Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
шапкаашро ба сар зер кардааст, дигаре сарлуч, сеюми ғанаболуд асту ба ҳавои гашти асп танаш алвонҷ мехӯрад. Аксар дар лабҳо папирос, шофҳояшон ба узангу расида диринг-диринг садо мебароранд. Баъзеҳо аз миён боло барахна. Танаҳошона дар офтоб дошта суп-сурх кунондаанд. Э, сурх нашуда зарду мурда шавед! Яке суруде сар мекунаду дигарҳо ҳамроҳ мешаванд. Маълум, ки баталион нияти хоб рафтан надорад. Вагарна ҳама ба ин сӯ меомаданд, аз дил гузаронид Мансур ва ба девор чафстар шуд: “Ба Балҷувон ҳаминҳо ҳуҷум оварда бошанд? Инҳоро шинохта ҳам наметавонӣ. Ҳама либоси якранг доранд. Ҳама попироскашу аракхӯру роҳзану ростомезу растохез... Бубин, як нафар суруд мехонад, дигарон ҳамовоз мешаванд. Занҳои дойрабадаст барин. Мисле ки як ҳар ҳанг занад, сад ҳар ҳамроҳ мешаванд. Онҳо мехонданд:
Это наш последний
И решительный бой!
С интернационалом воспрянет
род людской.
Вышли мы все из народа
Дети семьи трудовой!
Яке аз пас, бо овози манкаи аламдор илова кард:
В годы смуты и разврата
Не осудите, братья, брата...
Баъде ки баталион нопадид шуд, Мансур аспро аз чордеворӣ бароварда, ҳезумҳои ҷамъкардаро зери бағал гирифту ба тарафи муқобил рафтанд. Ӯ тез-тез қадам задаю худ ба худ бо ғазаб ғур-ғур мекард. “Инҳо як тоифаи беномус, мардум инқилобатонро набинам гуфта, деҳаҳоро партофта мераванду заррае шармашон намеояд. Дақиқае хомӯш қадам заду бо овози баландтар афзуд: -Аз чӣ шарм кунанд, хурсанд мешаванд, ки заминҳо холӣ мемонанд, соҳиб мешаванд”.
Берун аз деҳа, дар сари чашма ҷой карданд. Мансур оташ гиронда, ба китфи Ҷовид ҷома партофту гуфт:
– Бачаҷон, таҳорат кун, ҳамроҳ намози асрро мехонем.
– Ман намозро намедонам, то ҳол таҳорат ҳам накардаам.
– Таҳоратро ҳам нишон медиҳаму намозро ҳам. Намоз одамро нерӯманд мекунад. Одоби намозхониро падарам ба ман гуфта буданд, ман бояд ба ту гӯям. Дар намоз ба ман иқтидо мекунӣ. Ҳар сураеро, ки хондам, ба ёд гир. Аз хотир набарор, ки фарқи одамӣ аз ҳайвон ба эътибори диндорӣ аст. Ҳайвон ин истеъдодро надорад.
Пас аз он ки аз намоз фориғ шуданд, Мансур насиҳатро идома дод: -Ҳар намоз шинохт дорад. Намози асрро мобайнӣ мегӯянд. Чунки миёни панҷ намоз аст. Намози шомро ҳангоми падид омадани ситорагон мехонанд. Намози шом ва намози бомдод дар канори шабу рӯзанд. Аз ин рӯ онҳоро намози канорӣ мегӯянд. Намози хуфтанро дар торикии шаб мехонанд. Намоз нурест аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор