Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
бойҳо заминҳои ҳосилхезро додааст. Гӯё аз молу гӯсфанд ҳам камомад доштааст. Чунин хабару овозаҳо мардумро сахт тарсонд. Одамон кӯшиш мекарданд, ки аз кор дер намананд, сухане аз сиёсат нагӯянду нашунаванд.
Ин хабарҳо раиси колхози ба номи Аскари Сурх Санговро ҳангу манг кард. Ҳеҷ ба сараш наомада буд, ки давлати Шӯро камбағали худаш раис интихобкардаро, дастпарварашро тафтиш кардааст. Ё гирем, Мусофири Малик, болшевики кӯҳнаро ҳамбс мекунад. О, бойҳои пешинаро солҳо касе тафтиш намекард. Чӣ қадар мехӯрданду медоданд, касе намепурсид. Ӯ аз ҷиҳати ба писари бойҳо замини хуб ё бад додан дилпур буд. Сангов ба онҳо на ин ки замини хуб, балки рӯи хуш нишон надодааст. Тарафашон мудом чашм ало мекунад. Писари хурдии Файзмуҳаммад Боймуҳаммадашро саис монд. Ҳоло ҳар вақте, ки раис куҷое равад, аспашро зин задаю оварда то савор шуданаш дошта интизор меистад. Нуралиш бошад, аз сахтгӯию нописандиаш ҷиннӣ шуда рафт. Писараш маҳбус шуд. Ҷавоб шуда ки омад, боз ягон балое ба сараш меорад. Барои он ҷувонимарг ҳашт сол кам аст. Барои раисро заданаш ӯро бояд умрбод зиндон мекарданд, ки чашми дигарҳо тарсад. Аммо дар масъалаи мол... Ин фикр чун хор ба дилаш халид. Наход барои сӣ-чил гӯсфанд шармандааш кунанд? Агар аз чилу панҷоҳ зиёд бошад-чи? Бояд ҳилае ёбад, ки саволу ҷавоби мол набардоранд. Ё Қодиру Сафари Тошро (додарарӯсаш) роҳӣ кунад, ки ҳарду кутани молро ҳай карда аз кӯҳҳои Оҳалик гузаронанд. Ағбаи Китобро ҳам гузаронда, он тараф, ба ҷойҳои раву набиё баранд. Бигзор молҳо алафи хӯрдани наёбанд ва чӯпонҳо ҳам мурда раванд. Ба комиссия мегӯяд, ки ҷойи зимистонгузарониашон бисёр дур, роҳҳо сербарф, касногузар. Бисёр ки нашуд, мегӯяд, ки ба меҳмону маъракаи колхоз сарф кардам. Комиссия ё меҳмон биёд, мисли солҳои феодалҳо аз дур хонаи Нуралӣ ё Олимбойро нишон намедиҳед-ку? Ба он хона равед, дастархонашон кушода. Айб аст-е, раиси колхоз шуда... Бале, меҳмони колхозро гусел кардам. Баҳор тула мегирем боз мешавад мол, ҷони одам не-ку. Холбек гоҳе ба чунин фикрҳои сода худро тассалӣ медод, гоҳе бовараш намеомаду аз Остон маслиҳат мепурсид: «Мол ками накунад-ку хуб аст, ё худиҳо пештар аз комиссия омадан ду-се гӯсфанд ҷамъ карда, ба мол ҳамроҳ кунем? Хешону дӯстонро ҳам ҷамъ мекунем: мегӯем, ки замини боғи аз ҳама пеша додем, хӯрда гаштаед...» Вале ҳангоме ки чунин суханҳо баромад, Остон чашм бегона карда, «раиси, худатон медонед» гуфта, ба баҳонае дум хода кард. Одинаю Қодиру Гадойбой ҳам дар масъалаи «худамон дутоӣ гӯсфанд ҷамъ кунем» гапашро нагирифтанд. Ҳамааш шуда се гӯсфанд дорам, дутояшро диҳам чӣ мемонад? Гуфтанд.
Он рӯзҳо раис бо бригадир Обид дар як масъалаи ночиз баҳс кардаю ба ҳам рӯй хунук шуданд. Корро тамом карда ба ҷое меҳмонӣ мерафтанд, ки Боймуҳаммади аспбони колхоз даромада гуфт:
– Раис, обчакориамонро аз боғи худамон диҳед.
– Обчакориро аз куҷое доданд, мегирӣ! – гуфт раис ба тундӣ.
– Чаро боғи падарам ободкардаро ба дигарон медодаанду ба мо не? Мо он ҷо меҳнат кардем, диламон месӯзад.
– Меҳнат кардааст, – тамасхур кард раис. – Аслан ба шумо, кулоҳҳо, замин додан лозим нест! Канӣ, буро аз ин ҷо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор