Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
“Хом, корҳомон хом,” фикр кард Мансур, вале Низом-махдумро хавотир накарда гуфт:
– Ин қадар халқ меравад, қабул мекунад ё пас мегардонад, мо ҳам ба қатори ҳаминҳо, таваккал карда ҳамроҳ мешавем. Ва ба туфанҷаи ба рӯймол печондаю дар бағалкисаи ҷомааш ҷойкарда даст бурд. Ба дилаш омад, ки ӯро ба Камолҷон диҳад, ки ба хона барад. Вале зуд аз фикраш гашт. Он тараф гузаранд, партофтанаш мушкилӣ надорад. Ин туфанҷаи раҳматии Андрей аст. Дар деҳи Бочарог баъде, ки ғӯруҷӯбаш карда аз сари қабр баргаштанд, аз соҳибхона Мирзоодил пурсида гирифта буд.
Онҳо аспҳоро ба Камолҷон доданд, ки якеро савор шудаю дигареро нӯхтакаш карда барад. Низом-махдум рӯймолҳои нонро (занаш шабона тӯшаи роҳ карда буд) аз хурчин гирифту якеро ба Мансур дод ва ба писараш фармуд: “Ба модарат гӯй, ки дар соҳил тухми занро надидам. Ва бо меҳрубоние, ки гӯй кайҳо боз писарашро надидааст, ба чеҳрааш зеҳн монда, илова кард: – Баҷаҷон, акнун марди хона худат. Модари хоҳаратро ҳурмат кун. – Хурсандии маро хоҳӣ, ҳеҷ вақт сахташон нагӯй. Хоҳаратро меовардем мешудаасту. – Лаҳзаме ба хаёл рафт ва илова кард: – Шарифҷон омада бошад, гӯй, ки агар фарзанди ман бошад, аз роҳи пешгирифтааш гардад. Гӯй, падарам гуфтанд, ки дар авлоди мо роҳзан набуд.
Ба хотири Мансур омад, ки шаб Ҳабиба низ тайёрии сафарро дошту Низом-махдум ӯро намонд. «Мо рафта чой гирем, пас омада туро мебарам», – гуфт. Пагоҳӣ Ҳабиба нагузошт, ки Низом-махдум милтики думилай русиашро гирад. “Надонанд, ки камон доред, хуб аст”, далел овард.
Аз байни одамони дар ҳар тараф гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъомада шиносҳояшон ба пешвозашон омаданд: Низом-махдумро домулло Исмоилу Раҳими қассоб ва боз ким-киҳое иҳота карданд. Ба пешвози Мансур се-чор нафаре, ки барояшон хона пӯшида буд, аз ҷумла писари калонии Акрамхон, собиқ беки Ғузор, Маъруфхон омад. Дар сараш саллаи сафеди гирда. Дар рӯйи сафеди сергӯшташ риши сиёҳ зебидааст. Падараш ба ӯ фармудааст, ки ба ин баҳона гузашта бин, болшевик сотсиализм месозам гуфтаю ватанро чӣ кард? Гапу ҳарфашон ҳақиқат дошта бошад, кӯчида меравем. Мансур Муллоносирро ҳам дида ҳайрон шуд.
Муллоносир пас аз он ки ба деҳаи Ҳисорӣ омада, ба бачаҳо дарс мегуфт, дере нагузашта ҳамдарсонаш дар Қундуз хабар ёфтаю омада аспсавор мебаранд. Дар масҷиди сохтаи худашон мансаби муаззинро медиҳанд. Рӯзҳое, ки муллои калон набошад, хутбаву маъвиза мехонад. Ба қавли худаш, воиз, ки ҳаст, ба мардум писанд меояд ва зуд обрӯ пайдо мекунад.
Мансур агар дар Қундуз дар наздикиҳо бошад, рӯзҳои ҷумъа дар масҷид вомехӯрданд. Охирин дидорбиниашон се моҳ пеш буд рӯзи намози ҷумъа буд. Дар воқеъ намози ҷумъа барои мусулмонҳо як гирдобест, ки дар он рӯз ҳама хурду бузургро бидуни хабар ҷамъ меорад. Пайванд буданатро ба мардум эҳсос мекунӣ. Ҳам нерумандӣ ҳис мекунӣ. Шиносатро мебинӣ, гуфтушунид мекунӣ, дилат сабук мешавад.
Баъде ки намози ҷумъаро хонданд, Муллоносир аз байни одамон гузашта омада дасти Мансурро дошта, бо овози ошною маргуладораш шеър хонд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор