Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъдтар чунин силсилаи кушторҳо чанд дафъа такрор шуд. Боре як нафар қотилро медоранд. Аҳтамбек, собиқ сардастаи муҷоҳидин. Умаралиро (собиқ сардастаи муҷоҳид) шабона берун даъват карда, корд задааст. Вақте ки хешони мактуб Аҳтамбекро дастгир мекунанд, мегӯяд, ки чор сол пеш дар Қабодиён Умаралӣ барои асп шуда бародарамро кушта буд, қасди бародарамро ситондам. Маъмурони ҳукумати афғон зуд ӯро аз дасти соҳибони мурда рабуда, ба маҳкамаи Хонаобод андохтанд. Баъдтар овоза шуд, ки Худойдодро ҳам ӯ кушта будааст. Баъди он ҳукумати Афғонистон дар ду ҳафта ба ҳар баҳона ҳабдаҳ нафар собиқ сардастаҳоро доштаю қисмеро ба зиндони Фарҳор, қисмеро ба маҳкамаи Хонаобод андохт. Аз ҷумла Исмат полвону Фахриддини Фарҳориро, ки дар он рӯзҳо дар Бадахшону Толиқон ба ҷовандозӣ ном бароварда буд, ба ҷурми аспдузӣ зиндон карданд. Салимпаҳлавони ӯротепагиро дар рӯзи равшан ба хонаш даромада мепаронанд. Вай бечора зимистони соли 1926 бо писараш аз ватан гуреза шуда омада буд. Мансур бо ӯ дар чойхонаи навсохти Ғуломҳайдар як шаб ҳамроҳ хоб рафта шинос шуданд. Мансур хабари маргашро фаҳмида Низом - маҳдумро ҳамроҳаш гирифта ба ҷнозааш рафт.

Ин гирумонҳо ба хотири Мансур ҷанги давраи Анварпошоро оварданд. Ҳамон вақт ҳам гурӯҳе бо баҳонаи аз ҷабри урус гуреза омаданду пас аз он ки ба байни мардум даромада ҷойгир шуданд, пинҳону ошкоро таблиғоти зидди Анварпошоро бурданд. Қавмҳоро бар зидди якдигар шӯрондаю ҷанги байни тоҷику ӯзбекиро афрӯхтанд. Ва акнун ҳамин гурӯҳ куштору душманиро дар байни гурезаҳо андохтааст. Ва яқин бо маслаҳати якҷояи Маскову ҳукумати Нодир аст. Аз ин фикрҳо дили Мансур ба ларза омад. Қарор дод, ки як муддат берун камтар барояд.

Дар аввали соли 1930 хабаре паҳн шуд, ки ҳукумати Шӯравӣ деҳқоненеро, ки баргашта ба ватанаш мераванд, қабул кардаю замин медодааст ва ҳам барои хонапӯшишон пул ёрӣ мекардааст. Чунки заминҳои водии Вахшро обод кардаю пахта коридан лозим шудааст. Пахта барои давлаташон зарур будааст.

Як бегоҳи рӯзи ҷумъа Мансур аз кор барвақттар баромада (ба Акрамхон собиқ беки Ғузор, хона мепӯшид), ба Низом - маҳдум, ки дар дӯконаш машғули кор буд, хабар овард. «Баъзе одамон тайёрии ватан баргаштанро доранд. Акрамхон ҳам писари калонашро фиристоданист».

– Пас, чаро Акрамхон хона мепӯшад?- Низом - маҳдум нигоҳашро аз рафиқаш намеканд.

– Вай ҳам феъли шуморо доштааст: -Мансурро ханда гирифт.-Мегӯяд анде, ки ба ватанам раҳ диҳанд, хонаро ба хешони афғон «корвонсарой ҳадия!»- гуфта меравам.

– Монед ҳамин шӯхиҳотона, - Низом - маҳдум ҳиҷолатманд шуд.

Аз байн як ҳафта гузашту наздики намози аср Камолҷон дар ду даст халтаҳои бозорикардааш дарвозаро даромаду гуфт:

– Исмат полвон бо ҳаштод нафар собиқ сарбозҳояш бо даъвати Шӯравӣ ба ватан мерафтааст. Аз маҳаллаи фарғонагиҳо ҳам як гурӯҳ ҳамроҳашон мерафтанд. Ба Камолҷон гуфтааст, ки падарат хоҳанд, ҳамроҳи мо раванд.

Аз ҳама пеш Садаф тохта рафта рӯйҳои бародарро бӯсид.

пешина
аз 613
навбатӣ