Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансур ба ишораи «мефаҳмам» сар ҷунбонд. Ва дид, ки Абдуллохон дар даст чойник назди хайма ӯро нигоҳ дорад. Бо ишораи «баъди ду дақиқа меоям» рафту ними банди алафи ба аспаш додаро гирифта бурду назди аспи сиёҳмушкини Ҳасан партофт, пас вориди хайма шуд. Он ҷо ба ғайр аз Кучибой, Салоҳиддин, ошнои Абдуллохон, марди сару саллаи калондошта ва чойхоначии чойхонаи назди дарвозаи Мусаллохораи Бухоро, нишаста сухани ҳамдигарро бурида, бо шӯру ғавғо баҳс доштанд. Чойхоначии шикамкалон Мансурро нашинохт. Ҳоло вай, чунон ки ду сол пеш дида буд, сурхрӯю газабманд набуд. Аловаш мурда, логар шуда, ноумеду нотавон менамуд.
Онҳо салом карданд.
«Чойхоначӣ дар торикии хайма нашинохт» қарор дод Мансур ва боз фикр кард, ки он вақт аз ғояти қаҳру ғазаб касеро намедид. Ӯ ҳам ошной надод.
– Қосимбек, додарам, шумо, ҷавонбухориён, ҳама гуноҳро ба гардани амир Олимхон бор накардаю боре гиребони худатонро ҳам бӯй кунед, – муроҷиат кард Салоҳиддин ҷониби чойхоначӣ ва дасташро болои зонуи Мансур ниҳода узрхоҳона афзуд: – Меҳмон, мо боз ду дақиқа суханҳоимонро мегӯем у пас лаҷоми суханро ба шумо месупорем.
Қосимбек ба тариқи муросо гуфт:
– Акаи Салоҳиддин, айби мо, баргаштабахтҳо, ҳамин, ки дар Истамбул мактаб хондаю дидем, ки давлат дар тараққи ҳасту мардум ҳаводораш мусулмони ҳам ҳаст. Ин ангеза дар дили мо ҳам забона зад... Диду водидро ба амир расондем. Амир розӣ шуд. Лекин муллоҳо ки бар зидди мо хестанд, амири занмиҷоз дидила шуда тарафи муллоҳоро гирифт. Ҳамин дидилагӣ ҳамаро хунсо ва несту нобуд кард. Моро ки гӯш накард...
– Гӯш накарда! Шумоҳо саросема шудед!
– Ҳеҷ саросемагӣ набуд. Мо мехостем, ки рӯи халқи нодонатонро ҷониби Урупо гардонем.
– Қосимбек, шумо ин суханони «ин мехостем, он мехостем»-ро монед. Хостаатонро дидем. Шумо, ҷавонбухориён, як дафъа мард шуда айбатонро ба гардан гиред. Айбатон ҳамин, ки як гурӯҳ тоҷирон пулдор шудаду аз худ рафтаед. Дунёро дигар мекунем гуфтаед, ки зӯратон нарасид. Охир шумо кӣ шудед? Махлуқи нокора, нодон! -Дар оҳанги сухани Салоҳиддин кинаву бадбинӣ набуд, балки маслиҳату мадоро ҳис мешуд.
– Акаи Салоҳиддин, ҳозир ҳам мо, шахсан ман, аз он гуфтаҳомон намегардем. Бояд сохту суроби Бухоро дигар мешуд. Лекин шумо, домуллоҳо, мудом аз номи шариат сухан гуфтану худатонро донишманд гирифтанро бас кунед. Он «сиёҳу сафеде», ки гӯӣ шумо фарқ мекунед, онҳо имрӯз ба сифати дониш пазирои илми пешрафти имрӯз кузаи танги дин намегунҷад. Барои он, ки ҷамъияти мо дигар шавад, пеш аз ҳама фикру ақидаи шумоён, муллоҳо, дигар кардан лозим...
– Маро гӯш кунед,-домулло сарашро пеш кардаю бо чашмони калон шуда ба мусоҳибаш нигарист:- Маро падару бобоюнам ҳамин донишро доштанд, бо он дониш ҳаққу ҳалол зиндагӣ мекарданд, мардум аз онҳо розӣ буданд, суханонро ба ҷон мепазируфтанд. Ман аз онҳо ифтихор мекунам. Аммо аз рӯзе, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор