Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тош савор шудаю катагӣ карда гаштаанд. Аспи шумоя Холи қатрон савор шуда гаштааст. Гарданаш мешикаст, ки медидам.

Нуралӣ девори паҳлӯро нишон дода оҳиста “девор мӯш дорад, мӯш гӯш” гуфт ва пурсид: “Аз Олимбой хату хабар ҳаст?”

– Хату хабар мегирем, додари ҷон. Дар хати охир навиштаанд, ки онҳо чанд нафарро ҷудо карда ба дуртари Қазоқистон бурдаанд. Ҳоло бо русу нуғайҳо якҷоя будаанд. Аз мардуми худамон як фалгарӣ ҳамроҳашон будааст, номаш Қорӣ Қосим. Одами донишманд ва мӯъмину мусулмон будааст. Навиштаанд, ки шукр, ки ҳамон ҳаст.

– Қариб ҳашт солаш гузашт, ана-мана нагуфта мебинед, ки мондагиаш ҳам мегузарад.

– Ҳоло ду соли дигар ҳаст. Оё то он вақт зинда мемонем? – Гуфт Бибизӯҳро ба алам сар ҷунбонда ва овозашро пасттар кард: – Бӯи кабоба фаҳмидед? Ҳар рӯзи Худо раисашон, Холи қатрон, Остони шубушини хешатони Тоши кирмхӯрда боз чор-панҷ нафар фаъолон ба баҳонаи комиссия омад, маҷлис мекунем, корашон гӯсфандкунию қайлахӯрӣ. Кошкӣ ба он гӯсфандҳо меҳнат карда бошанд!

Нуралӣ даст афшонд: “Аз онҳо гап назанед,” гуфт:

Аммо зан ором намешуд: бо овози пичиросӣ афзуд: – Дар даромади ҳавлӣ як лула мондагӣ. Вино дорад, пиво дорад, чӣ балое дорад, ҳар бегоҳ ҷамъ шудаю аз ҳамон сабилмонда рехта мехӯранд. Бисмиллоҳошон “Зинда бод Ленин! Зинда бод Сталин!” Он хеши шумо Остони кирмини Қодир баъзан нимрӯзӣ ҳам омада аз ҳамон бало мехӯранд. Инҳо гапашон “Нест бод бой!” Нест бод Мавлонбой! Нест бод Амин! Баъзан номи шуморо ҳам мегиранд.” Пас кӯча мебароянд худашона маст рост мекунанд. Занҳои бечора инҳоя дида кафшашона ба даст гирифта мегурезанд. Мардҳо ҳам кордорашон намешаванд, метарсанд. Инҳо бошанд, дарунакӣ хандидаю бештар калавида худашона ба дару девор зада мераванд. Ман дарвозая ялла монда қилиқҳошона зеҳн мемонам-дия.

Нуралӣ шикамашро дошта хандид.

– Шумо хуб мушоҳида мекардаед, – гуфт ва муддате андешаманд шуду пурсид: – Толибҷон баъзан меоянд?

– Баҳоррӯя як омада буд, – гуфт зан ва боз даргирифт. – Хонаҳома Толибҷонатон ба инҳо дод! Ба худам мешуд, як ҳишташа намедодам! Се ҷуфт барзагов, ду асп, қӯтани моламро раҳзанҳо барин худашон соҳибӣ карданд ва хонаҳою замину боғамро, ҳалтаҳои мавизу чормағзу дигар анҷомҳоро Толибҷон худаш рӯйхат карда дод. “Гиред, ман тарафи шумо” гуфт. Лекин номардҳо ёраш нагирифтанд, баръакс, аз пасаш дасиса карданд. Комиссияаш омаду мӯя аз хамир ҷудо кард. Худо умри бачаҳошона диҳад, писари бой бошӣ ҳам, ҷавони хуб будай, кор карда гард, гуфтанд. Худашон маслиҳат доданд, ки ба ягон мактаб даромада хон.

Ин сухан ба дили Нуралӣ умед андохт. Шояд хонаҳояшро мегиранду ба худаш кордор намешаванд.

– Толибҷон дар шаҳр гуфта шунидам, рост?

– Рост, дар номи додарам мурам. Охир аз дасти ҳамин ҳақношиносҳо рафт. Ҳоло аз рафтанаш хурсанд. Рӯз дар завод кор мекардаасту, шаб дар мактаби

пешина
аз 613
навбатӣ