Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Соли гузашта падару бобояш фотиҳа дода ҷовандозиро ба ӯ супурданд. Ташаббус аз ҷониби бобо шуд. Ҳаваси набераро ба асбонию асптозӣ дида, ба падараш гуфт: «Ман мувофиқи насибам ҷовандозӣ кардам, ӯра. Ту ҳам ҳаққатро гирифтӣ. Акнун навбати Баҳодур. Мон, вай ҳам орзую ҳавасашро бинад.»
Порсол Баҳодур каме ҷовандозӣ кард. Ҳамроҳонаш «дасташ сахт» гуфта таъриф мекарданд. Имсол тӯйҳо нав шурӯъ шудаанд. Ҳафтаи гузашта падараш гуфт, ки саросема нашав, як даст ки тохтӣ, аспро ба ҳоли худаш мон. Бигузор оҳиста кушода шавад. Ва имрӯз тӯйи калон аст. Аз ин рӯ, аз аввали шаб дили Баҳодур дар такопӯст. Мансур ташвишу тараддудҳои писарашро пеш аз бозӣ бинад, хурсанд мешавад. Лекин модар, ба қавлаш, аз насақҳояш дилхун аст. Ӯ ҷоки нимтанаро дӯхта гуфт:
– Бист сол боз аз бузкашии падарат ларзону ҳаросон будам. Акнун ту сар кардӣ.
– Мехоҳӣ бари домани туро гирифта шинад? – истеҳзо кард Мансур.
Ин дам овози карнай баромаду ранги Баҳодур дигар шуд ва парида аз ҷой хест.
– Падарҷон, ман меравам!
Овози карнай Рӯшанро бештар безобита кард. Ӯ сарашро баланд бардот-та, ҷониби овоз гӯш андохт, пас гӯё ки тозиёна хӯрда бошад, башиддату ситез атрофи якамех чархид, шиҳа кашид: худро ақиб партофт, ба шаст ба пеш тохт. Мехоҳаст бандро канда, зудтар худро раҳонад.
Баҳодур қамчинро ба соқи мӯзааш задаю шиддат карда, тарафаш рафт.
– Бандро меканӣ, Рӯшан! Рӯшан!
Рӯшан гӯё бештар ба ваҷд омада буд, ки гӯш хобонда, тарафаш ҳамла кард, ду даст ба ҳаво бардошт. Чашмони калонаш ваҳмангез менамуданд.
– Ақиб ист, Баҳодур! – Бибигул тарсида, саросема аз ҷо хест ва шавҳарашро шиддат кард:
– Чаро механдед? Ин ҷинниатонро саришта кунед! – Ва фарзандони кенча Латофату Ҷовидро, ки нав аз хоб хеста дар остона истода буданд, даруни хона дароварда, худ назди дар посбон истод.
Мансур, ки марди чилусолаи чеҳрааш равшан буд, мӯйлаби сиёҳи мӯрчапай ва қомати баланди босалобат дошт, нигоҳашро аз асп наканда сабук аз ҷояш хест. Бо нимтабассум ба асп зеҳн монда, ҳайбат кард:
– Ҳой, ҳой, беақл! Худатро дор-е! Дилат ки зуд бузро гирию мардум ҳой-ҳой бардоранд ва соҳиби шӯҳрат шавӣ, номат дар даҳонҳо афтод! Ҳе, бесабр!
Рӯшан ба Мансур низ тан надода, ба сараш ҳамла кард.
– Наравед! - нидо дод Бибигул ва мушоҳида кард, ки дар чеҳраи шавҳараш тарс не, балки хурсандии падидор аст.
Мансур бо ҳамон нимтабассум лаҳзае истода фикр кард, ки Рӯшан баъзан ҳангоми обдиҳӣ бурдаи бозӣ мекард, аммо ин гуна феъл надошт. Як навад аз тоқча гирифта, ба сараш пӯписа кард:
– Дар сарат мезанам, шайтон! - Ва ба Баҳодур фармуд, ки аз тарафи муқобил ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё