Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

офтоб ба хона медарояд. Дар мехи сутун як ҷомаи кӯҳна овезон ва дар атроф латтапораҳо ва кафшу табақи чӯбии шикаста. Ва як саре, ки маълум нест, аз кадом ҳайвон аст, ҳама ҷояш хоида. Садои маҷҳул ва бурандае ба гӯшаш заду дилаш ваҳм кард: ба атроф назар дӯхт. Дар кунҷе, ки ҳамбаи орди даҳонаш яла намудор аст, мори бадвохимае сарашро ду ваҷаб барин бардоштаасту боқии танаш чун кулчаи нав аз зери хокистар гирифта намудор аст. Чашмони рахшонаш чароғак мезанад. Гарданаш гардани асп барин ёл дорад. Аз бим мӯйи баданаш рост шуду ақиб-ақиб худро аз дар берун гирифт. Танаш меларзид. Бо овози шунаво гуфт: “Гум шав аз ин хона, касофат!” Дуртар рафта чуберо бардошт; танаш аз ларзиш монд ва ба оҳанги пештара афзуд: - Мӯйи хестаи пушти сарашро бин, мегӯй, авбоши кӯча аст. Панине, ки дар вокзали роҳи оҳан дуздӣ мекард. Пештар мерафтам, мисли ҳамон калла хоида мепартофт.” Дасти Ҷовиддро гирифту аз болои хиштҳо ва шоҳу шиппаҳои парешон гузашта, ҷониби боғи ҳамсоя рафтанд. Хонаҳои он ҷо ҳама чордевор. Оби аз кӯча омада як гӯшаи заминро кандаю чуқур кардааст. Дар байни тути сершохест, ки мевааш рехтаю хушкида хоб аст. Он тарафи деҳа то домани теппа тул ёфтааст ва ҳама хонаҳо вайрону валангор. Мардум солҳо зиндагӣ мекарданд? Чӯй кандаю об овардаю замину боғ карданд. Тӯйу маҳракаҳо барпо мекарданд. Орзуи зиндагии ояндаро доштанд. Ба хотири кӣ меомад, ки рӯзе ҳамаро партофта мераванд? Ҳоло дар ватани бегона чӣ ҳол доранд? Ҷовид таги себ рафт. Мансур ҳам шуда як каф тути қоқ гирифта ба даҳон партофт. Аз тори тут садои баланди ғунҷишқҳоро шунид ва дар танаи тут, ҷое ки шоҳҳо ҷудо мешаванд, сарҳои ду мори ба ҳам печидаро дид, ки ҷонибаш нигоҳ доранд. Аз қароҳату нафрат тутҳои даҳонашро туф кард. Дигар ҳаваси тутхӯрию себчиниаш намонд.
– Бачаҷон, ақиб гард, ба канори деҳа рафта хоб мекунем,-гуфт.
– Ҳамин ҷо истем-чӣ?-Ҷовид ҳайрон шуд.
– Бачаҷон, гузаштаҳомон сахт таъкид кардаанд, ки зинҳор дар вайрона хоб накун!-гуфт Мансур тез-тез роҳ гашта.- Ин сухан нав ба хотирам омад. Ин гуна ҷойҳоро мевааш ҳам балозада аст. Бо тарс ба замини аввала гузашта пичиррос зад:-Ин деҳа макони морон шудааст.
Дар ин асно садои одам ба гӯашон даромаду Мансур дар ҳамвории даромади деҳа қатори аскари сурхро дид. “Ба паноҳи девор гузар!” –фармон дод ба Ҷовид ва аспро кашида, ба чордеворӣ дароварда, аз паси девор нигарист: даста ҳамвориро гузашта ба ду ҷониб тақсим шуд. Яке ба роҳи домани кӯҳ рафт, дигаре ба роҳи байни деҳа қатор шуд. “Кош бо ҳамон роҳи калон гум шуда мерафтанд,”- гуфт дар дил ва “мабодо асп овоз барорад!” гуфта хавотир шуду ба йемхалтаяш қадре чав рехта, ба гарданаш овехт ва наздаш нишаста, бо тарс пичирос зад: “Рӯшанҷон, хуру овозатро набарор. Моро бинанд, камонро дар бехи гӯшамон монда мепурсанд: “Ту кӣ? Куҷо мегурезӣ?” Ба пиндошти онҳо ҳар салладору қадбаланду назарбаланд босмачист, ҳар пастаку гадотаъбу беарзиш пролетар. Маънои пролетар пойлуч аст.
Гурӯҳ кӯчаи рӯбарӯро гузашт. Хурҷинҳошон пури бор. Баъзе баднафсаш ду хурҷин дорад. Дар ин хурҷинҳои сабилмондаашон чи гирифта бошанд? Садои суму шарақ-шараки сулуки аспҳояшон мисли калтак ба гӯш мерасад. Яке

пешина
аз 613
навбатӣ