Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нуралӣ таҳорат карда омаду ба рӯи духтараш нигариста оромона вале бо қатъият гуфт:
– Ҳамроҳи худам меистӣ.- Ҷудо шудагит хуб шуд. Ту бо онҳо кӯр намегирифтӣ.

Моҳрухсор бо миннатдорӣ ба рӯи падар нигарист, кӯдаки гирёнро аз дасти хоқараш гирифта ба хона даромад.
Аммо ин кори чӯлоқ ба иззати нафсаи Нуралӣ сахт расид. Дар деҳа қариб, ки зансардиҳӣ набуд. Ба ҳар ҳол Нуралӣ ёд надорад. Ҳоло як пойлучи кӯча духтари озодаи бо ҳавас калонкардаашро, ки дар хонаи бӯйини онҳо бо он зоти гушнаи паст тоқат карда шиштааст, аз хона бароварда пеш кардааст. Мардум чунин мегӯянд. Ашӯр-чӯлоқ духтари фалониро бароварда пеш кардааст. Писарро айбаш тағи токӣ. Аммо духтар зери таъна мемонад. “Беваи шавҳар сардода” Баъде, ки занаш аз кор омад, ғазабашро ба сари ӯ рехт.
– Ба ту гуфта будам, ки инҳо зоғу кабутаранд! Ту модар шуда нагуфтӣ, ки духтарам, он бенамуди бемоя сазовори ту нест! Аз он хору худозада бешӯй буданат авлотар аст!

Гулрӯ, ки аллакай аз воқеа хабардор буд, оромона гуфт:
– Омадааст, хуб кардааст, то тағи пойӣ он сакалтуро рӯфтана тағи пойӣ худама мерӯбад.

– Ту худат ин бозиро сохтӣ! Ту худат камсомол гуфта!.. Ту худат!... Ту ҳам аз зоти ҳамон Боймуродат!.
– Охир омадагӣ ҳамин. Гуфтанд, ки комсомол аст. Суханаш дар идораҳо мегузарад...
– Суханаш дар идораҳо мегузаштааст! – Нуралӣ тез шуда рафт: -Ҳе заху зурёти комсомолата г...(дар назар дошт Ашур-комсомола). Ҳе захӯ зурёти партията г... (дар назар дошт Санговро) Ҳе элу авлоди чадидата г... (дар назар дошт Боймуроди хеши занашро).

– Пасттар дод зан! – Гулрӯ тохта рафта, дари хонаро пӯшид ва мушоҳида кард, ки ҳамсояҳо ба ҳавлии онҳо нигоҳ доранд. Пас гашта талх гиря кард ва ба алам афзуд: – Рӯямро сиёҳ кардӣ! Мардум суханҳоятро шуниданд!
Нуралӣ дарро бо лагад зада кушоду бели нав дастамондаашро гирифта занашро рӯ-рӯйи ҳавлӣ думболагир карда, ба тамоми овоз дод зад:
– Ҳе, захӯ зурёти комсомолата г... Ҳе захӯ зурёти партията г... Ҳе элу авлоди ҷадидата г...!

Овози Нуралиро ними деҳа мешунид. Аз ҳар тараф, “овози кӣ? Кӣ бедод дорад?” гуфта мепурсиданд. Одамон дар ҳавлиҳо ҷамъ мешуданд, баъзеҳо норбон монда болои бом мебаромаданд, то ки дашномдеҳро бинанд.

Зан доноӣ карда, ба хонаи Домуллоназар даромадаву гиряву зорӣ карда, гуфт, ки “Нуралиро шамол задааст. Ҳушаш ба худаш не. Чизе ба даҳонаш ояд, мегӯяд. Рафта як дам меандохтед.”

Домуллоназар Нуралиро “дуохонӣ” кард ва ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Ман пагоҳ ва рӯйи дигар ҳам меоям. Шумо як ҳафта аз хона набаромада истед. Аз дар баромада ҷониби занаш афзуд: – Алҳол ба наздашон касе бегонаро даромадан намонед.

пешина
аз 613
навбатӣ