Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
шуданд. Чоштгоҳи рӯзи бисту як хабари воҳимаангез паҳн шуд: «Тафтишгарҳо Санговро ба дор кашиданӣ шудаю боз аз дор гирифта ба район бурдаанд!»
Бегоҳи рӯз Қодир ба гуфти худаш хабари аниқу дақиқро расонд: Одамон, ки бесаброна интизори хабари нав буданд, назди мағозаи нав ҷамъ омадаанд.
— Имрӯз чунон коре шуд, ки ба ақл рост намеояд, — асроромез сар ҷунбонд Қодир. — Ба Бухорӣ оташ мегирондаму лекин ҳама хушу ёдам ба галу кори тафтишотчиҳо буд. Онҳо пеш аз рафтанашон бачай кампир, Бобокули мусоҳиб (ӯ аз деҳаи Обканда аст), Остон ва Тошро даъват карданд, рӯбарӯ шинонданд ва Рашидов ба тариқи маслиҳат гуфт:
— Тафтиши колхозатонро ба анҷом расондем. Ба хотири ҳамшаҳратон Толибҷон мо аз бисёр норасоиҳо чашм пӯшидем ҳарчанд ба ин ҳақ надоштем. Ба ҳамту ҳам, камомад хеле зиёд аст: Аз чорво зиёда аз ҳаштод гӯсфанд, чанд гов ду асп намерасад...
— Барзаговҳо ҳамин зимистон мурданд, — гуфт Сангов, — аспҳо соли гузашта ноҳуна шуда мурданд. Мо онҳоро нафурӯхтем.
— Мо ин ҷо баҳс намекунем, — гуфт Рашидов, — ҷавобро дар назди суд мегӯед. Ҳамзамон ёдрас мекунам; чизу чорае, ки аз хонаи бойҳо гирифтед, ба кӣ додед, онро ҳам ҳуҷҷат кардаю пешниҳод кардан лозим.
Ин дам бачай кампир ба сари Толибҷон дӯғу пуписа бардорад мешавад. «Ман аз ин меҳмон не, аз ту кулакбача домангирам! Ту ба қассосе, ки дасти падари муштамзӯратро баста зиндон кардам, ин туҳматҳоро мекунӣ! Ман ин корро ҳамту намемонам! Ман ба армияи сурх хизмат кардагиям! Ман аъзои фирқаям! Ман ину он» гуфта дод мезанад.
Толибҷон хандида гуфт: «Яқин ҳамон вақт ҳам дуздӣ мекардӣ раис». Хол аз гиребони Толибҷон дошта дод зада гуфт: «Ман хоҳ-нохоҳ сардастаи шиносам Черновро ёфта меораму ҷоямро мегирам! Ин дафъа дасти худатро баста Сибир мекунам! Модарата, тамоми авлодата Сибир мекунам, кулакбача!»
Толибҷон як мушт ба банди дилаш зад, ки дуқат шуд. Қариб нафасаш ба дарун меафтид. Рашидов Толибҷонро ақиб кашиду худаш чанд лагади мӯза дар шикаму думбааш зада гуфт:
— Дигар раисиро хоб мебинӣ, дузд! Боқии умрат дар бадтарин ҷойи Сибир хоҳад гузашт!
Одамон аз ҳар тараф садо баланд карданд:
— Ба мардум ҷабр карда буд, акнун чафоша мекашад.
— Он ҷо мешудам, ман ҳам ба хотири Домуллоназар ду лагад мезадамаш. Домулло ки сухани салоҳ мегуфт, тарафаша намегирифт ба чафоҳо зиндонаш кард.
— Ҳаромӣ моли колхоза моли худаш медонист.
— Ман ҳам он ҷо мешудам, ду мушт изофа мекардам. - Ин суханро Боймуҳаммад гуфт. - Аз боғи падарам ба ман обчакорӣ надод. Боғи хуб, ки буд, худ ба худ тақсим карданд.
— Бобокули мусоҳиб ба рӯяш гуфт, - афзуд Қодир. - Гуфт, ки Сангов, чанд маротиба огоҳ кардам, ки ба моли колхоз даст нарасон, хаттӣ огоҳат кардам. Гапама гӯш накардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор