Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бо оҳанги умедворию меҳрубонӣ шунид, он шодии ҳаяҷонбахш мисли дарёи пуршӯре сахт ба девори дилаш заду бо беху бун таконаш дод. Ва ҳамон лаҳза дарёи бузургтару пургилтар бо зарбаи бештар ба девори дигари дилаш бархӯрд ва ба гиряи пурозор водораш кард. Рӯяшро дур гирифт, то ки оби дидааш ба рӯйи Ҷовид нарезад. Ва лаҳзае пас худро маломат кард: «Номакулиро кам кун, Мансур! Бо шавҳари он зан қариб бист сол нону намак хӯрда будӣ! Аз хотират баромад, рӯзе ки ба Қазоқистон гуселаш мекардам, ба вагон даромада, бо таъкид гуфт: «Мансур, бохабар бошед, ҳатман меоям! Нашавад, гурехта меоям.» Ба чӣ хотир ин суханро гуфт, маълум. Ба он зан ҳам маълум.

Мансур, то ки аламу озори дилашро паст кунад, гӯш ба садои чуғз дод:
«Ҳммм. Ҳммм». - Овози ин мурғи бадхоҳ дилатро меҳарошад. Ин бадбахт як дафъа, ки даҳонашро кушод, як соату ду соат, хунги бад металабад... Валҳайҳот, магар пеши андешаро гирифта метавонӣ? Андешаву сари инсон шабеҳи коиноту корашанд. Кӣ метавонад пеши роҳи коинотро бигирад? Аз лаҳзае, ки кулчаи бароиш пухтаи Зулайҳоро дид, зан аз пеши назараш дур намешуд. Шаб хоб нарафта он кулчаҳоро пухт. «Маро фаромӯш накунед, ба ғайри шумоҳону кӣ дорам?» гуфт. Дар ин сухан умедворию пазмонӣ буд. Зан бароиш дарёи муҳаббаташро боз карда монд. Акнун амалу ирода бояд аз тарафи ӯ шавад.
Фикре ба дилаш омад, ки аз баҳри ҳама чуну чароҳо гузараду рафта бо зани зиндагии нав сар кунад. Чоррӯза умрашро ба хурсандӣ гузаронад. Боз ба фикраш меомад, ки яке Мирзоумед биёяд. Баъзеҳо меоянд-ку. Баъзеҳо гурехта меоянд.
Ана пас чӣ мешавад? Дар сари Мансур ишқу ақл баҳсу кашокаш мекарданду зӯраш намерасид, ки онҳоро ҷудо кунад ва торафт ранҷ кашидаю дам ба дам гиряаш зиёд мешуд.

Шамоли тирамоҳ дарахтонро гоҳе оҳиста, гоҳе сахт такон медод. Як тараф зер карда мехобонд, медид, ки зӯраш намерасад, раҳо мекард. Қасдашро аз хасу хошоки дашту саҳро мегирифт. Ҳар лаҳза онҳоро бо ситезмандӣ ба осмон бардоштаю боз баргардонда ба замин мезад. Сиҳатмондаашро боз бардошта мезад. Ҳамзамон чанги роҳро пешандоз карда, ба тарафат ҳамлаовор мешавад ё дар пеши назарат гирдгардон карда, сутун месозад ва он сутунро чун дастгоҳи дақиққор аз чор тараф баробар тарошидаю то замин фуроварда, нопадид мекунад. Гӯё дар саҳна ҳуққабозе мӯҳраҳояшро ба бозӣ даровардааст.

Ин шамоли аввали тирамоҳ аст. Баъди як моҳ ё барвақттар боронҳо ва хунуқиҳои тирамоҳ шурӯъ мешаванд. Аммо қатъи назар аз ин ҳама роҳҳо пур аз гуреза аст.

Мансур ба роҳи Саройқамар баромада, ба хотираш омад, ки ду сол пеш, ҳангоме ки ағбаи Китобро мебаромаданд, ҳамин гуна шамоли аввали тирамоҳ шурӯъ шудаю ҳаво пурчангу ғубор буд. Мардуми дорою дастбакори Фарғонаку Хуҷанду Самарқанд аз ҷафои большевик чулу чиҳошонро пушт карда, сӯйи Бухоро меомаданд, ки амиру аскару овозаҳо дошт. Пас аз он ки амиру аз овозааш осоре намонд, ба онҳо мардуми шаҳрҳои Миёнкол ва Бухоро ва ин тараф то соҳили Ҷайҳун ҳамроҳ шуда, сӯйи Афғонистону дигар кишварҳои мусулмонӣ роҳ гирифтанд. Ва ин ҷангу куштору талаю тороч ва гурезогурез.

пешина
аз 613
навбатӣ