Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯшан худро ақиб партофта, бетоқатона ҳарду ҷонибро таъқиб мекард. Мансур ҷаҳида лаҷомро ба даст гирифт. Вале асп ҳамоно фаҳҳос зада, дастонашро бардоштаву сарашро афшонда, раҳо шудан мехост.

– Баҳодур, ту аспро бурда наметавонӣ, худам шуморо мерасонам, – гуфт Мансур ва чашмашро аз асп наканда, бо таъкид афзуд: – Имрӯз ҳама ҷовандозҳои шаҳр ҷамъ мешаванд, аз деҳаҳои атроф ҳам меоянд...

Ин дам занҷири дарвоза рӯйи ҳам садо доду ду нафар вориди ҳавлӣ шуданд: яке марди руси зардинаи шикамкалон буд, ки бар сар фуражка, дар по мӯзаҳои ялаққосӣ, дар миён туфангча дошт, дигаре тоҷики логарандомед буд, ки яқтаҳи раҳ-раҳи дарозу саллаи рангпарида ва дар даст қоғазу қалам дошт.

Мансур абрӯ чин карда, ба пешвози меҳмонҳои нохонда рафт. Бе пурсу посуҳ даромаданашон маъқулаш нашуда буд.

– Мо назди шумо ба ҳалли як масъала омадем, – гуфт марди тоҷик. Ӯ бо оҳанге сухан мекард, ки гӯё он масъала маълум буду онро ба таъкид ёдрас мекунад.

Рус ба аспи зину бандкарда, ки дар дасти Баҳодур ҳоло ҳам уштулум дошт, зеҳн монда надаромад.

Мансур гӯё чизеро пай бурд, ҷониби тоҷик бо ситеза гуфт:

– Гӯед масъалаатонро, гӯшам ба шумо.

– Албатта, шумо аз фармони императори аъзам Николай бохабар ҳастед. Медонед, ки ҷавонони аз нуздаҳсола то сиюпанҷсола ба ҷанг фиристода мешаванд. Мо омадем хабар диҳем, ки Баҳодури шумо ҳам дар рӯйхат ҳасту то охири ҳафта бояд омодаи сафар бошад. Рӯзи шанбе ба консулхона ҷамъ меоянду бегоҳӣ ба қатора савор мешаванд.

Мансур ҳангманг монд. Ӯ ба маънои суханони шунидааш дарҳол сарфаҳм нарафт.

– Аз маҳаллаи шумо панҷоҳу ду нафар номнавис шудаанд, – афзуд мард бо оҳанги аввала. – Аз тумани Самарқанд бояд сию ҳашт ҳазор одам ҷамъ кунем.

– Шанбе савор мекардаанд! – такрор кард Мансур ва ҷониби мард бад-бад нигариста ғуррид: – Ман писари ба хизмат мефиристодагӣ надорам!

– Мо самарқандӣҳо, он тараф Ӯротеппа, Хуқанду водии Фарғона раъяти давлати Русия мебошем, – гуфт мард. – Ҳақ надорем аз фармони подшоҳамон рӯ тобем. Фармони подшоҳ – воҷиб. Аслан мардуми моро барои анҷоми корҳои ақибгоҳ мебаранд. Ба инҳо хатаре таҳдид намекунад.

– Хатаре таҳдид намекардааст! – Мансур ба чашмони мусоҳиб нигарист. – Шумо аллои мегӯед! Баъзеҳо бедараканд, баъзеҳо гурехта меоянд! Барои он моро ба кори ақибгоҳ мебурдааст, ки камонпаронӣ ёд нагирем. Ҳилаю ҳадаси ҷангашонро набинем, фаҳмидед? Ба он зарди ҳамроҳатон гӯед, ки ман фарзандамро ба чунин кори беҳуда намефиристам!

– Фақат онҳое, ки як писар доранд, ба рӯйхат дохил намешаванд, – тоҷик мисли пештара маслиҳатомез сухан мекард.

– Нависед, ба ҷойи фарзандам худам меравам. Нависед, ки ба ҷанг фиристад, ба кори сиёҳ не! Камонпаронию муштзаниро аз инҳо хубтар метонам! – Мансур мушоҳида кард, ки рус аз дастону пештанаи асп чашм намеканад.

пешина
аз 613
навбатӣ