Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарбозҳо камонҳоро ба тарафашон рост карданд. Мансур гумон кард, ки ӯро мепаронанд. Ҳазорон саволу ҷавоб бо ҳам печидаю чун сел ба сараш нишеб шуданд. Бибигулаш дар танҳоӣ азоб мекашад. Фарзандонаш дар ҷои бегона монданд... Тоссаре, ки Аминро ба қамчин зада буд, низ ҳаст. «Касе ҷунбад, тир мехӯрад»,- гуфт сарбози қалмиқнусха ба лаҳни шикастаи узбекӣ. Ӯ дасти Баҳодурро баст, Ҷаббор дасти Мансурро. Ҷаббор саросема аст. Пайдост, ки мехоҳад ҳама гумонбарҳоро зудтар дастгир кунанд.

  • Гуноҳе рафта бошад, аз ман рафтааст, писарамро монед,- гуфт Мансур.

Тоссар бо кундоки милтиқ ба шонаи Мансур зад, ки ба даҳон афтид ва оҳиста печутоб хӯрда хест. Ба Тоссар нигоҳ андохта, «дастбастаро ҳар кас ҳам зада метавонад», гуфт.

  • Кофири берӯ, агар дастат мехорад, маро зан!- гуфт Баҳодур.

Сарбози пастаки қалмиқнусха суханони падару писарро ба тоссар тарҷума кард. Тоссар бо истеҳзо ба Баҳодур зеҳн монд.

Бибигул пеши Баҳодуро дошта ба Ҷаббор муроҷиат карда:

  • Додар, шумоён шумос-ку!... Ба ҳамроҳҳоят гӯй, ки ин Баҳодур гуноҳ надорад! Чӣ кори бад кардааст, ки мебаредаш?

  • Кори бад кардааст ё не, он ҷо маълум мешавад!-пуписа кард Ҷаббор ва Баҳодурро тела кард.

Санги вазнин болои дили Мансур афтида, фишор меорад. Дидаҳояш пуроб мешаванд. Ба зӯрӣ худашро ба даст гирифта, бо нармӣ «оҷаш ба инҳо кордор нашав»,- гуфт. Ҳангоме ки аз дарвоза мебаромад, дид, ки назди хонаи Мирзоумед байни холаи Гулмоҳ ва Холбек кашокаш мераваду ду нафар сарбоз дастони Мирзоумедро ба пушт мебанданд. Дар он тарафи кӯча, дар назди хонаи Файзмуҳаммад ҳам сарбозҳо ҷамъанд. Дар мобайни кӯча дарвозаи Олимбой кушодаю одамон даро - баро доранд. Обид бо се нафар камондор ҷониби гузари Таги Санг шитоб доранд. Яқин ба хонаи Мавлонбой мераванд. Байнашон ким-чигуна кина будааст. Се сол пеш, ҳангоме ки Баҳодурро ба кори артиши Оқпошо гирифтанӣ шуданд, чунин манзараро дар Самарқанд, ҳангоми аз дарвоза баромадан мушоҳида карда буд. Он вақт русҳои Николай ҷавонҳоро дошта, ба аскарӣ равона мекарданд. Ҳоло русҳои болшевик бойҳоро дошта, зиндон мекунанд. Ин фикр чун барқ аз сараш гузашт. Ҳарчанд ҳаво сард шудаю борон меборад, аз ҳаяҷону изтироб бадани Мансурро арақ зер кардааст. Дар тахтапушташ фуромадани аракро чун оби новдон ҳис мекунад. Онҳоро аз роҳи байни деҳа сӯи масҷид бурданд. Ҳар замон қалмиқнусха Баҳодурро бо кундоки милтиқ задаю тела медиҳад. Мансур бе садо гиря кард. Чизмаш мисли дарахте, ки дар тӯфон мондааст, меларзад. Дар айни ҳол кӯшиш мекунад, ки ҳолашро ба Баҳодур ошкор накунаду аламу озорашро наафзояд. Аз назди масҷиди ба наздикӣ пӯшида гузаштанду ба дили Мансур омад, ки шояд ин ҳама воқеаҳоро дар хоб мебинад? Ин гуна ҳолат мешавад-ку! Аз сари чар ё шаҳе меафтӣ. Дар поён замину дарахту дарёро мебинӣ ва бедор мешавӣ, ки ҳама дар хоб будааст. Баъдҳо ин саҳнаро Мансур на якбору ду бор дар хоб дидаю бедор шуда, мисли имрӯз бе овоз гиря кардааст.

пешина
аз 613
навбатӣ