Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
чор сол аст, ки пайваста давом дорад ва ин шабу рӯз ба авҷи аъло расидааст. Дар дашти рангпарида оғози қофила дида намешавад. Дар байни фирориҳо ҷавон, пир, лангу беморро ҳам мебинӣ, ки бо парешонию пажмурдагӣ роҳ мепаймоянд. Дарвешону қаландарҳо низ бисёранд. Чоруқҳоро мисли хурчин ба китф партофта, як-як бо овози марғуланок «Ё-хӯ-ӯ-ӯ! Ё олл-о-ҳ!» мегӯянд, ки пеши қофила мешунавад. Дарвеши сиёҳсӯхтае, ки яктаҳи сурхранги то замин кашола дорад, сафаракиҳоро огоҳ мекунад: «Мардум, ин шӯру шарар нишони охири замон аст! Қиёмат наздик аст! Ин, ки номашро болшевик мегӯянд, яке аз ёрони Хари Даҷҷол мебошад, ки ба қавле чил рӯз, ба қавле чил сол пеш аз худи он малъун омадаю подшоҳии олам мекунад! Дар ин чил сол...» Мансур ба суханони дарвеш эътибор надода, аспашро маҳмез зада, пеш гузашт. Ду гурӯҳ занҳо гуфтаю хандида мерафтанд. Ҷамъ шуда рафтанашон хуб аст. Буғси дил мебарояд. Ҳарчӣ фаранҷӣ надоранд. Ҳардам бо рӯймол арақи чеҳраҳои зебо, гардани барф барин сафедашонро пок мекунанд. Баъзе қафшу маҳсӣ дорад, баъзе мӯзаи керз, баъзе калуш доштаҳо як-як истода пойҳояшонро бароварда шамол медиҳанд. Духтарони қадрасро дар байни гирифтанд. Мисле, ки галлаи асп тойчаҳоро ба байни мегирад.
Ҳуши Мансурро марди миёнсинне, ки харашро халаҷӯб мезанад, ба худ ҷалб кард. Дар байни колояш потешаю арра намудор, аз афташ дуредгар аст. Аз пас занаш бо миёни баста, бардам қадам задаю бо остини курта, ки аз дасташ як ваҷаб дароз аст, ҳар дам арақи чеҳраашро пок мекунад. Се нафар кӯдакҳои хурду калон мисли чӯҷаҳо дар атрофаш давдавонанд. Чеҳраашон арақшору суп-сурх. Андаке ақибтар ҷавони салладоре борҳалтааш дар пушт, бо ҷавонзани нозукандому зебое гуфтаю хандида равонанд. Шодии бо ҳам будан сафари қасофатбору нобасомонашонро халалдор намекунад. Ҷавонзан ягон-ягон истода, пои сафедашро аз кафши чӯбин берун кашида, шамол дода боз равон мешавад. Мансур аспашро дар баробари марде, ки дар хараш потешаю арра бор кардааст, нигоҳ дошта, пурсид:
– Ҳамшаҳр, сафар ба куҷо?
Мард бо қаҳр ба Мансур нигариста гуфт:
– Ҳамин мардум худашонро ба Ҷайхун мепартоянд, ба Афғонистон мераванд, ман ҳамроҳашон. — Мард ба зарда харашро халаҷӯб зад. — Саволотон ба чӣ маъно?
Дар ниҳоди Мансур ангезаи кунҷковӣ ҷӯз заду бо киноя гуфт:
– Арраю тешаатонро дида пурсидам. Ҳамин ҷо ҳам хона сохта мегаштед.
– Шумо аз осмон афтидед магар?! Намебинед, ки ин ҷо мардум хонабезоранд! Қасрҳои хусравониашонро партофта мераванд! — Мард ба Мансур фурсати сухан надода ба шиддати бештар гуфт: — Худатон куҷо мегурезед? Обу хок, гапу ҳарфи диёр дар дасти шумо, савораҳо, буд, ҳамаро ба куффор дода, ҳанӯз шармандавор мегурезед?
Ду нафар ҳамроҳони мард бо кунҷковӣ ба Мансур зеҳн монданд.
Мансурро хандааш омад, худро дошту гуфт: — Ин гапро ба амир Олимхон гӯед.
– Ин ҷо мешуд, бадтарашро мегуфтаму бо потешаам чортарошаш мекардам, камбағалфурӯш!
– Хуб, ки шумо ҳам дигарҳо барин ӯро «сояи Худо» нагуфтед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор