Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Муҳим, ки нағз шудед, боз муҳим, ки якҷо ба ватан меравем, - Мансур даст ба китфи Раҳим ниҳод.
– Ман баъдтар меравам, - гуфт Раҳим бурутҳои ғафсашро молида. - Дилам хабар дод, ки Низом-махдум ин ҷост, дидан омадам. – Бо овози пичиросӣ пурсид: – писарашонро ёфтанд? Кадом вақте хонаашон рафтам, занашон гуфт, ки Шарифҷонро кофтан рафтанд. Забонам нагашт, ки аз худашон пурсам.
Мансур ба аломати инкор сар ҷунбонд. Фурсате пас ба гӯшаш суханони зани доирадор даромад, ки ҷониби занҳои давра хандида гуфт: «Не, ин ҷо доиразанӣ зеб надорад. Ба хоки худамон, ки гузаштем, чунон доира задаю ғазалҳои дар дилам ҷамъшударо хонам, ки мурғони осмон ба давру барамон ҷамъ шаванд. Ғаму ғурбати ин солҳои пурдарду гиреҳ рехта раванд.
Гурӯҳи фарғонагиҳо аллакай ба дарё даромадаю мисли мурғобиҳо болои об паҳн шуда равонанд. Дигар гурӯҳҳо низ яке аз паси дигар ба об медароянд. Дар ин асно дар болои ҷарӣ як гурӯҳ аспакӣ намудор шуданд. Фурсате пас як қисм нишеб шудаю қисме ақиб гаштанд.
– Инҳо аз гурӯҳи Иброҳимбек, - омад овози Исмат Полвон.
«Магар ҳамроҳи мо мегузаранд? - Мансур хавотир шуд. - Дар гумон аст, ки давлати Шӯравӣ инҳоро бо рӯйи хуш пешвоз гирад.»
Низом-махдум ҳам хавотир шуда, ба сӯйи Исмат Полвон нигарист.
– Ман бехабар, - гуфт Исмат. - Шоҳар барои ҳавои корро гирифтан мераванд. - Ва ба пешвозашон рафт.
– Ин бадзотҳо ин ҷойҳоро ҳам олуда кардаю акнун аз тарс гурезонанд, - гуфт Раҳим.
– Имрӯз ё пагоҳ худи Иброҳим ҳам мегурезад, вале бо шармандагиҳо,-афзуд Муллоносир, ки хонааш дар наздикии Чрсӯи Кундуз дар ҳамсоягии бошишгоҳи Иброҳимбек аст.-Чунки он беназмию бадномие, ки дар ватан кард, дар ин беватанӣ ҳам давом дод. Мардуми Сафедмазорро тороҷ кардану камонҳои аз ҳукумат гирифтаашро несупориданаш кам буд, ки бист рӯз пеш ба ким-чи аҳмақие се нафар одамони раиси танзимияро гаравгон гирифтаю се рӯз маҳкам кардааст. Номаъқулиро дидед: ҳамсояву ҳамҷавор гуфта туро паноҳонанд, ҷоюй чалол диҳанд, дар маҷлису маҳракаҳо дар садр шинонанд, ба ивазаш ту чунин кӯрнамакию ноодамиро раво бинӣ.
Аз афташ, домулло аз кору бори Иброҳимбек бохабар будааст, ки пешгӯияш баъди се моҳ амалӣ шуд. Мирғозӣ ба ватан бармегардаду тир набароварда худро бо дасти адаб таслими болшевик мекунад. Яқин меравад, ки Нодиршоҳ бо шӯравиҳо маслиҳат карда, қувваҳои дар ихтиёри ҳукумати Толиқону Ба-даҳшон бударо мефармояд, ки дастаи Иброҳимбекро зада аз хоки Афғонистон пеш кунанд. Ва таъқиб шурӯъ шудаю як лаҳза оромашон намегузорад. Вақт як дафъа дар баромади деҳаи Кешм рӯбарӯ омадаю муҳориба мекунанд. Аз ҳарду ҷониб талафоти зиёд мешавад. Иброҳимбек пас аз он, ки ба Кундуз омад, тамоми қарлукҳои Қатаған, ки ними аскарапро ташкил медиҳанд, ӯро тарк карда, ба хонаҳояшон бармегарданд. Лақайҳо бошанд, як шаб ҳам назди аҳлу аёл наистода, ҷониби шимол роҳ мегиранд. Аз пас зану фарзандҳояшон, «мо ин ҷо ҳамроҳӣ кӣ меистем?» гуфтаю галаю чорвое, ки доштаанд, пешандоз карда, дар ҳавои тафсон ва роҳҳои пурҷанг ҷониби ватан равон шуданд. Қисме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор