Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
аспи қашқа савор аст. Дар атрофаш қариб бист нафар ҷавони савораю пиёда равонанд. Пиёдаҳо арақрезону чеҳраҳо суп-сурх тез-тез қадам мезананд, ки аз аспҳо ақиб намонанд.
– Эшони Абдумаликҷон бо муридҳояш рафт, – гуфт Муллоҷол. – Чӣ дардаш гирифтааст, ки саросема аст. Яқин муридҳояш то Афғонистон мебарандаш.
Дуредгар чизе гуфтани шуд, ки домулло пешдастӣ карда афзуд:
– Мо дар Бухоро саломалек будаем. Маро диду як даҳон напурсид, ки мурдаӣ ё зинда...
– Домулло, шумо чаро мурид нагирифтед? – пурсид дуредгар.
– Мо ҳам ду-се нафар дорему онҳо худам барин кашола. – Муллоҷол бо бари яктаҳаш арақи сару рӯяшро пок кард: – Барои муриди зиёд ҷамъ кардан каме берӯй ва дурӯғгӯй будан лозим.
Буз боз худашро кашол партофта баос зад. Искот овозаш чунон гӯшхарош аст...
– Ҳой мард, ин бузат дар дили ҳама зад! – гуфт дуредгар. – Сараш бур!
– Дар дили худам ҳам задааст! – гуфт соҳиби буз. – Ният дорам, ба соҳили дарё, ки расидем, кушта гӯшташ хомталош мефармоям, то ки дарёро саломат гузарем.
– Гӯшта ба ман додан гир, – гуфт Муллоҷол. – Чунон дуо кунам, ки дарёро савор гузарӣ. – Дар оҳанги сухани мулло ҳам илтиҷо, ҳам ҷиддият ҳис мешуд. Аммо соҳиби буз дудила шуда ҷавоб надод.
Мансур аспашро баробари дуредгар дошта ин дафъа дӯстона гуфт:
– Ошно, ман ҳам мисли ту гурезонам, дар ин ватан савора ҳам намонду пиёда ҳам ва нигоҳи синчакоронаашро дида илова кард: «Ин боди самум аввал савораҳоро аз ватан бадар кард» сипас аспашро пошна зад.
Онҳо гардишеро гузашта баландиеро баромаданд. Аз тарафи рост рӯди обаш ба қадди як ҷӯйбор камшуда ҷорист: Дар ду ҷониби об пастии шибирзор тӯл кашидааст ва ҳар ҷо тӯб-тӯб дарахтони сафедор ва бед қад афрохтаанд. Драхтони сафедорро баргҳо нӯгашон зард шудаю рехтаанд. Дар нӯгҳояшон барг намондааст. Аммо аз нисф поён ҳанӯз сабзанд. Дар он сӯи рӯд дар паси теппаҳо ҷангали анбӯҳ то домани кӯҳҳои Фархор меравад. Дар пастии шибирзор аз ҳам дур-дур якчанд кулбаи навсохт намудор ҳаст. Дар наздикии хонае аспи майгуне, ки гарданашро баланд бардошта ҷониби онҳо нигоҳ дорад, баста шудааст. Дар атроф як оромии фарахфазо ҳукмфармост. Шояд ин одамон ҳам фирорианду ин ҷоро нишемангоҳ ихтиёр кардаанд. Аз дили Мансур гузашт, ки ин об, ин ҷангалу кӯҳҳо ба ӯ ва ин мардуме, ки фирорӣ шудаанд, дигар тааллуқ надоранд. Инҳо моли одамони бегона шудаанд. Онҳо мераванд ба замину обу кӯҳҳои дигар. Вале ин ошноию ин дилангезиро дар он обу замин нахоҳанд дид...
Аз пас Ҷовид аспро ҳадақа карду овоз дод: «Аз ҷанг тезтар гурез кунем.»
– Хуб, – гуфт Мансур, вале лаҷомро кашида дошт. Аз пастии сукунати шибирзори лаби об дил канда наметавонист. Ба дилаш орзу омад, ки кош Бибигулаш ҳамроҳаш мешуду бо ҳазорон хурсандӣ ин ҷо кулбае бино мекард. Ҳамроҳ лаб-лаби ин обаки ширин, таги дарахтҳо гардиш мекарданд. Гоҳе дар сояи дарахтҳо менишастанд, чун рӯзҳои дар Самарқанд буданашон суҳбату

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор