Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шӯхиҳо мекарданд, садои хандаҳои шӯхшангашро мешунид. Неъматдортарину хуштбахттарин кас дар олам мебуд. Аммо Бибигул гум шуд. На дар замин меёбиш, на дар осмон.

Мансур аспро тозиёна зада аз чанд оилае, ки харҳои бордор, гову молашонро ҳай карда мерафтанд, пеш гузошт, вале саросема нест. Дар Балҷувон ба Низом-маҳдум, «дар Бухоро кор дорам» гуфта, Зулайхоро дар назар дошт, ки рафта як назар бинад. Оё домодаш Асрорӣ омада бошад ё зан ҳанӯз дар шаҳри бегона танҳост? Баъди воқеаҳои дар Балҷувон рӯйдода се рӯз дар паҳлӯи амаки Сайфуллоҳ ба сӯгворӣ истод. Раво надод, ки аз назди холаи Робиа зуд равад.
Ва ҳамон ҷо овоза омад, ки даромаду баромад ба Бухоро бо иҷозат шудааст.
Ҳар каси ба шаҳр медаромадаро хуб таҳқиқ мекардаанд. Ин хабарҳоро шунида, ҳайрон шуд, ки ба Бухоро равад ё не. Ба дилаш намеомад, ки агар ба дасти болшевикон афтад, дигар рӯи Ҷовидро намебинад. Онҳо чӣ кас буданашро зуд муайян мекунанд. Мансур бо чунин андешаҳо як бегоҳирӯз саргум ба Саройкамар, ба соҳили Ҷайхун омада расиду аз манзараи дидааш моту мабҳут монд. Дар соҳил тахминан сесад-чорсад нафар одам аст. Аспу астарҳояшон аз худашон бештар ва ҳар тараф парешон. Маркабҳо ханг задаю ҳамдигарро пешопеш доранд. Дар ду тарафи роҳрав, қад-қади қамишзори соҳил хаймаю каппаҳо тӯл кашидаанд. Ҷое заминро то миён кандаю ҷойи нишаст кардаанд. Болои баъзе каппаҳоро бо гилем ё намаде пӯшонда, чӯб задаанд. Дар назди хаймаҳо занҳо оташ гирондаю дар тараддуди хӯрокпазиянд. Кӯдакон дар атрофи хаймаҳо давутоз доранд. Мегӯӣ, ин ҷо гузаргоҳ не, бошишгоҳ аст. Дар таги дарахтони паҳлӯи пайраҳа ҳар ҷо найҳои даравидаро чун «кӯрпа» паҳн карда, мусофирон хобанд. Онсӯтар дар тарафи чапи роҳ аробаҳои дучарҳаю чорчарҳа истодаанд.
Дар болои қисме аз онҳо соҳибонашон нишастаю сӯҳбат доранд. Поёнтар, дар соҳил аробаҳои бесоҳибу вайрона хобанд. Яқин баъзеҳо бо онҳо борашро то ин ҷо овардаю пас партофта дарёро гузашта рафтаанд. Ягон-ягон одамон қад-қади соҳил андешаманд равую омад доранд. Аксари мусофирон бо рӯймол сару гӯшҳоро бастаанд. Салладору телпакдору кулоҳдорҳо ҳам бисёр. Ин ҷо шамоли дарё рутубатнок аст, барои ҳамон гӯшпеч бастан беҳтар. Ҳамаро чеҳраҳо пурандӯҳ ва ҳолашон парешону ҷигархунанд.

Мансур дасти Ҷовидро гирифта фикр кард, ки чаро ин мардум ин ҷо баҳузур нишастаанд? Чӣ гап бошад? Шояд ҷониби Афғонистон роҳро бастааст? Ӯ гумон дошт, ки ба соҳил расида, се чор нафар якҷо шуда, дарёро гузашта мераванд.
Ин ҷо ин гуна зиёд будани одамро чашмдор набуд. Фикр кард, ки бояд ҷое ёфта, Ҷовидро хобонад. Роҳи дароз лакоту хастааш кард.

Дар тарафи чап, дар гӯшае, ду чинори баланд дида мешавад, ки шоҳҳои поёнашро буридаанд. Марди қадпасти серҳаракате, ки чеҳраи сурх ва бинии дароз дорад, болои тобасангҳо ду самовор монда ба ниёзмандон чой дам карда медиҳад. Онсӯтар пӯстаку кӯрпаҳои кӯҳнаи рӯи ҳам тӯб карда дида мешавад.
Яқин инҳоро ҳам партофта рафтагистанд. Мансур ба Ҷовид ишора кард, ки аспро дошта истад, худаш назди самоворчӣ рафта пурсид:
– Ин ҷо барои дарёро гузаштан навбат меистанд?

пешина
аз 613
навбатӣ