафи чап, дар ҷое, ки андаке баландист, хонае менамояд, ки болору вассаҳояш офтоб хӯрдаю сиёҳ шудаанд, маълум, ки хона аз сад сол зиёд умр дорад. Фақат аз як тарафи кунгура об фаромадаю нишеб шудааст, хоки бом рехта вассаҳо овезонанд. Боқӣ ҳама сиҳату чӯбаҷост. Ба бошандагонаш чӣ ситам расида бошад, ки ин хонаи қадимро партофта рафтаанд?
Мансур раҳораҳ фикр кард, ки “хуб кардаанд, ки аз паси Эшон рафтаанд.
Дар ин деҳаҳо мактабу табиб набуд, фарёдрас набуд, сарашон дард кунад, назди эшон мераванд. Фарзандашон бетартибӣ кунанд, назди эшон мераванд, ки даму нафасаш кунад, ки парӣ ёраш шудааст. Ба духтарашон дер хостгор ояд, назди эшон мераванд: куфу суф кунед, ки бахташ кушода шавад. Эшон, ки равад, дигар ҳама ҷо торикистон аст.”
Мансур сари аспро сӯи хонае гардонд, ки дар поёни роҳ аст. Атрофи замин бо шоху шиппа шоҳбаст карда шудааст. Ҷое шоҳҳоро канда, алов кардаанду осӯхтаҳо боқӣ мондааст. Баъзе дарахтҳо хушк шудаю баъзеро баргҳо кайҳо зард шудаанд. Ду ниҳолаки зардолуро меваҳо аз беобӣ пучала шудаю нимаш рехта, як қисм дар танаш сурху хушк шуда мондаанд. Фақат дарахти себе, ки дар тарафи хонаи ҳамсоя ҳаст, дар шоҳҳои баландиаш ягон-ягон себҳои калони сурхшуда дорад. Тарафи ҳамсояҳо ҳам заминаш калону, ҳам хонаҳо зиёданд.
Як қисми болорҳои хонаҳоро канда рахт задаанд. Яқин ин кори ҷавонҳоест, ки дар харҳо болор бор карда мерафтанд.
Дар гӯшае ҷой интихоб кардандду Мансур ба Ҷовид фармуд, ки аз атроф
барои чой ҷӯшонидан ҳезум ҷамъ кунад. Худ ба хонаи пеши рӯ даромад. Хонаи
калоне будааст. Вале сақфаш паст, ба қади одам меояд. Як бӯи бад ва чангарлаш аз он ҷо меояд. Дар байни сутун дорад. Аз рости сутун аз сӯрохии бом нур

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор