Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
«Ҳо-о-о-й, Ниёзи Нос бар бо-ло-яш! Ниёз бар бо-ло-яш!» Мардум хуб ҳангома кардаю хандиданд. Ва ҳоло ҳам баъд аз панҷ сол мавридаш ояду чизе доданӣ шаванд, ба тариқи шӯхӣ мегӯянд: «Ниёзи Нос бар болояш».
Рӯзе, ки инқилоб ба Самарқанд омад, Ҳасан фурсат ёфта, зани ҷавон ва як қисм молашро гирифта гурехт. Баъди ду сол Ниёз, ки чун ҳаркор ҳамроҳаш рафта буд, хабар овард, ки дар шаҳри Хутан дуздҳо хонаи Ҳасанро задаанд. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки дар ин «бозӣ» Ниёз шарик аст. Падараш дар масҷид кафшҳои одамонро медуздид. Аз он хабарҳо ду сол гузашту Ҳасанро ин ҷой дид. Яқин ӯ аз Хутан ба ватан омада дидааст, ки хонаву дараш давлатӣ шудаю, номаш дар рӯйхати сиёҳ аст, сари аспро ба ин тараф гардондааст. Ба собиқ саисаш Ниёзи Нос, ки ҳоло мансабдори калон будаасту (ҷонишини раиси шаҳрдорӣ) Ниёз Ниёзов ном мебурданд, эътимод накардааст. Эътимод накард не, «кабк аз даҳони худ тир хӯрдааст» гуфтагӣ барин Ҳасан аз кори кардаи худ тарсид: Магар одамро дар улог солим мемонанд? Дунё дигар шуду ҳоло чархи гардун ба муроди Ниёз аст. Агар Ҳасанро дорад, дар пӯсташ коҳ ҷой мекунад. Ба дили Мансур омад, ки рафта худро ба Ҳасан шиносондаю аз саргузашташ пурсуҷӯ кунад. Ду-се қадам монду аз роҳ гашт. Фикр кард, ки худро шиносонад, Ҳасан ҳатман чунин суханҳо мегӯяд: «Писари Меҳрон, ҳоли маро дидӣ? На чиз монд, на хонаю дар, на ёру дӯст. Ёру дӯст сухани беҳуда будааст. Вақте ки дармондаам, на дӯст, на хеш нигоҳ кард. Ин инқилоб фалону фалон...» Чунин суханҳоро Мансур он қадар шунидааст, ки дигар тоқат надорад. Лекин алафи ду-се рӯзаашро харида додан лозим. Як банд алафро пеши аспи Абдуллоҳон партофту якеро ба аспи худ бурд. Ба хотираш суханони шайх Аҳмад омад: «Ин инқилоб, ки мисли дарё бо чӯшу хурӯш равон аст, беҳикмат нест. Шояд Худои одил созу навои оламашро дигар мекунад», - гуфтаи шайх айни ҳақиқат будаасту он вақт Мансур ин суханҳоро содагӣ пиндошт. Дигаргунӣ ҳамин, ки замона тавоноию обрӯмандиро аз онҳо гирифта, ба тоифаи Ниёзи Носу Хол дод, ки дар деҳи Найзаварон, «ҳаромӣ» гуфта, ба давраҳо роҳаш намедоданд. Бале, ин гуна тарҳу тадбири ҷамъият фақат бо сунъи Офаридгор сурат мегирад. Ва он суханҳо, ки аз дасти батрақҳо кор намеояд, фалону бисмадон, худтассалодиҳие беш нест. Одам аст, ёд мегирад. Пешвоҳошон, болшевикҳо, ҷонишин мегиранду ёд медиҳанд. Дар ду сол он қадар мактабу маориф карданд, ки хушат меканад. Баъди панҷ-даҳ сол оламро коргару деҳқони хондагӣ мегирад ва мешавад пешравӣ, давлатдорию дигаргуниҳои азим...
Аз рӯбарӯ ду марди рус меоянд. Яке калонсол, кулоҳаш чиркини қатшуда, дигаре навхат, танадор ва жулидамӯй. Шояд падару писаранд. Аз нигоҳашон маълум, ки ҳоли парешон доранд.
– Аз куҷо нон харидан мумкин? – пурсид калонӣ ба забони шикастаи тоҷикӣ.
– Ман нав омадам, – аз вай пурсед. – Мансур ҷониби самоварчӣ ишора кард.
– Шумо аз Бухоро? – пурсид мард. – Дар масъалаи хӯрду хӯрок ин ҷо хуб бошад ё Афғонистон?
– Акнун нияти ба Афғонистон рафтан дорам, – гуфт Мансур дӯстона ва пурсид: – Шумоён падару писар? Шуморо чӣ зӯр овард?
– Ҳамон, ки шуморо зӯр овард. – Мард дардолуд табассум кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор