Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Хонае, ки шайхро ҷой кардаанд, пури одам аст. Шайх сархам бо чашмони пӯшида пушт ба девор нишастааст. Марди рӯяш серғӯшти сипоҳинамое, ки аз либоспӯшиаш бухорӣ буданаш маълум буд, бо овози баланд ҷониби шайх чизе мегуфт. Шайх ба суханони мард гӯё бетавофут буд. Овози Мансурро шунида шайх сар бардошт ва фараҳманд шуд. Худро наздики девор гирифта, ба зарба «паҳлӯи ман биёед!» гуфт.
Давра нишастаҳо илтифоти шайхро дида, аз ҷояшон хеста, ба Мансур роҳ доданд.
Мансур дасти шайхро гирифта дилаш таҳ зад. Аз он марди хузарбу шукӯҳманд нишона намондааст. Гарчанд худро бепарво вонамуд кунад ҳам, дар нигоҳаш ноумедию маъюсӣ ҳувайдост. Ана, мусофиратию ғарибӣ ба кас чӣ мекунад!
Шайх дасти Мансурро дошта бо оҳанге, ки тааҷҷуб мекарда бошед, «нав расидед?» гуфта пурсид.
– Аз омаданам хабар доштед?
– Ба ман хабар медиҳанд,-гуфт шайх бо табассум ва оҳанги шухӣ.- Пагоҳӣ ба назарам намуд, ки ба ин тараф меоед.
Овози шайх хаста менамуд. Шогирд, ки назди дар рост меистод, ба одамони давра муроҷиат кард:
– Касе, ки аз шайхбобо дуо гирифт, ба хонаи паҳлӯ гузарад, он ҷо дастархон кушода, чой тайёр.
Як қисми одамон хестанд.
Мансур ба одамони давра нигариста, мушоҳида кард, ки аксар фирориҳоянд.
– Ҳамшаҳр, моро маъзур доред, як сухане аз шайхбобо мепурсему мехезем,- сипоҳинамо ба Мансур муроҷиат кард.
Ваҷоҳати Шайх гирифта шуду хост чизе гӯяд, ки сипоҳинамо пешдастӣ кард:
– Шайхбобо, ба кишвари мо чӣ шуд, ки ин қадар халқ дар гурезогурез афтодааст? Ҳато дар куҷо шуд?
Дар ҷбини шайх чинҳо ҷамъ шудаю раги байни абрӯяш сурх шуд, чашмонашро пӯшид, мисли аввала сарашро хам карда хомӯш истод. Рӯйирост намоиш дод, ки ба сипоҳинамо сухан гуфтанӣ нест.
Сипоҳинамо бо оҳанги маломат ва андаке шиддат суханашро идома дод:
– Шайхбобо, хабар доштагистед, ними бештари мардуми Бухоро аз шаҳр баромад. Ва то имрӯз...
– Ту аз Бухоро?!-Шайх пештар ғеҷида бо лаҳни «ту» ва бо ситезмандӣ су-хани сипоҳинамо бурид.
– Бале, аз Бухоро.-Ранги сипоҳинамо дигар шуд -Дар замони амир ясавули Ҷаноби Олӣ будам. Аслан касбам...
– Ясавул!- такрор кард шайх ва бо тамасхур пурсид:
– Урус аз хонаат тилло бурд?!
– Як саноч тиллома гирифтанд, кофирҳои маълун! Ҳавлиамро...
– На фақат тиллои ту,-Шайх ясавулро сухан кардан намонд.- Тиллои ҳамаи мансабдорро бурд урус! «Оби ганда ба хандак» шуд! Тоифаи шумо за-котро, ки ҳимоятгари молатон буд, медод?! Намедод! Барои хушомади амиратон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор